Деҳаи гулпарварон
Гулдўсту гулпарвар, гуландому гулназар будани мардуми тољик маълуми дунё гаштааст. Агар гулњои шањри Душанбе, ки шањри гулњо ном гирифтааст, дар гузашта фаќат дар бањору тобистон ба назар љилвагар буданд, имрўз дар чор фасли сол шукуфонанд.
Дењаи Гулпарвари Љамоати дењоти Чимтеппаи ноњияи Рўдакї, ки пойтахти кишварро бо гулу буттањои ороишї таъмин месозад, канори мањаллаи Гипроземи пойтахт доман густурдааст. Тавре Абдуќодир Зокиров, мутахассиси пешбари љамоат оид ба сектори кишоварзї изњор дошт, масоњати умумии заминњои дењоти мазкур 2753 гектарро ташкил дода, аз он 525 гектараш заминњои таъйиноти кишоварзї аст. Сокинони дењот ба кишоварзї ва чорводорї машѓуланд. Дењаи Гулпарвар аз 1597 хољагї иборат буда, 80 дарсади ањолиаш ба гулпарварї сару кор дорад.
Дар урфият мегўянд: «Дасти инсон гул аст». Ин гуфтаро бо чашмони сар дар дењаи Гулпарвар дидем. Сокинони ин русто њар ваљаби заминњои наздињавлигии худро самаранок истифода бурда онро ба гулистон табдил додаанд. Аз њунари мардуми зањматкаш дар њайрат мондам. Онњо тамоми кунљу канори гармхонањоро судманд истифода намуда, њама љоро гулзору гулпўш сохтаанд.
Яке аз гулпарварони муваффаќи дења Акрамљон Ќушоќов дар замини наздињавлигии худ гармхона ва гулхонаи зебое бунёд намудааст.
- Мо дањњо намуд гулњои мавсимї ва бисёрсола парвариш мекунем. Аз ќабили тагис, салвия, бегония, атлас, фикус, виёла, петуня, ки ќариб њазор ранг доранд. Гулњои мо барои кўчаву гулгаштњо ва дохили хонањо пешбинї шудаанд. Гулњое, ки дар гулдон парвариш мекунем, барои дохили хона пешбинї шудаанд, бисёр умр мебинанд, бахусус гули бегоня. Салвия бошад аз њама гули дўстдоштанї ва серхаридор аст. Ранги он аслан сурх буда, дили касро мерабояд. Гулњое њастанд, ки ба сармои то минуси 10 дараља тоќатовар мебошанд, масалан, гули виола. Гули аз њама нозук петуня аст, ки боронњои пайдарпай метавонад онро нобуд созад, - мегўяд Акрамљон.
Инчунин, дар гармхонањо дарахти декоративї ё гули фикус, ки аз ширеши он каучук истењсол мешавад, мепарваранд. Онро гулпарварон аз ќаламча парвариш мекунанд.
Тавре Акрамљон Ќушоќов иброз намуд, 8 нафар аъзои оилаашро замини наздињавлигї мехўронаду мепўшонад. Дар баробари ањли хонавода гулпарварон сокинони дигарро низ ба кор љалб менамоянд, ба онњо маош медињанд.
- Мушкили асосї фасли сармо, замоне ки гармхонањо бояд доиман ва муътадил бо гармї таъмин бошанд, оѓоз мешавад. Гаронии нархи ангиштсанг, дастрасии он ба даромад ва нархи гул низ таъсири худро мерасонад. Дар як мавсим то 10 тонна ангиштсанг месўзонем. Зимистони соли гузашта 1 тонна ангиштро 350 сомонї харидем, аммо имсол нархи 1 тоннаи он 750 сомониро ташкил дод.
Нархи гулњои мо вобаста ба навъ ва намуд аз 2 - 3 сомонї то 125 - 150 сомониро ташкил медињад.
Гулњое, ки барваќттар ба фурўш мебарорем, нисбатан ќиматтаранд, зеро ангишти бештар месўзонем. Гулњое, ки дар фасли гармо мебарорем, арзонтаранд. Гулњои мавсимиро аз тухмї мекорем. Тухмиро аз хориљ, бештар аз шањри Москва дастрас мекунем. Дар як баста њазор дона тухмии гул мављуд аст, аз 300 то 450 сомонї нарх дорад. Инчунин, гулњое, њастанд, ки то 1100 сомонї нарх доранд. Тухми гулњоро аз Њолландия, Россия ва Эрон бештар харидорӣ менамоем.
- Гулпарварї аз волидон мерос мондааст. Онњо гулпарварони шинохтаи дења буданд. Падару модарам гулњои садбарг, хризантема, гладиолус, гвоздика парвариш менамуданд. Баъдан мо кори онњоро идома дода, шаш сол пеш ба парвариши гулњои ороишї дар ќуттичањо барои кўчаву гулгашту пайроњањо, боѓу хиёбонњои пойтахт оғоз намудем. Ногуфта намонад, ки дар баробари гул њамчунин маҳсулоти полизї, помидору бодиринг парвариш мекунем. Баъди њосили гул њар ваљаби гармхонањоро самаранок истифода бурда полизї мекорем, - мегўяд ин гулпарвар.
- Гулпарварї кори бенињоят зањматталаб мебошад. На њар кас аз уњдаи парвариши он мебарояд. Зеро гул хеле нозук аст ва њар навъи он нигоњубину парвариши хос металабад, - мегўяд гулпарвар Розия Абдуллоева ва меафзояд, - дар гармхона беш аз 10 навъ гул мепарварем. Дар фасли зимистон бештар гулњои календула, маргаритка, виола, панљаи шер мешинонем, зеро онњо ба хунукї тобоваранд. Барои зиёд намудани теъдоди гулњои хушбўйи тољикї њазорњо ќаламчаи гули садбарг ва виола дар айни сабзишанд ва моњњои май – июн кўчаву роњравњоро гулпўш хоњанд кард.
Ин ќуттињоро тайёр карда, баъди калонтар шудани гулњо онњоро ба фурўш мебарорем. Дар баробари гармї, обу ѓизои витаминї, њамчунон ба гулњо гармии ќалбамонро медињем, – мегўяд бо чењраи хандон Розиябону.
- Зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба гулпарварї машѓулам. Солњои 70 – уми асри гузашта пас аз адои хизмати аскарї дар мањалла кори гулпарварї дар ављ буд. Ман низ ба ин кор завќ намудам. Нозукињои касбро бошад, аз устодам Маъруфљон-ака, ки гулпарвари номї буданд, омўхтам ва гулпарвариро пешаи доимии худ намудам, - мегўяд гулпарвар Орифљон Абдурањимов.
Тавре ў иброз намуд, фасли тобистон бештар гулњои гладиолус, астра, георгин парвариш мекунанд ва зимистон бошад мехчагул. Як дона гулро аз 1 то 3 сомонї мефурўшанд. Ў дар майдони 2 садяки гармхонааш зиёда аз 4 њазор дона гул мепарварад.
- Зимистон вобаста ба сардии њаво аз 2,5 то 5 тонна ангишт месўзем. Ба гулпарварї њамсарам, келинњо ва писаронам низ љалб гардидаанд. Гулпарварї зањмати бештарро талаб кунад њам, соњаи даромаднок аст, - мегўяд ў.
- Мехчагулро банд мекашем. Аз танобњо атрофи њар як пояи гул панљараи тўрї мебофанд то ќомати гул нашиканад. Доруву пору медињем, алафњои бегонаро мечинем. Зимистон шабњо хоб намекунем, то алави бухорињо хомўш нагардад. Ангишт илова карда меистем, то њарорати дохили гармхона муътадил бошад. Намегузорем гулњоро сармо занад.
- Дар замини гармхонањо пеш аз тухми гулро коштан пору ва доруи минералї њамроњ мекунем. Нињолчањои гулро аз Тошканд ва Хуљанд мехарем. Аз як решаи мехчагул 16 – 17 дона гул мегирем. Моњњои июн – июл њосили гулњоро пурра љамъоварї намуда, то зимистон помидору бодиринг мешинонем. Зимистон бошад майдони гармхонањоро зироати шалѓамча мегирад, - мегӯянд гулпарварон.
Раљабалї Саидов - раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чилтан» - и дењоти Чимтеппа иброз намуд, ки барои зироаткориву гулпарварї шароитњо мусоиданд.
- Дар масъалаи оби полизї кишоварзони дењот мушкилї надоранд. Солњои пеш мушкили об яке аз монеаи асосии пешрафти кори кишварзон буд. Хушбахтона, аз соли 2000 – ум бо дастгирии роњбарони ноњия дар њамкорї ва њамбастагии ташкилотњои љамъиятиву байналмилалї таъминоти об дар дењот пурра њаллї худро ёфт.
То имрўз дар њудуди дењоти Чимтеппа 18 чоњи амудї оби полизї ва нўшокиро таъмин менамояд. Дар наќша аст то 30 - солагии Истиќлолияти давлатї обёрии 30 дарсади заминњои њудуди дењотро ба усули ќатрагї ба роњ монем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ба истеъдод ва муњаббати гулпарварон нисбат ба касбу њунарашон њайратзада шудам. Зеро мањз аз њунари онњо канори кўчаву роњњо, гулгашту хиёбонњоро гулшану гулборон мебинем. Гулпарварони ин дењкада, ки аслан шањри Душанберо бо гулу сумбул таъмин месозанд, дастранљашон дар њар гўшаи он боѓеро аз Фирдавс мемонанд.
Баробари ворид гаштан ба гулхонањо ба бонувони зебоидўсту зебоиофари ин мањалла ањсан хондам. Дохили гармхонањо барои гашт танњо як пайроњаи борик монда, боќї њама љо бо гулњои рангоранг банд аст.
Дар даромадгоњи гармхонањо садњо адад гулдонњо ва њазорњо адад ќуттичањои гулњои гуногун, аз љумла садбарг, њафтранг, салвї, катарантус, тадегас, астра шинонда шудаанд. Ба иқрори Розия танњо дар гармхонае, ки ў кор мекунад, панљ нафар зан ва ду љавон дар як рўз њазор ќуттича гул мешинонанд…
Д. сайдамирзод