«Ормон»-у «Сомон»-и Зебинисо
Шингиле чанд аз кори бонуе муњаќќиќ Зебинисо Эшонова, ки беш аз 45 соли њаёти худро ба пажўњиш ва кашфиёту навоварињои илми кишоварзї бахшида, дар зарфи солњои Истиќлолияти давлатии Тољикистон беш аз 30 навъи гандуми мулоимдона ва сахтдонаро кашф кардааст.
Ў фаъолияташро њамчун селексионер дар соњаи зироаткорї оѓоз бахшида, алњол мудири озмоишгоњи селексияи гандум ва љави Институти «Зироаткорї» - и Академияи миллии илмњои Тољикистон мебошад. Муаллима хотирањои зиёдеро аз роњи тайнамудааш дар љодаи илм ва пайвастанаш ба соњае, ки на њар бону интихоби онро ба худ мувофиќ медонад, ќисса намуд…
Озмоишгар будан…
Хеле барваќт аз њамсолонам ба роњи илм гом гузоштам. Ваќте ки хонандаи синфи њашт шудам, дар ноњияи Айнї комбинати маъдантозакунї ба фаъолият пардохт. Баъди хатми мактаби дењаи Рарз ба мактаби коргарљавонони ин коргоњ шомил гаштам. Њам кор мекардам ва њам мехондам. Озмоишгари сурмаю симоб будам. Ин пеша ба ман хеле писанд уфтод. Се сол дар озмоишгоњ бо вазнинтарин моддањои кимиёї сарукор гирифтам. Вале он замон аз таъсири хатарноки маводи кимиёвї дарак надоштам. Баъдтар якбора дандонњоям лиќќонак шуданду афтиданд.
Исрор
Сарфи назар аз зиёї будани волидонам, дар дењи мо ба шањр омадану тањсил кардани духтарњоро мардум чандон хуш надоштанд. Соњибмаълумот шудан орзуи њар духтари рустої буд, ки расидан ба он на ба њар кас муяссар мегашт. Ќиблагоњ шарт гузошт, аввал оиладор шавам ва баъдан тањсилро идома дињам. Мегуфтанд, ки ба шањри калон туро «бесоњиб» куљо бифристем?
Олими љавон Ислом Эшонов, ки он замон дар Институти хољагии ќишлоќи Тољикистон (њоло Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур) фаъолият дошт, хостгор шуд. Волидонам ба ин издивољ розигӣ доданд. Шавњарам, ки худ донишандўз буд ва дар пайроњаи илм ќадамњои аввалин мегузошт, шуълаи умед ва эътимоду бовариро дар ќалбам фурўзон сохт. Бо орзуњои зиёд ба фардои нек ба њаёти оилавї ќадам нињодам…
Соли 1962 ба Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино шомил гаштам. Пас аз як соли тањсил дар ин даргоњ бо сабаби нигоњубини кўдаки ширхор институтро тарк намудам. Соли 1965 ба донишгоњи кишоварзї њуљљат супурда, донишљў шудам. Соли 1971, пас аз хатми донишгоњ, бо роњбарии академики илмњои кишоварзї В. Литвинский машѓули кори илмї шудам. Аз соли 1977 дар Институти «Зироаткорї» - и Академияи илмњои Тољикистон зањмат кашида, дар мавзўи «Кишти омехтаи юнучќа бо гандум» рисолаи илмиамро њимоя намуда, ба унвони номзади илми кишоварзї мушарраф гаштам.
«Шарора» мардумро аз гуруснагї рањонд
Соли 1990, ягона институти тухмипарварии умумииттифоќї, ки тамоми кишварњои собиќ шўравиро бо навъњои гуногуни тухмї таъмин менамуд, аз фаъолият бозмонд. Навъњои гандуми мањаллї ва дигар зироатдонањо дучори касалињои марбут ба рустанињо шуда, нобуд гардиданд.
Соли 1997 – ро хуб ёд дорам, ки эпидемияи занги зард хурўљ кард ва њамаи навъњои гандумро аз байн бурд. Бо василаи њамкорињо ва ширкат дар конфронсњои илмї аз кишварњои хориљї намунањои навъњои гандуму ѓалладонањоро дастрас ва онро кишт намудем. Навъњои нави гандум ва дигар ѓалладонаро пайдо карда, селексияњоро ба шароити иќлими минтаќаи кишвар мутобиќ намудем.
Дар ин давра селексионери машњури тољик Латофатшо Карамхудоев маро барои селексияи навъњои гандум ба њамкорї хонд. Ин њамкориро хуш пазируфтам. Зеро он замон вазъият таќозои онро дошт, ки дар ин самт кашфиёту навоварињо кунем. Зеро яке аз масъалањои муњими мустањкамии амнияти озуќаворї ин таъмини ањолї бо гандуму нон мањсуб меёфт, ки он замон њамаро нигарон карда буд.
Селексияи гандуми навъи «Шарора» - ро ба роњ мондам. Аввалин маротиба дар хољагињои шањри Турсунзода ин навъи гандумро мавриди озмоиш ќарор додам. Навъи «Шарора» гандуми тезпазу серњосил буд ва аз 1 га то 80 сентнер њосил рўёнда шуд. Баъдан, дар аксар минтаќањои љумњурї хољагидорону дењќонон кишти онро ба роњ монданд.
«Ормон»
Вобаста ба шароити иќлими Тољикистон ва ба инобат гирифтани њолати заминњои обию лалмї аз соли 1990 то имрўз беш аз 30 навъи гандуми мулоимдона ва сахтдонаро кашф намудам. Айни њол дар љумњурї 63 фоизи заминњои кишти гандум аз њисоби навъњои гандуми мањаллї ба роњ монда шудааст. Њар навъи гандуми кашфкардаам ба худ номи хос доранд: «Ормон», «Сомон» ва ѓайра.
Навъи «Ормон» - ро баъди аз олам рафтани шавњарам академик Ислом Эшонов кашф намудам. Баробари шавњари мењрубону дилсўз ва барои фарзандонам падари ѓамхору сахтгир будан, он кас дар љодаи пурмашаќќати илм устодам буданд. Мањз бо дастгирию мадади њамсарам њамчун муњаќќиќ дар соњаи кишоварзї шинохта шудам.
Сарфи назар аз синну сол (75 – сола) аз илм дил канда наметавонам. Њамроњи наберањоям сари кишти гандум меравам. Аз панљазании майсаи он њаловат мебарам. Аз ављи сабзаи гандум ќалбам мављ мезанад. Охир, муњаббату рўзгорам аз замин маншаъ гирифтааст…
Ќутбия Неъматулло