Харидҳои онлайнӣ дар байни мардуми мо, аз ҷумла бонувон нисбат ба солҳои қаблӣ маъруфияти бештар пайдо намуда, теъдоди мағозаҳои онлайнӣ низ зиёд шуда истодааст. Аммо, на ҳама ба ин навъи харид эътимод доранд ва бархе ба дастрасиву сифатнокии мол шубҳа менамоянд. Лек қисмате барои сабукии кори худ аз мағозаҳои онлайнӣ пайваста харидорӣ карда, ба фаъолияти кории онҳо ва нарху сифати маҳсулот баҳои мусбӣ медиҳанд.
Шаҳноза, ки корманди яке аз корхонаҳои давлатӣ мебошад ва рӯзҳои корӣ машғули фаъолият асту дар рӯзҳои истироҳатӣ бештари вақташро бо фарзандон мегузаронад, пойафзол ва либосҳояшро аз мағозаи онлайнии style.shop (стайл.шоп) харидорӣ менамояд. Ӯ мегӯяд, ки дар давоми як соли мизоҷи ин мағоза будан фармудаҳоящ сари вақт мерасанду он чизеро ба даст меорад, ки шабеҳи расмҳои гузошташудаи мағозаанд. Зеро на ҳама вақт аксу наворҳои молҳои гузошта ба молҳои аслии дастрасшуда мувофиқат мекунанд.
- Дар баробари либосҳои худ, инчунин, барои фарзандонам низ тариқи мағозаҳои онлайнӣ чизҳои лозимаро харидорӣ менамоям. Зеро сифати хуб ва нархҳои дастрас доранд ва бо он ки аз хона фармоиш медиҳиву худ меоранд, вақт ҳам сарфа мешавад, - иброз медорад Шаҳноза Бурҳонова, сокини шаҳри Душанбе.
Ба андешаи Зулфия ин навъи хариду фурӯш имкон фароҳам меорад, то шахс вақташро сарфа намояду як рӯзи худро дар мағоза ва бозор нагузаронад. Ӯ мегӯяд, барои харидани моли лозима зарур нест, ки ба даҳҳо марказҳои савдо биравему соатҳо дар ҷустуҷӯи ашё ва моли дилхоҳамон бошем. Танҳо дархости мувофиқро ба системаи ҷустуҷӯӣ ворид намуда, молу маҳсулоти заруриро аз мағозаи онлайнӣ пайдо намудан кофист.
- Ҷиҳати хубии мағозаҳои онлайнӣ дар он аст, ки харидориро ҳама вақт анҷом додан мумкин аст, зеро чунин мағозаҳо шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Бо харидани чизе аз онҳо шумо метавонед ҳадди аққал ду соатро, ки барои сафар ба маркази савдо сарф мешуд, сарфа намоед. Ғайр аз ин, барои осонии кори корбарон, сайтҳои харидҳои онлайнӣ аксар вақт ҷустуҷӯро аз рӯи як қатор параметрҳо, шурӯъ аз андоза ва ранги мол то маълумот дар бораи кишвари истеҳсолшуда ва мӯҳлати кафолат ба роҳ мондааст, ки он ҳам вақтро сарфа мекунад, - мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Аз гуфтаҳои Шаҳнозаву Зулфия бармеояд, ки хубии кори харидорӣ тариқи мағозаҳои онлайнӣ вақт сарфа гардида, моли дилхоҳро дар зудтарин фурсат пайдо месозӣ. Дар ин росто, нарху навои онҳо нисбат ба мағозаҳои маркази шаҳр арзон аст, новобаста аз он ки молҳои онҳо қариб, ки аз ширкатҳои ҳамсонанд.
Аммо ба ақидаи Махфират агарчи ин навъи хариду фурӯши маҳсулот дар айни замон хуб аст, вале мушкил дар он аст, ки на ҳамеша он чизи интихоб кардаамон мисли маҳсулоти дар аксдида мебошад. Ва дар сурати писанд наомадан, маҳсулотро баргардонида намешавад. Кам андар кам савдогароне ҳастанд, ки молашонро қабул менамоянд.
- Хавфи фиреб хӯрдан ҳангоми интихоби мол зиёд аст. Дар сомонаи мағозаи онлайнӣ молу ашёҳо аз брендҳои машҳури ҷаҳонӣ гузошта мешаванд, вале ҳангоми расидани мол маълум мегардад, ки онҳо қалбакианд. Аз ин рӯ, пеш аз харид дар Интернет, мебояд шарҳҳои мизоҷон вобаста ба мағозаи интихобшударо хонд, то ашёи босифат ба даст орем, - чунин мепиндорад Махфират Танибекова.
Шаҳло низ бо чунин мушкил чандин маротиба рӯ ба рӯ омадааст. Аз ин ҷост, ки ба мағозаҳои онлайнӣ боварӣ надорад. Ба қавли ӯ, аз ин навъи мағозаҳо метавон танҳо зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва он чизеро харидорӣ кард, ки андозагирӣ кардан лозим намеояд.
- Ман ҳеҷ тассавур карда наметавонам, ки либоси барои ман зарурӣ, масалан свитерро тариқи онлайн фармоиш бидиҳам. Чунки андозаи молҳои ҳар кишвар фарқ мекунанд. Ва болои ин, мебояд, ки онро қабл аз харид намудан ба бар кард, то мувофиқатии рангҳоро вобаста ба чеҳраат бубинӣ, - иброз медорад ӯ.
Шаҳло мегӯяд, хуб мебуд агар дар кишварамон мағозаҳои онлайнии китоб бештар роҳандозӣ гарданд, то хоҳишмандон тавонанд китобҳои лозимаро аз ҳар кишвари дунё дастрас созанд. Ҳамон гунае, ки дар кишварҳои ҳамсояи Русияву Ӯзбекистон алҳол чунин мағозаҳои онлайнӣ фаровонанд.
Воқеан ҳам, на ҳама имрӯз ба мағозаҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон боварӣ доранд. Кам касоне ҳастанд, ки тариқи ин мағозаҳо харидорӣ менамоянд. Барои боварии мардумро сазовор шудан, роҳбарони мағозаҳои онлайниро мебояд, то қабл аз ҳама молу маҳсулотҳоеро дастраси мардум гардонанд, ки дар сомонаҳои мағозаҳояшон гузошта шудаанд.
Бунафша