Ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ (пашм), баланд бардоштани сифати маҳсулоти қолинӣ, рақобатпазирии он дар бозори дохилию хориҷӣ, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти қолинӣ, ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи қолинбофӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот ва ҷалби шаҳрвандон ба истеҳсолоти соҳаи қолинбофӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» мавриди амал қарор дорад.
Тибқи барномаи мазкур то соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти қолинӣ бояд ба 5 миллион метри мураббаъ расонда мешуд. Дар доираи барнома истеҳсоли қолинҳо аз 1 миллиону 190 ҳазор метри мураббаи соли 2015 ба 4 миллиону 375,9 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2019 расид, яъне истењсоли он 3,7 маротиба афзоиш ёфт.
Аз рўи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иқтидори истеҳсолии корхонаҳои қолинбофӣ сол аз сол зиёд гардида, айни замон солона 2, 5 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, дар соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолинӣ дар ҷумҳурӣ дар маҷмўъ ба 5 миллион метри мураббаъ расонда мешавад. Ва ин ба таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.
Мутахассисони вазорат тазаккур доданд, ки то ба тасвиб расидани «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» дар кишвар танҳо як корхонаи истеҳсоли қолин - «Қолинҳои Қайроќқум» мавҷуд буд. Дар давраи амалишавии барномаи мазкур шаш корхона, аз ҷумла ҶДММ “Тоҷ Фейза”, ҶДММ “Мавлонои Румӣ”, ҶДММ “30 - солагии Истиқлолияти ҶТ - 1”, ҶДММ “Самарқанд М” дар самти истеҳсоли мањсулоти қолинӣ ва ҶДММ “Шероз”, ҶДММ “Гулвард” дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф ба фаъолият шурўъ намуд, дар натиҷа 486 ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, 17 сентябри соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои бунёди ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» санги асос гузоштанд. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин буда, дастгоҳҳо аз ширкати «Ван –де Вил» – и Белгия ворид хоҳанд шуд.
ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди ба истифода додани он 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки имконияти молиявии корхонаҳо, ки аз фурӯши маҳсулот ва фармоишҳо барои истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ вобастаанд, ба ҳолати имрӯза барои васеъ гардондани истеҳсолот нокифоя мебошанд. Вазъияти баамаломада дар истеҳсоли қолинбофии кишвар ҳоло ҳам имкон намедиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда пурра истифода шаванд. Аз ин рӯ, ҳалли мусбати масъалаҳои вобаста ба ҳимояи молистеҳсолкунандаи ватанӣ, пешгирии воридоти маҳсулоти қочоқ аз хориҷи мамлакат, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ва фондҳои сармоягузорӣ, ёрии техникии лизингӣ ва дар ин асос ҳавасмандгардонии соҳибкорони хусусӣ аз ҷониби вазорату идораҳои масъул метавонад иҷрои пурраи барномаро имконпазир гардонад.
Мутобиќи муќаррароти барнома соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои саноатии вобаста ба истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолинӣ сару кор доранд, аз сабукӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукї бархӯрдоранд. Бахусус воридоти дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи хом барои корхонаҳои қолинбарорӣ аз супурдани боҷи гумрукӣ озод мебошанд. Инчунин, бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ боҷи гумрукӣ ба воридоти қолин аз хориҷи кишвар 30 дарсад боло бурда шудааст.
Дар баробари афзоиши истеҳсоли қолин содироти он низ сол аз сол рӯ ба афзоиш дорад. Агар соли 2015 аз кишвар дар ҳаҷми 72 ҳазору 186 килограмм қолин ва маҳсулоти қолинӣ ба маблағӣ 82 ҳазору 549 доллар содирот гардида бошад, пас ин рақам дар соли 2019 226 ҳазору 574 килограмм ба маблағи 374 ҳазору 492 долларро ташкил дод. Дар панҷ соли охир аз кишвар дар ҳаҷми 636 ҳазор килограмм қолин ва маҳсулоти қолинӣ ба маблағи қариб 1 миллион доллар содирот карда шудааст.
ҶДММ «Мавлонои Румӣ», ки дар деҳаи Бўрёбофи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, яке аз корхонаҳои калони истеҳсоли қолин ба шумор меравад. Корхонаи мазкур аз соли 2016 ба фаъолият оғоз намуда, иқтидори истеҳсолияш 250 ҳазор метри мураббаъ дар як моҳ мебошад. Соли 2018 550 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳсол намуд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар корхона се сол аз андоз аз фоида озод гардид. Ин дастгирӣ имкон дод то 2 адад дастгоҳи нав харид ва иқтидори истеҳсолии он бештар гардад. Дар натиҷа соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли мањсулот 300 фоиз афзуда, ба 1 миллиону 649 ҳазору 600 метри мураббаъ расид. Танҳо дар ду соли охир ин коргоҳ ба хориҷа зиёда аз 120 ҳазор метри мураббаъ қолин содирот намудааст.
Маҳсулоти хоми корхонаи мазкур аз Туркия ва Бангладеш ворид мешавад. Корхона дар бозорҳои шаҳри Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ёвон мағозаҳои фурӯши маҳсулоти худро ба роҳ мондааст. Нархи як метри мураббаъ қолинҳои истеҳсолнамудааш аз 22 сомонӣ то ба 200 сомонӣ мерасад.
ҶДММ «Мавлонои Румӣ» ба ҳисоби миёна дар як моҳ 250 ҳазор сомонӣ андоз месупорад, ки дар як сол 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари пешравиҳо дар соҳа камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Бахусус дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, пешниҳоди оморҳои носаҳеҳ ва зарари экологии корхонаҳо ба муҳити зист.
Тавре сармуҳосиби ҶДММ «Мавлонои Румӣ» Саодат Эгамназарова иброз намуд, муассиси корхона шаҳрванди Туркия Угур Ҳанифӣ буда, сармояи оинномавиаш ба 17 миллион сомонӣ расидааст ва он рӯ ба афзоиш аст. Тибқи омори расмӣ дар корхона 44 нафар кор мекунад, дар асл бошад 150 нафар сокини деҳаҳои атроф, ки бештарашон бонувонанд, кор карда истодаанд. Ҳарчанд масъулони корхона мегӯянд, ки кор дар ду баст ба роҳ монда шудааст, дар асл кормандон дар се баст кор мекунанд.
- Маоши коргарон 900 – 1000 сомонӣ буда, бо сарулибос ва ду вақт бо хӯрок таъминанд, - мегӯяд Саодат Эгамназарова. Аммо дар чунин як корхонаи калон вуҷуд надоштани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, ки метавонист ҳуқуқҳои кормандонро дифо кунад, боиси таассуф аст. Корхонаи мазкур дар як сол 2,5 – 3 ҳазор сомонӣ барои ҳифзи муҳити зист месупорад. Дар ҳоле, ки сокинони атрофи корхона аз дуд ва бӯи ғализи корхона борҳо шикоят бурдаанд.
Д. САФАР