Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ ёфтааст, ки гузаштан аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари индустриалӣ аграрӣ яке аз ҳадафҳои аслӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар доираи татбиқи нишондодҳои ин ҳадафи стратегӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки баҳри рушди саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамоянд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» аз ҷумлаи чунин корхонаҳост.
ҶДММ «Шири Данғара» яке аз корхонаҳои номдори ноҳия маҳсуб ёфта, дар аввал маркази ҷамъоварии шир ва сипас, корхонаи хурди хусусии ширии «Сафар» ном гирифта буду равғани маска ва зард истеҳсол менамуд. Ширро аз фермаҳои чорвопарварӣ мехарид, вале дар як рӯз имкони зиёди қабули онро надошт, зеро барои коркарди пурра иқтидори истеҳсолӣ намерасид. Коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Баҳром Олимов бо техникаҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд ва ба ҶДММ «Шири Данғара» табдил ёфт.
Соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона аз нав ба фаъолият пардохт. Айни ҳол роҳбарии муассисаи саноатиро Одил Сардоров бар дӯш дорад. Бо бунёди корхона бонувони бекор барои худ шуғл ёфтанд.
Мақсад аз таъсиси коргоҳ низ бо кор таъмин намудани занҳои хонашин буд.
- Корро аз ҷалби бонувон ба курсҳои омӯзишӣ оғоз намудем. Аз фабрикаи «Шири Душанбе» мутахассисон даъват гардиданд, онҳо ба коргарон идора кардани таҷҳизоти замонавӣ ва тарзи омода намудани маҳсулоти шириро омӯзонданд. Алҳол дар ин заҳматгоҳ 18 нафар фаъолият мебарад, ки 30 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамаи онҳо тарзи коркард ва омода намудани маҳсулоти шириро пурра аз худ намудаанд, иброз дошт роҳбари корхона Одил Сардоров.
ҶДММ «Шири Данғара» ҳамарӯза маҳсулоти зиёдеро, ки инсон ба он ниёз дорад, истеҳсол намуда, мардуми ноҳияро бо он таъмин менамояд. Ба харидорон 13 намуди маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла қаймоқ, сметана, кефир, ҷурғот, 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чака, дӯғоб, ширу маска ва амсоли инҳо пешкаш мегардад. Ин ҷо рӯзе то 400 литр шир коркард мешавад.
- Ҳарчанд коркарди шир ва омода намудани маҳсулот осон намояд ҳам, он бағоят душвор аст. Бо як намуди шир намета- вон ҳамаи онҳоро омода сохт. Ҳангоми тайёр кардани сметана нахуст қаймоқи ширро бо асбоби сепарат мегирем, сипас ширро пухта, сметана омода менамоем, ки он 6 - 7 соатро дар бар мегирад. Вақти омода кардани ҷурғот ва дигар навъи ғизоҳо боз дигар амалҳо иҷро мегарданд. Ҳар кадоми онҳо дар вақтҳои гуногун ва бо асбобҳои махсус омода мешаванд, - мегӯяд О. Сардоров.
Маҳсулоти омодашударо бо мошинҳои махсус ба мағозаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки шартномаи дуҷониба доранд, дастрас менамоянд.
Ду мошини махсус, ки 2 - 3 тонна маҳсулот мекашонад, барои ҷамъоварии шир ва дастрас намудани маҳсулот хизмат мерасонад. Барои ҷамъоварии шир корхона бо фермаҳои «Раҳмонҷон» ва «Сомонҷон» қарордод баста, дар баробари ин, аз мардум низ шир мехарад. Ҳамчунин, коргоҳ дорои сардхонаи бузургест, ки имкони ғунҷоишаш 15 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба ҳама дастрас буда, нисбат ба бозор қариб як баробар арзон ме- бошад.
-Агарчи дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон коргоҳҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти шири фаъоланд,ҳамоно талабот ба маҳсулоти корхонаи мо зиёд аст. Чунки маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Данғара» табиӣ буда, дар таркибаш ягон намуд маводи кимиёвӣ мавҷуд нест. Афзудани ниёзмандиҳо ба маҳсулоти мо сифатнок будани он аст. Аз ин ҷост, ки муҳлати истифодабарии маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Данғара» вақти камро дар бар мегирад. Бархе аз корхонаҳо барои зиёд нигоҳ доштани маҳсулот аз ҳар гуна маводҳои кимиёвӣ истифода мебаранд, ки ба саломатии инсон зиён доранд, меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Мутахассисони таҷрибадор талош меварзанд, то маҳсулоти ширии сифатнокро ба аҳолӣ пешкаш намоянд. Тибқи дурнамо афзудани номгӯйи маҳсулоти ширӣ дар назар аст. Инчунин, шумори шартномаҳои дуҷониба бо нуқтаҳои савдову фурӯшгоҳҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ меафзояд. Дар ин сурат, ҷалби бонувон ба корхона бештар мегардад. Инчунин, бо чанде аз марказҳои савдои шаҳри Душанбе, аз қабили «Ашан», «Пайкар» ва монанди инҳо, қарордоди ҳамкорӣ баста, анвои «Шири Данғара» дар пойтахт низ ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд. Барои иҷрои ин мақсадҳо масъулон ният доранд дар оянда фермаи чорвои калон бунёд намоянд. Бо ин мақсад 100 сар гови