- Бовар кун, ҳар сол барои се нафар писарам шиму кастум ва куртаи мактабӣ харида, рост назди дӯзанда мебарам ва як маротибаи дигар аз болои дарзҳояш дӯзонда, баъд медиҳамашон, ки бипӯшанд, - гуфт дар роҳ Раҳмон ном ҳамсинфам, ки бо се писараш барои харидани сару либоси мактабӣ мерафт. Сабаби дубора дӯзонданашро пурсидам. Посух дод, ки шиму кастуму куртаҳои хитоӣ, ки тоҷиронамон меоранд, бесифат дӯхта шудаанд, ки агар аз болояш надӯзонӣ, рӯзи аввал бари доманат овезон хона меоӣ...
Гуфтаи ҳамсабақам беасос набуд. Аксари волидайн айнан мисли ӯ мекунанд. Мақомоти дахдор низ аз ин ҳол огоҳанд. Пас барои чӣ барои рақобат бо чунин моли пастсифат ақаллан шиму кастум ва куртаи мактабии худамонро истеҳсол намекунему бо ҳамин арзиш ба фурӯш намебарорем? Аҷобат он аст, ки дар бозору мағозаҳо ягон намуд чунин либосҳои истеҳсоли Тоҷикистонро намебинем. Ман худ дар чанд мағозаю бозори минтақаи Кӯлоб пурсон шудам, наёфтам.
Ёд дорам, айёми мактабхониамон, дар давраи Шӯравӣ шиму кастум, куртаву галстуки бачагонаи мактабӣ, ҳамчунин формаи духтаронаи мактабӣ ҳама истеҳсоли фабрикаҳои дӯзандагии Тоҷикистон буданд. Дар ҳамааш номи фабрикаҳои дӯзандагии Душанбеву Қӯрғонтеппа, Нораку Кӯлоб ва Ленинобод навишта шуда буд. Аз куҳнагӣ дарида мерафтанду дарзҳои дӯхтаи фабрикаҳои дӯзандагии Тоҷикистон устувор мемонданд.
Суоле пайдо мешавад, ки он фабрикаҳои дӯзандагӣ имрӯз низ аксар дар ҷояшон ҳастанд, барои чӣ ақаллан 10%-и формаи мактабиро истеҳсол кардан мумкин нест? Агар метавонанд, барои чӣ истеҳсол намекунанд? Агар наметавонанд, барои чӣ «фаъолият» доранд? (Аниқтараш дар ҳисобанд).
Фабрикаи дӯзандагии «Фирӯза»-и Кӯлоб замоне зиёда аз 800 нафар коргар дошт, ки 90%-ашро занҳо ташкил мекарданд. Дар ин ҷо зиёда аз 30 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла сару либоси мактабӣ, истеҳсол мешуд.
Директори ҶДММ «Садранг» Неъматулло Азимов мегӯяд, ки корхонаи дӯзандагӣ аз солҳои 1992-2004 ба дӯхтани сару лисбоси ҳарбӣ машғул буд. Аз моҳи феврали соли 2004 ба ҶДММ «Садранг» табдил ёфт. Имрӯз корхона бо 60 нафар коргар фаъолият мекунад, ки аксарашон занонанд. Чанд сол пеш барои мактабачаҳои мактаб-интернати Кӯлоб сару либоси мактабӣ дӯхта будем…
Яъне, таҷриба ҳаст, шароиту имконият ҳаст, фақат ташаббусу кордонӣ лозим, ки кори заруру савобе ба иҷро бирасад ва мактаббачаҳоямон бо либоси хушсифат таъмин бигарданд.
Рима Бобоева - собиқ коргари фабрикаи дӯзандагии шаҳри Норак ва имрӯз мудири шӯъбаи кадрҳои ҶСК «Бофандаи Норак» мегӯяд, ки шумораи умумии коргарон он замон 1500 нафарро ташкил мекард ва 90%-ашон занон буданд. Маҳсулоти корхона – сарулибоси мактабӣ, шиму кастум, куртаву хилъатҳои кӯдакона, занона ва мардона дар саросари Тоҷикистон ва ҳатто ба берун аз он шӯҳрат дошт…
Аз моҳи сентябри имсол дар собиқ бинои фабрикаи дӯзандагӣ ҶСК «Бофандаи Норак» ба кор оғоз мекунад. Лекин дар чор ошёнаи он кор дар самтҳои коркарди пахта, ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ сурат мегирад. Ҷамъулҷамъ корхона 400 нафар, аксаран занонро бо кор таъмин менамояд.
Дар шӯъбаи кадрҳо будам, ки Гулчеҳра Алиева ном духтараке омад. Гуфт, ки дар хона се нафар ба дӯзандагӣ машғуланду ҳаргиз бекор намемонанд. Барои дӯхтани ҳар курта 15-20 сомонӣ (Дар шаҳри Душанбе аз 50 то 200 сомонӣ) ҳақи хидмат мегиранд. Ба пурсиши «дар як рӯз то чанд куртаро дӯхта метавонӣ?» посух дод, ки то 20-30. Гулчеҳра илова кард, ки дар арафаи идҳо, бахусус пеш аз оғози таҳсил корашон беҳад зиёд мешавад…
Чунин чеварони гулдаст дар ҷумҳурӣ ҳазоронанд. Пештар онҳо дар фабрикаву филиалҳои онҳо ва комбинатҳои хидмати маишӣ, ки дар ҳам як ноҳияву деҳаҳои калон буданд, кор мекарданд. Ҳоло ҳам ин теъдоди боистеъдодро истифода бурдан аз ҳар ҷиҳат ба манфиати кор аст, вале мо сару либоси оддитаринро аз хориҷа меорем.
Аз рӯи маълумотҳои оморӣ 1 миллиону 700 000 хонанда дорем. Ҳар сол ҳамин қадар сару либоси мактабӣ ба фурӯш меравад ва боз вобаста ба фаслҳои сол либосхарӣ давом мекунад. Агар танҳо дӯхти либоси мактабиро дар фабрикаҳои дӯзандагии худамон ба роҳ монем, чӣ қадар ҷойҳои нави кор ташкил меёбад, чӣ қадар сатҳи зиндагии занон баланд ва муҳоҷирати меҳнатиашон кам мешавад, чӣ қадар буҷаи шаҳру ноҳияҳо ғанӣ мегардад?! Ин ҳама чашмбандӣ нест, кори имконпазирест, ки ба дилсӯзиву ватандӯстии ҳамагон, бахусус масъулони соҳа вобастагӣ дорад.
Билоли Шамс