Дар заминаи ҳамкориҳои истеҳсолии ҶСК «Ресанда» -и шаҳри Бохтар ва Ширкати «Соta- Global»-и Куриёи Ҷанубӣ дар корхонаи ҶСК «Ресанда» коркарди ниҳоии пахтаи ватанӣ ва истеҳсоли 30-40 номгӯи молу маҳсулоти нассоҷӣ ба роҳ монда мешавад. Шумораи коргарони корхонаи мазкур аз 130 тан ба 3 000 нафар расонида мешавад, ки 99 дарсадашонро бонувон ташкил хоҳанд дод.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар бобати дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ барои дарёфти шарикони ҳамкори хориҷӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ниҳоии маҳсулоти хоми ватанӣ, рушди саноати сабук ва ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ, солҳои охир шартномаҳои зиёди сармоягузории ширкатҳои ватанӣ дар самти рушди истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ба имзо мерасад. Аз ҷумла, бо ташаббуси намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Куриёи Ҷанубӣ чанде пеш миёни ҶСК «Ресанда»-и шаҳри Бохтар ва ширкати «Сота- Global»- шартномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Тибқи лоиҳа ширкати хориҷӣ барои ба роҳ мондани коркарди ниҳоии пахтаи ватанӣ ва истеҳсоли даҳҳо номгӯи молу маҳсулоти пахтагӣ дар якчанд марҳила ба коргоҳи ҶСК «Ресанда»- таҷҳизоти замонавии исте