Дар ҳудуди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Сомониён»- и деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ аз соли 2011 маркази ташхисию табобатии «Сино» амал мекунад ва он яке аз беҳтарин табобатгоҳҳои хусусӣ дар вилояти Суғд эътироф шудааст.
Муовини сардори марказ Шарифамоҳ Маликова назди мо дафтареро гузошт, ки дар он мизоҷони дар даҳ моҳи соли равон табобатгирифта сабт шудаанд. Маълум шуд, ки ба ғайр аз сокинони ноҳия, мардум аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Айнӣ, Гулистон, Истиқлол, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, инчунин, аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Нуробод, Ёвон, Рашт, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дарвоз дар ин ҷо аз ташхису табобат гузаштаанд. Дар ин рӯйхат беморон аз шаҳру ноҳияҳои Тошканд, Бекобод ва Бӯкаи Ӯзбекистон, вилояти Чимкенти Қазоқистон ва ҳатто аз шаҳри Москва низ ҳастанд.
Меваи Истиқлолият
Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди тибби хусусӣ роҳи васеъ кушода шуд. Соли 2011 бо истифода аз ин шароити мусоид бародарон Султоновҳо дар як бинои бекормондаи собиқ колхоз маркази ташхисию табобатии «Сино»-ро таъсис доданд. Марказ соли аввал 26 корманд ва 20 кати табобатӣ дошт.
Алҳол теъдоди катҳои табобатӣ ба 53 расида, 67 нафар духтуру кормандони миёна ва хурди тиб, оростакорон бо ҷойи кори доимӣ ва музди хуб таъмин мебошанд. 5 нафар духтур дараҷаи олӣ, 2 нафар дараҷаи якум дорад. 4 нафар дар Федератсияи Россия, 2 нафар дар Эрон ихтисоси худро такмил додааст.
Як сабаби маъруфияти «Сино» дар он аст, ки маъмурият барои хариди таҷҳизоти муосири ташхису табобат маблағро дареғ намедорад. Ҳар сол 3–4 дастгоҳи нав мехарад. Дар марказ дастгоҳи лазерии дохилирагӣ, ваннаи инфрасурх, дастгоҳи нави кашиши сутунмуҳра амал мекунанд. Миқдори дастгоҳи УЗИ аз 1 адади соли аввал ҳоло ба 3 расида. Агар дар соли таъсисёбӣ дар ин ҷо 20 намуди таҳлили лабораторӣ мегузаронданд, алҳол 70 намуди таҳлил анҷом дода мешавад.
Сардухтури марказ Шодӣ Султонов, пизишкон Азимҷон Олимов, Ҷалилбек Ҷалилов, Назар Назаров, Юнус Юсуфов, Мӯсохон Ғаффоров, Сайфиддин Зикриёев, ҳамшира ва бародарони шафқат Фирӯза Шавкатова, Фароғат Ҳакимова, Бибинор Розиқова, Гулангез Зарифзода, Шодигул Солеҳова, Зайнура Шодиева, Муқаддаси Аюб, Муҳаммадраҳим Носиров, Умед Боқиев ва дигарон дар пешрафти кори шифогоҳ саҳми назаррас доранд.
Аксари кормандон бонувонанд
- Дар марказ 47 нафар бону кор мекунад. Бо таъсиси марказ тафаккури мардуми деҳа низ тағйир ёфт ва акнун ба таҳсили духтарон дар макотиби олию миёнаи махсус монеъ намешаванд. Духтури амрози занона Мижгона Султонова, ки фарзанди ҳамин деҳа аст, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба марказ ба кор омад ва шумори мизоҷони мо аз ҳисоби бонувон афзуд. Мижгона дониши хуби тиббӣ дорад ва муомилааш ҳам хеле олист, - изҳори хурсандӣ менамояд муовини сардор Шарифамоҳ Маликова.
Арзи сипоси мизоҷон
Дафтарҳои арзу шикоят ва пешниҳодҳоро, ки аз арзи сипоси мизоҷон пур шудаанд, варақ мегардонем ва ин сатрҳои муаллима Оҳистамоҳ Сӯфиеваро мехонам:
«Дар тӯли ҳаёти худ ба бисёр муассисаҳои табобатию фароғатӣ рафтам, вале муассисаи табобатиеро чун табобатгоҳи «Сино» надидам. Дар ин ҷо тамоми шароит бо ҷузъиёташ барои табобатгирандагон муҳайёст. Як сӯ гулгаштҳои дилкашу гуворо, як сӯ фаввораҳои мусаффо ба ҳусни он ҳусн зам кардаанд. Ҳатто роҳравҳои бино низ бо гулдонҳои пур аз гулҳои рангоранг зеб дода шудаанд. Ин муассисаро метавон муассисаи тарбиявию ахлоқӣ ҳам номид. Зеро сар аз роҳбари инсонпарвари он Ниёзмуҳаммад Султонов ва муовин Шарифамоҳ Маликова кулли кормандони марказ ҳама дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буда, нисбат ба беморон хеле ҳалиму меҳрубон, хушзабону хушмуомила ва дилсӯзу ғамхор мебошанд.»
Се хоҳар аз Панҷакент - Зарофат, Меҳринисо, Маҳина Бобоҳоҷиеваҳо дар марказ аз усули нави табобати сутунмуҳра баҳравар гардида, аз муомилаи хуби кормандон ба ваҷд омадаанд ва ин муассисаро осоишгоҳи №1-и Тоҷикистон номидаанд.
Аз берун таом овардан манъ аст
Ростӣ, аз ин иқдом, яъне қатъиян манъ будани аз берун овардани ғизо, ки роҳбари марказ Ниёзмуҳаммад Султонов риояи онро барои ҳама ҳатмӣ медонад, аввалҳо баъзе мизоҷон норозигӣ изҳор мекарданд. Акнун ин ташаббус, ки ба хотири тозагӣ ва амнияти ғизоии мизоҷон роҳандозӣ шудааст, бартарияти худро исбот намуд.
- Тасаввур кунед, ки дар як ҳуҷраи табобатӣ сарватманде бо камбизоате хоб аст. Барои сарватманд ҳар рӯз чандин намуд ғизоҳои гуногун меоранду камбизоатро касе аёдат намекунад ва, албатта, ҳар дафъае, ки шарики бадавлаташ ӯро ба хӯрокхӯрӣ даъват мекунад, хиҷолат мекашад. Пас, адолати иҷтимоӣ куҷо мемонад? -мегӯяд Ниёзмуҳаммад Султонов. –Ҳамчунин, шоҳиди онем, ки дар аксари ҳуҷраҳои табобатии беморхонаҳо пасмондаҳои таом ҷамъ мешаванд ва боиси пайдоиши бемориҳои нав мегарданд. Сониян, ин иқдом исрофро ҳам кам мекунад, ки ҳам ба фоидаи бемор асту ҳам ба суди беморбинон. Хуб мешуд, ки ин иқдом дар дигар бемористонҳо низ роҳандозӣ гардад.
Бинои нав – имкониятҳои нав
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ таҷлил хоҳад шуд, бародарон Султоновҳо тасмим гирифтанд, ки як бинои иловагии сеошёнаи замонавӣ созанд. Алҳол корҳои сохтмонии бинои мазкур дар арафаи анҷомёбист.
- Як ошёнаи бинои нав пурра барои ташхис ҷудо шудааст, ки лабораторияҳои онро бо навтарин дастгоҳҳо, аз ҷумла бо рентгени рақамӣ таъмин хоҳем кард. Ҳамчунин, барои духтурони дандон, пӯст, гӯшу гулую бинӣ, раддодӣ, чашм, урологӣ ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Толори варзиши табобатӣ ҳам бо таҷҳизоти нав пешкаши мизоҷон хоҳад гашт. Инчунин, дар бинои нав боз 34 ҷои хоб барои мизоҷон муҳайё месозем ва 10 - 12 нафар соҳиби ҷои кор мешавад, - мегӯяд сарвари марказ Ниёзмуҳаммад Султонов.
Боймуҳаммад - соҳибкори ватанпарвар
Воқеан, таъсис ва бунёди маркази ташхисию табобатии «Сино» ягона иқдоми бародарон Султоновҳо дар ободонии деҳа нест. Пештар онҳо маркази хизматрасониеро бо номи «Сомони Султон» ва дар шафаташ меҳмонхонаи дуқабата бунёд кардаанд. Меҳмонхона дорои ҳуҷраҳои хоби яккасӣ, дукасӣ, секасӣ ва умумӣ буда, бо навтарин мебелу ҷойхоб ва оби гарму хунук таъмин аст.
Корҳои хайри бародарон зиёданд. Онҳо то ин дам ду чоҳи оби нӯшокӣ кофтаанд, ки таъмини аҳолӣ бо оби тоза хеле беҳтар гаштааст. Инчунин, 5 километр роҳҳои деҳаро асфалтпӯш намудаанд.
Ташаббускор ва маблағгузори ин иқдомҳои наҷибу ватандӯстона Боймуҳаммад Султонов аст, ки дар шаҳри Москва соҳибкорӣ мекунад ва дар эъмори иншооти номбурда ширкати муваффақ дорад. Ӯ иштирокчии доимии вохӯриҳо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон буда, фоизи муайяни дороии хешро барои рушду нумӯи зодгоҳ масраф менамояд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
ноҳияи Мастчоҳ