Аз рӯзгори бонуе муваффақ аз Хабаровск
Ахмедова Шарофат Мамадҷоновна – зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Аз соли 1990 сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва аз соли 2012 маскуни шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия. Оиладор, модари 4 фарзанд ва 13 набера.
Пешбурди ҳаётро бе мақоми зан – модар тасаввур намудан аз имкон берун аст. Албатта, бонувоне, ки ҷасорати мардона доранд, арсаи набарди зиндагиро бо сарбаландӣ фатҳ месозанд. Шарофат бонуест, ки пастиву баландиҳои зиндагиро устуворона пушти сар кардааст. Ҳар бори омадан аз шаҳри Хабаровск ба Тоҷикистон, пайвандону дӯстон ва афроде, ки аз ӯ ёрмандӣ дидаанд, ба дидорбиниаш мешитобанд.
Чун шунидем, ки Шарофатбону омадааст, ба дидорбиниаш рафтем. Ҳамсараш Ҳабибулло Насруллоев ба сифати муфаттиши ШВКД-и ноҳияи мазкур, дар барқарорсозии ҳукумати қонунии Тоҷикистон саҳми калон дошта, алҳол бо рутбаи майори мустаъфӣ дар шаҳри Хабаровск роҳнамои аҳли хонавода аст. Фарзандҳояшон Ҳафиза, Фирӯза, Ҳокимҷон ва Зокирҷон олами рангини орзуҳои волидонро рангинтар менамоянд.
- Ман, - мегӯяд мусоҳибам, - то солҳои 2000-ум хонашин будам. Зеро пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро идома надодам ва танҳо ба дӯзандагӣ шуғл варзидам. Баъд аз оиладор шудан, ҳастиамро ба тарбияи фарзандон бахшидам. Ҷигарбандонам ба воя расиданд ва бо заҳмат рӯзгор пеш мебурдем. Яку якбора ба вазъияти танги иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудем. Бо машварат соли 2012 роҳи мусофиратро ихтиёр намуда, дар шаҳри Хабаровск мустақар гаштем.
Баъди як сол бо меҳнати дастаҷамъонаи оилавӣ «Қаҳвахонаи Шарқиён» («Восточное кафе») - ро ҳамчун муаррифгари ғизоҳои лазизи Тоҷикистон таъсис додем. Аввал бо аъзои оила ва чанд нафар хешовандону дӯстон ба фаъолият пардохтем. Оҳиста - оҳиста сафи кормандонро зиёд намудем. Ҳамин тавр, боз ду қаҳвахонаи дигар бо ҳамин ном таъсис дода, шахсонеро ба кор таъмин намудем, ки аксарият аз Тоҷикистон буданд.
Хушбахтона, дар шаҳри Хабаровск соҳиби хонаву дари худ шудем. Дар баробари ин, барои кормандони хеш низ шароитҳои хуб фароҳам овардем. Пас аз ин, дар миқёси шаҳр шумораи ихлосмандони «Қаҳвахонаи Шарқиён» афзуд. Аз он рӯзҳо аллакай 7 сол сипарӣ гашт.
Сипосгузор аз онам, ки бо ҳидояту дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои оилаи мо ҳам шаҳрванди Россия ва ҳам Тоҷикистон ҳастанд. Ҳангоме ки назари некашонро ба халқи Тоҷикистон, бахусус баҳри бонувон мебинам, хушҳол мешавам. Аз ҷумла, баҳри соҳибкорию роҳбарии бонувон талош меварзанд. Ман ҳам чун як соҳибкори бурунмарзӣ аз сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти таърихӣ мефахрам.
Қаблан қавл дода будам, ки дар мусофират муваффақ шавам, ҳатман ба ҳамдиёрон ва кишварам ёрӣ мерасонам. Инак, 3 сол аст, ки дар ҷашнҳои Соли Нав, Наврӯз ва ғайра ба ниёзмандон, ашхоси бепарастор ва маъюбони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дасти ёрӣ дароз мекунам. Ҳамчунин, барои омодагиҳои ноҳия ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Наврӯзи соли 2020, ки баргузории он дар ин макон дар назар аст, саҳм гирифтем.
Дар Хабаровск бо «Ҷамъияти тоҷикон»-и шаҳр иртибот барқарор намудем. Алҳол, Фирӯзаю Зокирҷон ва келинам Фарзона хатмкардаи донишгоҳҳои Россия буда, бо ман ҳамкорӣ доранд. Ҳама якҷо бо фарзандону келинҳою набераҳо осудаю хушбахтем, лекин Тоҷикистон - Ватани ба ҷону дил баробарамонро дӯст медорем. Мекӯшам соле ду-се маротиба ба Тоҷикистон биёям.
Аснои суҳбат бародараш Зиёдҷон Ахмедов, янгааш Робия Мақсудова ва аммаи фарзандонаш Қумрихон Насруллоева гирдамон парвона буданд. Бо Шарофатапа акси хотиравӣ гирифтем. Дар интиҳои суҳбат таманниёти эшонро хоҳон шудем. Бонуи хушдил дасти дуо бардошт:
- Худовандо, Тоҷикистони азизро аз чашми кӯрдилон ва хоинони Ватан ҳифз намо. Сарвари ғамхори халқ Эмомалӣ Раҳмонро боз ҳам бозуи тавоно бидеҳ, то киштии мақсудро роҳнамоӣ кунанду мардуми кишвар дар дарёи орзуҳо бе тарсу ҳарос шино намоянд…
Сафармоҳ ГАДОЕВА,
омӯзгор