Санг ҳам табобат мекунад
- Дар Тољикистон сангњои ќиматбањо ва ороишї фаровонанд. Лаъли оташгуни Бадахшон аз ќадим чун зиннатбахши тољи шоњон шуњрат дошт. Вале на фаќат љило ва зебоии ин санги љавоњир, балки хусусиятњои табобатї ва бовару эътиќод ба ќудрати санг боис шуданд, ки њокимони ваќт дар мамолики гуногун мудом орзуи ба даст овардани онро доштанд, - мегўяд номзади илмњои геологї ва минералогия, устоди Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи Моёншо Назаршоев Сангин Элназаров.
Ба гуфтаи муњаќќиќ, дар ќадим ва њатто дар асрњои миёна њам лаълро ба ёќут нисбат медоданд, зеро бо рангу сифат лаъл аз ёќут фарќе надорад. Лаълу ёќутро шоњи сангњои нодир меноманд. Лаълу ёќут ва алмосро сангњои нерубахшанда мешумурданд ва бар ин бовар буданд, ки дар муњориба пирўзї насиби лашкаре мегардад, ки бо худ пораи калонтар аз ин сангњои нодирро дошта бошад.
Лаъл шахсро аз дарди дил эмин медорад, гарду хокаи лаъл барои рафъи зардии рухсора ёрї мерасонад. Агар пораи ин сангро дар дањон гиранд, ташнагї зуд рафъ мешавад.
Алмос ва лаълу ёќут ба соњибаш неру ва ирода мебахшанд, андешаву хирадро бар хашму ѓазаб бартарї медињанд. Агар шахс ба ин сангњо бодиќќат назар афканад, беморї рафъ ва табъаш хуш мешавад. Агар онњоро дар кафи зани њомила гузоранд, таваллуди тифл барояш осон мегардад.
Абурайњони Берунї ёќутро санге ном бурдааст, ки одамонро аз вабо њифз мекунад. Ёќут аќлро солим ва соњибашро аз рафтори бад эмин медорад. Хушбахтона, дар баробари лаъли овозадор ёќут низ дар солњои 70 - уми асри гузашта дар њудуди Бадахшон кашф гардид.
Ба гуфтаи муњаќќиќон, эътиќод ба сангњо чун мероси фарњангї аз насл ба насл гузашта, вобаста ба ин мунаљљимон љадвалњо тартиб додаанд, ки аз рўйи онњо њар як одам дорои санги љавоњири «бахтоваранда» ва «муњофиз» - и худ аст. Ба сангњо сењрњои некї, дилхушї, нотиќї, эминї аз хатар, нотарсї, пирўзї дар муњорибањоро нисбат медоданд.
Абуалї ибни Сино доруњои зиёдеро номбар кардааст, ки аз маъданњо тайёр шудаанд. Масалан, доруеро, ки барои табобати дарди дил, роњњои нафаскашї ва майнаи сар истифода мебурданд, аз ёќут, аќиќ, тилло, нуќра ва чанд маоди дигар иборат аст. Дар ќадим табибон доруро ба бемор аз рўйи мизољ тавсия менамуданд ва аз ин љињат ба сангњои љавоњир њам хусусиятњои гармї, хунукї ва тарї нисбат дода мешаванд.
Амазонит ё њаљар - ал ќамар, ранги сабзу гулобї дорад.Сењри ин санг аз он иборат будааст, ки онро аз 300 дараља боло гарм кунанд, ранги сабзаш гум мешаваду чун дар љойи торику хунук гузоранд, ранги сабз пас аз лањзае барќарор мегардад. Амазонити Бадахшон бо тозагии ранг фарќ дорад. Ба бовари мардум, агар онро ба гардан овезанд, шиддати дарди сар суст мегардад.
Аметист бо ранги бунафш ва нилгунаш фарќ намуда, дар забони тољикї онро «каммаст» ва дар арабї «љаммаст» меноманд. Нигини аметист фикрро сањењ, пайдошавии ожангро нигоњ медорад ва ин аст, ки бонувон овехтани њамелњои сохта аз ин сангро ба гўшу гардан меписанданд.
Аќиќ яке аз сангњои зебои дигари љавоњирї буда, бо рангњои сафед, сабзи баланд, зард, хокистарї ва сиёњ дар табиат дучор меояд. Онро санги бахшандаи рўњи абадї, ќавикунандаи муњаббат ва рамзи оромї ва бахт мешуморанд. Дар Маѓриб ба аќиќ сифатњои ќавикунандаи нури чашм, хушгуфторї, нотиќї ва паноњдињанда аз буњрон нисбат медињанд.
Булўр санги шаффофу шишамонанд буда, дар Бадахшон зиёда аз 130 намуди он дучор меояд Дар Тибет шуои офтобро аз булўр гузаронда барои табобати захм истифода мебурданд. Њамчунин, дар сохтани асбобњои даќиќ ва радиоэлектроника ба таври фаровон истифода мешавад.
Нефрит ё яшми сабз аз ќадим маълум аст. Онро санги гурда њам меноманд. Њанўз дар Юнони Ќадим онро чун санги бартарафсозандаи дардњои ишкаму гурда истифода мебурданд. Барои сињат ёфтани хориши пўст мадад мерасонад ва таваллуди кўдакро барои зан осон мегардонад.
Ќањрабои асил ё турмалин сангест, ки барои табобати диќќи нафас муфид аст.
Зумуррад (зумрад) санги дўстдоштаи мардуми дунёст. Нигини зумрад барои рафъи беморињои дарди сар ва бехобї фоидаовар аст. Барои афзудани ќувваи босира гарди зумуррадро бо оби борон омехта, ба дида мемоланд.
Аз лољувард ќадањ, муњра ва дигар чизњои ороишї месохтанд. Кони бузурги лољувард дар ноњияи Роштќалъа мављуд аст.
Ба гуфтаи геолог ва маъданшинос Сангин Элназаров, барои онњое, ки зиёд бо компутер кор мекунанд, рўйи миз гузоштани пораи лољувард ва ё ашёњои зиннатбахши лољувардї муфид аст.
М.Саид,
ВМКБ