Аз фурӯшандаи мағоза помидорқайлаи истеҳсоли корхонаҳои вилояти Хатлонро пурсон мешавам. Банкаи яклитраеро нишонам медиҳад. Вале ба зарфи қайладор назар мекунаму нишонии шаҳр ва ё ноҳияҳои вилояти Хатлонро намебинам. Ин амалро дар мағозаҳои чанд шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб такрор мекунам, вале меҷустаамро намеёбам.
Сифати помидорқайлаи харидаам, ки мӯҳлати истифода надошт, ҳайронам кард. Хӯрокро на лаззат медоду на ранги помидор.
Ба ёдам яке аз корхонаҳои калонтарини собиқ вилояти Кӯлоб, корхонаи консерваи ноҳияи Ҳамадонӣ расид, ки тамоми собиқ вилояти Кӯлобро бо қайлаи помидор ва дигар маҳсулоти банкагӣ таъмин мекард ва берун аз он низ маҳсулоташ мебаровард.
Корхона, ки имрӯз ҶДММ шарбатбарории ноҳияи Ҳамадонӣ ном дорад, дар мавсим пурра фаъолият мекунад. Дар даврони Шӯравӣ он яке аз корхонаҳои калонтарини шарбатбарории вилояти Кӯлоб ба ҳисоб мерафт. Дар корхона зиёда аз 380 коргарон кор мекарданд, ки 300 нафарашон ҷавонзанону духтарон ва танҳо 80 нафарашон мардон буданд. Онҳо дар се баст кор мекарданд ва дар як сол корхона он замон якуним миллион қуттии шартӣ истеҳсол мекард. Тоҷӣ Каримова, ки 24 сол боз дар корхонаи мазкур кор мекунад, мегӯяд, ки он вақтҳо 12-13 намуд маҳсулот, аз қабили помидорқайла, афшураи помидор, помидори сиркохурда, мураббои себ истеҳсол мекардем. Аз ҳама намудҳои мева шарбату компот, аз караму лаблабуи сурх хӯришҳо тайёр мешуд.
Директори ҶДММ Саидҷон Ҳафизов мегӯяд, ки «баъди соли 1997 корхона оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ овард ва имрӯз 420 000 қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол мекунад. Мувофиқи дурнамо мо ин рақамро бояд ба ду миллион бирасонем ва то 130% иҷро шудани нақшаҳои ҳарсола боварӣ мебахшад, ки аз ӯҳдаи иҷрои ин кор мебароем.»
Дар корхона аксарият ба таври оилавӣ фаъолият доранд. Шумораи коргарон 62 нафарро ташкил медиҳад, ки 46 нафарашон ҷавонзанону духтаронанд. То аввали моҳи август корхона ба маблағи 231 000 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст ва ҳоло дар анбораш ба маблағи ним миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр хоб аст. Аз ҳисоби даромадҳо се сехи нав – дӯзандагӣ, қуттисозӣ ва шарбат ба кор даромад. Мувофиқи дурнамо корхона сехи зарфсозӣ низ ташкил карданист. Ин муваффақиятҳо, албатта, хубанд, вале агар бо нишондиҳандаи замони Шӯравӣ муқоиса намоем, 27%-ро ташкил мекунад. Яъне, танҳо 12 мағозаи шаҳри Душанбе бо маҳсулот таъмин мешаваду халос.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ замини пахта дар минтақаи Кӯлоб низ хеле кам гардид ва дар ивази ин истеҳсоли сабзавот, аз ҷумла помидор, чанд баробар зиёд шуд. Пас куҷост он? Барои чӣ то имрӯз дар мағозаҳоямон танҳо помидорқайлаи эрониро мебинему халос?
Бодабдаба кушодашавии корхонаҳо анъана шудааст. Тариқи ТВ чунон намоиш медиҳанд, ки тасаввур мекунӣ мағозаву бозорҳои минтақа аз маҳсулоти он пур мешавад. Дар асл аксаран чанд рӯзаке ё моҳаке кор мекунанду аз фаъолият мемонанд, ки корхонаи консерви ноҳияи Мӯъминобод аз он ҷумла аст.
Ё худ, вақте мегӯем, ки фалон ҶДММ ду-се ҳазор банка истеҳсол кард, хандаовар аст. Ду ҳазор банкаро як нафар деҳқони оддӣ - Нурхон Азимов аз ноҳияи Восеъ ҳамроҳи ҳамсару келинҳояш омода карда, ба бозор мебарорад. Сифату лаззаташ чунон аст, ки муштариён боз ба суроғаш меоянд.
Дар Тоҷикистон, ки чор фаслаш файзбор аст, зиндагӣ дорему помидорқайлаи хориҷӣ мехӯрем. Барои ташкили кор тамоми шароит муҳайёст, ҳатто санҷишҳо боздошта шуданд, вале бефоида. Пас биёед, дар 70 гектар замини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ба эрониҳо иҷора дода шудааст, усули муносибат бо замину истифода аз он ва тарзи тайёр кардани помидорқайлаи хушсифатро биомӯзем.Ва ба андеша биравем…
Билоли Шамс