Омили асосии рушду нумӯи рӯзафзуни иқтисодӣ ва беҳшавии рӯзгори мардуми кишварҳои мутараққии дунёро коршиносон ба болоравии фарҳанги техникӣ ва вусъати технологияи навинашон нисбат додаанд, ки бешак дуруст аст. Ва ин таҷрибаи давлатҳои пешрафта моро низ ба кӯшишу талошҳо ҳидоят мекунад. Инак, сари ин масъала меандешем ва таассуф мехӯрем, ки бармаҳал дар ин ҷода гомҳои устувор нагузоштаем.
Андешаи чил сол пеш
Роҷеъ ба ин мавзӯъ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзулло Шарифзода чунин ибрози андеша менамояд: «Тамоми дунё асри 21-ро чун асри техника эътироф кардааст ва талош дорад, ки ба ихтирооте дар ин ҷода муваффақ шавад. То имрӯз диққати мардуми мо бештар ба фанҳои гуманитарӣ равона шуда буд. Вале мебинем, ки тафаккури гуманитарӣ наметавонад моро аз бӯҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба сиёсату иҷтимоиёт раҳо созад. Фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ бо ҳам пайвастагӣ дошта, такмил додану аз худ кардани онҳо барои инкишофи тафаккур зарур аст. Агар ин фанҳо сатҳӣ омӯхта шаванд, тай намудани зинаҳои инкишофи тафаккур, яъне, мустақилият, қобилияти фикрронӣ, таҳлилу хулосабарорӣ карда тавонистан ва ҷасорати баёни андешаҳои интиқодӣ мушкил мегардад. Болоравии сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди истеҳсолоти давлатҳои Аврупоро маҳз азхудкунии ҳамин зинаҳои инкишофи тафаккур таъмин намудааст. Хуб аст, ки имрӯз сари мавзӯи ҷаҳонишавӣ андеша мекунем ва дар фикри ҳамқадами замон будан ҳастем».
Мушкили асосӣ нарасидани омӯзгорон аст
Тоҷиннисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ дар иртибот бо ин мавзӯъ мегӯяд, ки: «Эълон гардидани 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ барои инкишофи соҳаи маориф иқдоми хубест. Ҷонибдорӣ аз илмҳои гуманитарӣ, ба вижа таърих, боиси ноил гаштанамон ба комёбиҳои назаррас буд. Таърихи халқи тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Замоне фаро расидааст, ки бо пешрафти илму техника ва технология, инчунин бо таҳаввулоти ҳаррӯзаи он ҳамқадам бошем. Вазорати маориф ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳо дар самти омӯзиш ва инкишофёбии дониши техникии хонадагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва пешбурди технологияи навин Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумиро тарҳрезӣ кард ва бори дигар барномаи мазкур барои солҳои 2011-2015 таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазоратҳои дахлдор ирсол шудааст. Ин барнома дар ду давраи мавриди амал қарорёбиаш бо сабаби сол аз сол афзудани сафи талабагон ва кушодашавии муассисаҳои нави таълимӣ қисман иҷро шуду халос».
Ҳамсӯҳбатам меафзояд,ки мушкили асосӣ дар раванди омӯзиши фанҳои дақиқ нарасидани омӯзгорон мебошад. Умед ҳаст, ки тасдиқ шудани Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, дар ҳалли ин масъала кӯмак хоҳад кард.
Вазорати маориф тасмим гирифтааст, ки муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро бо кабинетҳою маводи лабораторӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таъмин намояд. Тасдиқ гардидани барномаҳои дар ин самт таҳияшуда раванди воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва бедории тафаккури техникии ҷомеаро ба вуҷуд хоҳад овард.
Муаллимон муаллиф мешаванд?
Очаҷон Шуайбова 25 сол инҷониб муаллифи китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ мебошад. Чанде пеш дар озмуни муаллифони китоб ширкат намуда, ғолиб гашт. Айни замон ба таълифи китобҳои фанни риёзӣ барои синфҳои 1 ва 2 машғул аст. ӯ мушкилоти омӯзиши фанҳои дақиқро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ чунин арзёбӣ менамояд: «То солҳои 80-уми асри гузашта дар мактабҳои миёнаи кишвар омӯзиши фанҳои дақиқ бо сабаби тарҷума буданашон аз забони русӣ ҳам барои хонанда ва ҳам барои омӯзгор мушкил буд. Муаллимон ҳуқуқи муаллифӣ надоштанд ва ҳатто дар таълифи китоб фикри онҳо ба инобат гирифта намешуд. Имрӯз мо китобҳои тоҷикӣ дорем ва дигар такя ба матнҳои тарҷумавӣ намекунем. Дар ҷараёни таълифи китобҳо андешаҳо ва пешниҳодоти омӯзгорон ба назар гирифта мешавад».
Мо аз таҷрибаи худ мегӯем…
Гимназия-интернати муштараки Тоҷикистону Русия «Ҳотам П. В.» соли 2003 ташкил ёфта, дар айни замон 417 нафар хонандагонро ба таълим фаро гирифтааст. Фанҳои дақиқ тамоюли асосии омӯзиши ин таълимгоҳ буда, дар радифи он фанҳои гуманитарӣ низ ба донишандӯзон омӯзонда мешавад. Абдуфаттоҳ Ҳотамов - директори гимназия дар ин хусус мегӯяд: « Мактаб заминагузори асосӣ дар гирифтани дониши техникӣ мебошад ва мактаббача аввалин маълумоти амиқро дар бораи техника ва технология бо омӯзиш ва ёрии фанҳои дақиқ пайдо мекунад. Дар ҳолати баланд шудани сатҳи саводнокӣ ва инкишофёбии дониши техникӣ ҷараёни фикрронӣ водораш месозад, ки ихтироотеро ба вуҷуд орад ва ё ақаллан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба техника ва технология танқисӣ надошта бошад. Ин нуктаро таҷрибаҳои андӯхтаи дигар кишварҳои пешрафтаи дунё низ собит кардааст. Мутаассифона, дар мактабҳои мо маҷмӯи зиёди фанҳо омӯзонда мешавад, вале дар бораи чӣ гуна қабул шудани онҳо андеша намекунем. Дониши сатҳӣ пойдор нест ва ин «заҳмат»-и мо ҳам барои ҳаматарафа босавод шудани талабаҳо бенатиҷа мебошад. Аз ин рӯ, ба хотири рушд ва инкишофи фарҳанги техникӣ имрӯз зарурати бунёди маркази инкишофи стратегӣ пеш омадааст. Бошад, ки ин марказ ҳамчун як ташкилоти ҷамъиятӣ амал намояд ва дар он нафароне ҷамъ оянд, ки воқеан ҳадафи асосиашон пешрафту тараққиёти иқтисод ва техникаи кишвар аст.
Мушкилоти дигаре, ки имрӯз садди роҳи рушди дониш ва фарҳанги теникӣ гардидааст, нарасидани омӯзгорони донишманди фанҳои дақиқ ва адабиёти марбут ба ин фанҳо мебошад. Бештари китобҳои фанҳои дақиқ нашри забони русӣ аст ва чанд номгӯе, ки бо забони тоҷикист, сатҳи баланди илмӣ надорад. Бо ҷорӣ шудани соатҳои зиёди омӯзиши фанҳои дақиқ, якбора ба комёбиҳо ноил нашавем ҳам, ба баландшавии сатҳи дониши техникӣ мусоидат хоҳем кард. Барои ислоҳи камбудиҳое, ки монеъи рушди инкишофи донишу фарҳанги техникӣ мешаванд, шояд солҳои зиёд лозим шавад».
Ин мавзӯъ баҳси доманадорро тақозо мекунад, зеро андешаҳо дар атрофаш гуногунанд. Вале ҳадафҳо яканд: бояд бо мукаммалгардонии дониши техникии худ ҳамқадами замон бошем ва бо ихтирооти технологиву инкишофи соҳаи иқтисод дар пешрафти кишвар ва пайвастани он бо ҷаҳони мутараққиву мутамаддин саҳм бигирем.
Қутбияи Неъматулло