- Моро, ки шабона, пои пиёда ба кор меомадем, ана дар ҳамин ҷо боздошта буданд. Ана, дар ин ҷо бошад, аскарони СНГ огоҳамон карданд. Мо наистодем ва садо додем, ки коргарони НОБ ҳастем. Садоямонро дуруст нашунидаву худамонро дар торикӣ нашинохта, маротибаи дуюм ҷониби осмон тири огоҳӣ парронданд. Бо тамоми овоз дод гуфтем, ки кистем. Оқибат шуниданду шинохтанд ва иҷозати даромадан доданд, - мегуфт Нигина, ҳангоме ки ба дарвозаи НОБ-и Норак наздик шудем. Кунҷковиам боло гирифту пурсидам, ки дар он шаби ноором чӣ зарур буд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, пои пиёда ба кор биёед?
- Ҳар шаб моро БМП, БТР ва ё мошинҳои ҳарбӣ ба кор мебурданду меоварданд. Он шаб наомаданд. Маро, ки ҳамагӣ 20 сол доштам, модарам нагузошт биравам. Гуфт, ки дар чунин ҳолат духтарам нарав ба кор, ки ягон ҳодиса нашавад. Вале хуни ҷавонӣ дар сар, гуфтам, ки бояд рафта, басти дигарро иваз кунем. Дар он ҷо занҳои кӯдаки хурддошта интизоранд, агар иваз нашуда назди тифлонашон наоянд, чи хел мешавад? Модарамро розӣ кунонида ҳамроҳи як дугонаам ҷониби НОБ роҳ пеш гирифтем…
Нигина Ҷабборова муҳандиси НОБ-и Норак, яке аз фаъолзанони ин нерӯгоҳи азим аст. Соли 2008 дар байни 53 довталаби соҳаи энергетика бо пешниҳоди лоиҳаи «Сарфанамоии қувваи барк» беҳтарин бонуи сол дониста шуд.
Нигина духтари маҳаллии Норак буда, дар оилаи коргарони совхоз таваллуд шудааст. Вай фарзанди ҳафтум ва духтари ягонаи хонадон аст. - Дар вақти мактабхонӣ модарам бисёр бемор мешуд, аз ин рӯ, ягона орзуям табиб шудан буд, - мегӯяд ӯ. - Вале бо сабаби норозигии падарам ба орзуям расида натонистам. Баъди хатми мактаб як солу шаш моҳ дар фабрикаи дӯзандагӣ кор карда, баъдан хонашин шудам. Боре дар як маъракаи коргарони фаврии НОБ иштирок доштам. Шӯхиомез аз физикаву математика чанд савол доданд ва, чун ҷавобҳоям қонеъашон намуд, таклифи дар НОБ ба кор даромаданро карданд. Бо пешниҳоди ҷонишини сардори корҳои барқии НОБ-и Норак раҳматии Ҳоҷиев дар пулти марказӣ ба корам гирифтанд.
Соли 1992, вақти ба кор омадани Нигина дар НОБ занҳо бисёр буданд, лекин ҳама ғайри тоҷик. Бинобар ҳодисаҳои маълум аксари онҳо Тоҷикистонро тарк карданд ва НОБ ба қабулу тарбияи духтарони маҳаллӣ оғоз намуд. Нигина дар қатори аввалинҳо буд. Ӯ сармуҳандиси ҳозираи НОБ Давлатбек Салолов ва собиқ таъмиргарони барқ Мелникову Фоминаро аз устодони аввалини худ меҳисобад.
Тавре ки раиси шӯрои занони НОБ Зебо Абдуллоева мегӯяд, шумораи коргарзанони тоҷик сол то сол меафзояд ва соли 2010 ба 310 нафар расид.
Дар ин 17 сол Нигина Ҷабборова низ шогирдони зиёде тарбия кардааст. Ганҷина Зайниддиноваю Файзигул Казакова аз он ҷумлаанд. Як қисми дигари шогирдон бо сабаби бунёди оила дар Федерасияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбакистон ин касбро идома медиҳанд.
- Баъди чандин солҳо падарам аз монеи хондан шуданаш пушаймон гашта, пешниҳод кард, ки бихону маълумоти техникӣ бигир. Ҳамин тавр, дар коллеҷи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳсил намуда, соҳиби дипломи энергетик шудам. Табиб набошам ҳам, ҳабиби пайвандону ҳамкорон ҳастам…»
Билоли Шамс,
шаҳри Норак