Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – роҳкушои зиндагии шоиста
Соли 2017 духтараке бо донишу малакањои хуби њуќуќию иќтисодї, забондониву фурўтанї аз шањри Роѓун барои њимояи дурнамои иќтисодиву иљтимоии зодбум ба Вазорати рушди иќтисод ва савдои љумњурї омад. Њозирљавобї, дарки хуби масоили иќтисодї ва одоби баланди муошираташро ба инобат гирифта, соли 2018 ўро ба њайси сармутахассис дар раёсати маъмуригардонии минтаќањои озоди иќтисодии сарраёсати сиёсати сармоягузорї ва рушди минтаќањои Вазорати рушди иќтисод ва савдои љумњурї ба кор хонданд. Ин навид барояш ѓайричашмдошту фарањбахш буд.
Самти фаъолият
Манижа њамчун роњбалади минтаќањои озоди иќтисодї дар ин нињоди давлатї фаъолиятро оѓоз намуда, дар самти сањми содирот, љалби сармоягузорон, таъсиси љойњои кории нав, иљрои андозњо маълумотро љамъоварї ва тањлил менамояд.
- Дар љумњурї алњол 4 минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият дорад. Тибќи супориши Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 марти соли 2019 Минтаќаи озоди иќтисодии «Кўлоб» таъсис ёфт.
Барои таъсиси минтаќањои озоди иќтисодї мавзеъњое интихоб шудаанд, ки аз љињати љойгиршавии љуѓрофї ва ҳамкорӣ бо дигар кишварњои њамсоя мусоид буда, дорои инфрасохтори зарурии иљтимоию коммуникатсионианд ва ё инфрасохтори зарурї дар оянда бунёд мегардад. Илова бар ин, барзиёдии ашёи хоми ватанї, наздикї ба манбаъњои неруи барќ, ќувваи корї, бозорњои истеъмолї ва дигар омилњо барои интихоби минтаќа асос шуда метавонанд. Дар ин минтаќањо барои фаъолияти соњибкорї ва сармоягузорї шароити имтиёзноки иќтисодї (андозї) ва низоми махсуси њуќуќї муњайё карда мешаванд. Њадафи асосии ин гуна минтаќањо таъсис додани корхонањои саноатї, таъсиси љойњои кории нав, ѓанї гардондани бозори дохилї ва раќобатпазир дар бозори љањонї ва бењтар намудани шароити зиндагии мардум аст. Мутобиќи банди 2 моддаи 20 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї» ва тибќи бандњои 1.2 ва 3 моддаи 325 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї новобаста аз шаклњои моликият, аз њама гуна пардохти андозњо, ба ѓайр аз андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеї, озод мебошанд, - иброз дошт Манижа.
Маврид ба ёдоварист, ки ба минтаќаи озоди иќтисодї молњои хориљї ва ватанї бе пардохти бољњои гумрукї ва андозњо, инчунин бе мањдудкунињои дорои хусусияти иќтисодї, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии кишвар муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.
- Воридоти таљњизоти истењсолї, сохтмонї ва молњои зарурї барои ташкили инфрасохтори минтаќањои озоди иќтисодї аз љониби субъектњо ва маъмурияти минтаќањои озоди иќтисодї аз пардохти андоз ва бољњои гумрукї озод мебошанд. Ин минтаќањо барои ноил гардидан ба њадафи чоруми миллї, яъне саноатикунонии кишвар ва рушди коргоњњои нав ва дар маљмўъ, пешрафти иќтисодиёти кишвар хеле муњиманд, - гуфт М. Шарифзода.
Равзанаи ошної
Манижа Шарифзода соли 1994 дар шањри Роѓун ба дунё омадааст. МТМУ № 1 зодбумро соли 2011 хатм намуда, тариќи Квотаи президентї ба Донишкадаи молияи Љумњурии Тољикистон дохил шуда, соли 2015 онро бо ихтисоси њуќуќшинос - иќтисоддон хатм намуд. Соли 2015 њуљљатњояшро ба шуъбаи магистратураи Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон супурда, онро соли 2017 бо ихтисоси менељер - иќтисодчї сомон бахшид.
Сиришти ман, нињоди ман ту будї, Сафои бомдоди ман ту будї. Аё модар, ба ин сон бесаводї Нахустин устоди ман ту будї. Лоиќ
Соли 2019 Манижа бо гурўње аз мутахассисону кормандони минтаќањои озоди иќтисодї барои шиносої ва таљрибаандўзї аз минтаќањои озоди иќтисодии кишвари Туркия дидан кард. Маќсад аз ин сафар шиносої бо фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї дар шањрњои Измир ва Анќара ва гирифтани таљриба иборат буд. Зимни он наќшаи стратегї бо пешнињодњои мушаххас оид ба тарѓибу ташвиќи рушди минбаъдаи минтаќањо ва паркњои саноатї муаррифї шуд.
- Дар Туркия минтаќањои озоди иќтисодї аз солњои 60 – уми асри ХХ таъсис ёфта, механизми рушди онњо њамчун таљриба барои рушди минтаќањои озоди иќтисодии љумњурии мо дорои ањамият аст. Дар Туркия 19 минтаќаи озоди иќтисодї, 312 минтаќаи саноатї ва 83 технопарк мављуданд. Омили асосии муваффаќияти минтаќањои озод ин мавќеи љуѓрофии кишвар, баромад ба роњњои бањрї, инчунин, шомилшавї ба Иттињоди гумрукии Аврупо мебошад. Илова бар ин, минтаќањои озоди иќтисодии Туркия деворбандї нагардида, имтиёзњои андозию гумрукї дар њудуди вилоятњои муайяншуда амалї мегарданд, ки ин раванд барои соњибкорони хориљї ва дохилї мусоид мебошад,-иброз дошт мутахассиси љавон.
Минтаќаи озоди иќтисодии муваффаќ
Тибќи маълумоти оморї алњол дар минтаќањои озоди иќтисодии кишвар 75 ширкати ватанию хориљї њамчун субъект ба ќайд гирифта шудааст, ки бештари онњо ба минтаќањои озоди иќтисодии «Суѓд» ва «Данѓара» рост меоянд. Њоло дар Минтаќаи озоди иќтисодии «Суѓд» 29 субъект, Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» 25 субъект, Минтаќаи озоди иќтисодии «Панљ» 16 субъект ва дар Минтаќаи озоди иќтисодии «Ишкошим» 5 субъект ба ќайд гирифта шудааст.
Дар минтаќањои озоди иќтисодии кишвар сохтмони корхонањои коркарди мањсулоти нафтї, истењсоли лўлањои пластикї, мањсулоти бофандагиву дўзандагї, коркарди металл, истењсоли маводи рангубор ва андовањои декоративї, таљњизоти барќї ва дигар намуди мањсулот ба наќша гирифта шудааст, ки соли љорї ва солњои минбаъда мавриди истифода ќарор хоњанд гирифт.
- Шавќ агар роњбар бошаду дастгирии наздикон, бахусус падару модар њамеша ёр, метавон ба ќуллањои мурод расид. Аз ваќт ва имконият мебояд самаранок истифода бурд. Мутахассиси хубро дар куљое, ки набошад, њатман пайдо ва дастгирї менамоянд. Ман њамчун мутахассиси љавон барои рушду нумўи иќтисодиёти кишвар то умр боќист, хизмат хоњам кард, - афзуд дар фарљоми суњбат Манижабону.
Ф. шаъбон