Хушмазаву серғизо
Дар љашнњо ва њамарўза мардум аз гўшти мурѓ истеъмол менамоянд ва бонувони тољик аз ин навъи анвои парњезии нисбатан арзон хўришу таомњои хушмаза ва серѓизо тањия месозанд. Ин аст, ки дар кишвар талабот ба гўшти мурѓ афзуда, теъдоди корхонањои мурѓпарварї зиёд мегардад.
Хайринисо Муњаммедова замоне ба ин тиљорат рў овард, ки дар кишвар навъи гўшти мурѓи «бройлер» њанўз истењсол намегардид ва бештар воридоти он аз хориљи кишвар ба роњ монда мешуд, ки он њам аз љињати арзиши гарон доштан на ба њама дастрас буд. Аз љониби яке аз корхонањои мурѓпарварии Ўзбекистон ба ў дар ин самт пешнињоди њамкорї карданд, ки бо љону дил онро пазируфт.
Моњи апрели соли 2018 бо ворид намудани 5 инкубатор (мошинаи чўљабарорї) Хайринисо дар шањри Душанбе ЉДММ «Рушди парандапарварї» - ро таъсис дод. Бо ёрии таљњизот дар муддати кўтоњ 32 њазор чўља истењсол гардид. Баъдан, тасмим гирифт, ки љўљањоро калон карда, гўшти онњоро ба бозор барорад. Бо ин маќсад, дар ноњияи Шањритуз мурѓхонае таъсис дода, чўљањоро он љо парвариш намуд. Пас аз ба бозор роњ ёфтани гўшти «бройлер» - и ватанї харидорони зиёде њам пайдо шуданд. Мардум акнун дар баробари дастрасї ба ин навъи гўшт чўљањои онро низ барои парвариш мехариданду ба ин васила тиљорати хурди хешро ба роњ мемонданд.
Бо даст додани муваффаќият чанде аз ширкатњои парандапарварї бо ин коргоњ њамкории муштаракро ба роњ монданд. Баробари зиёд шудани чунин коргоњњо Хайринисо Муњаммедова воридоти тухми мурѓро бештар кард. Тухмњоро аз корхонаи «Навобод - насли парандаи Самарќанд» - харид мекард. Зеро дар љумњурї тухмњои чўљабарор истењсол намегардид ва то кунун чунин имконият фароњам оварда нашудааст. Ба хотири серѓизову хуштамъ гардидани гўшти мурѓ хўроки онро низ аз хољагии фермерии корхонаи мазкур мехарид, ки таркиби он аз витаминњо ѓанї ва калориянокии баланд дошт.
Барои рушди соња тасмим гирифт, ки дар назди коргоњ курсњои омўзишии ройгонро таъсис бидињад. Зеро нафароне, ки тухмњои чўљабарорро харид мекарданд, аз тарзи дурусти нигоњубини онњо бехабар буданд. Бо љалби мутахассисони хориљї чунин курсњоро ба роњ монда, дар муњлати муайян додани хўрок ва серѓизову лањм шудани гўшти мурѓро ба онњо омўзонд.
Барои бењдошти сињатии чўљањо ва мурѓњо аз Украина байторро ба кор љалб намуд, ки њамарўза вазъи саломатии парандањо зери назорати доимии ў ќарор дорад. Њамчунин, чўљањоеро, ки шарикони кор харид менамоянд, то ваќти вазн гирифтану омода шудан барои фурўш тањти назорати табиб ќарор мегиранд.
Агарчи Хайринисо дар оѓоз бо 2 – 3 коргар фаъолияташро оѓоз карда буд, алњол теъдоди коргаронаш ба 14 нафар расидааст. Иќтидори истењсоли чўљањо низ зиёд шуда, дар давоми 3 – 4 рўз 30 – 32 њазор чўља истењсол мегардад. Баъди 45 рўз гўшти онњо ба бозор бароварда мешавад, ки дар ин миён талафоти чўљањо низ мушоњида мегардад. Парвариши онњо нињоят нозук буда, то роњ ёфтан ба бозор марњилањои гуногунро паси сар менамоянд. Муддати 21 рўз тухм дар дохили инкубатор дар њарорати махсус нигоњ дошта мешавад. Баъди аз тухм баромадан, давоми 45 рўз чўљањо 4 – 5 маротиба дар як рўз бо ѓизо таъмин мегарданд, ки он аз 3 давра иборат буда, намудњои гуногуни хўрокњоро истеъмол менамоянд. Пас аз ин муддат, чўљањо ба мурѓ табдил ёфта, беш аз 2 кило вазн мегиранд.
Дар баробари сифати гўшт, ба тарзи дурусти нигоњубин, тозагї ва забњи онњо ањамияти љиддї дода мешавад. Бо ќассобхонањое, ки дар онњо ќассобони касбї фаъолият менамоянд, шартномаи дуљониба баста, тарзи дурусти забњи мурѓро маќомоти зидахл тањти назорат низ ќарор медињанд. Чун дар њолати роњ додан ба иштибоњ аз љониби ќассоб эњтимол аст, ки мол бозоргир нагардад ва корхона аз ин зарар бинад. Ќабл аз ба ќассобхона бурдан, сињатии мурѓњо санљида мешавад. Дар сурати шикастани дасту пойи мурѓњо, онњоро баргардонда, то сињат ёфтан тањти назорати байтор ќарор мегиранд. Пас аз забњ, муњлати дохили об гузоштани паранда низ назорат мегардад. Дар акси њол, муддати зиёд дар дохили об нигоњ доштан, тамъу сифати гўштро коњиш медињад.
Баъд аз забњи мурѓ онњо аз санљиш гузашта, корхонањои дахлдор аз рўйи тамѓабандї барои истеъмоли он муњлати истифодаро барчасп менамоянд. Агар мурѓ дар борпечњои вакуумдор љой дода шавад, таровати он муддати дароз нигоњ дошта мешавад.
Хайринисо Муњаммедова мекўшад, то дар истењсоли гўшти мурѓ тамоми стандартњои байналмилалиро риоя намояд. Њамин аст, ки имрўз беш аз 30 муассисае, ки ба фурўши гўшти мурѓ ва мурѓпарварї сару кор дорад, бо ин коргоњ њамкории хешро ба роњ мондааст.
Барои бештар дастрас гардидани гўшти мурѓ ба ањолї моње ќабл коргоњи дигареро дар заминаи ЉДММ «Рушди парандапарварї» дар шањри Турсунзода ифтитоњ намуд. Дар фабрикаи мазкур бори аввал мурѓњои зотии «бройлер» оварда шуданд, ки то ин замон дар љумњурї чунин навъи мурѓи тухмаш чўљабарор мављуд набуд. Бо ба кор даромадани ин коргоњ Хайринисо умед дорад, ки арзиши гўшти мурѓ боз њам пойин раваду Тољикистон ба яке аз кишварњои содиркунандаи гўшти мурѓ табдил ёбад. Маќсади аслии роњбари коргоњ низ њамин аст, ки дар баробари бозори дохилї бозори љањониро њам бо гўшти хушсифату бомаза таъмин намояд.
Алњол наздики 20 њазор мурѓи зотї аз Љумњурии Ўзбекистон оварда шуда, марњилаи санљиширо пушти сар менамояд. Дар сурати мутобиќ будан ба иќлими кишвар, дар назар аст, ки теъдоди онњо зиёд гардад. Пас аз 6 – 8 моњи нигоњубин онњо ба тухм кардан шурўъ менамоянд. Вале, ба ќавли ин бонуи соњибкор, дар марњилаи аввал тухмњои онњо барои истеъмол истифода бурда мешаванд. Чун андозаи онњо хурд буда, чўља њам намебаровардаанд. Бо гузашти 40 рўз тухмњои онњо барои баровардани чўља омода мегарданд.
Умед бар он мебандем, ки бо ташаббусу кордонии ин бонуи масъулиятшиносу кордон парандапарварї дар кишвар рушд намуда, бозори ватанї бо гўшти аълосифат таъмин ва нархи он дастрас мегардад. Зеро алњол як тухми чўљабарорро коргоњ аз Ўзбекистон бо арзиши 40 – 45 сенти амрикої харид менамояд, ки ин ба нархи гўшти мурѓ низ бетаъсир намемонад.
Шаҳдрези РАЊМОН