Рӯзҳои 1–2 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» форуми тиҷоратии занон ва ЭКСПО-2019 баргузор гашт. Чун ҳарсола, дар форуми мазкур бонувони зиёди ҳунарманд аз гӯшаву канори мамлакат ҷалб гардида, дастранҷҳои хешро ба намоиш гузоштанд.
Ин бонувони ҳунарманд, ки ба тиҷорат низ машғуланд, дар баробари ин шуғл занони хонашин, бонувони дорои маъюбият ва модарони танҳоро, ки ҷиҳати дарёфти ҷои кор танқисӣ мекашанд, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардаанд.
Умеда Абдурашидова, роҳбари Маркази касбомӯзии «Сеҳри сӯзан» («Sehri suzan») – и шаҳри Хуҷанд буда, наздики як сол аст, ки занону духтарони хонашин ва бонувоне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират қарор доранд, ба омӯзиш ҷалб намудааст. Пас аз ҳар даври омӯзиш бонувон соҳиби шаҳодатнома гардида, аз ҳисоби дастранҷҳои хеш ба дарёфти ризқу рӯзӣ камар мебанданд.
- Дар ин марказ бештар ҳунарҳои сӯзаниву юрмадӯзӣ, болишт барои нармкурсиҳо, ҷилдҳои рахти хоб, ҷузвдон ва дастанҷому даспонаҳо барои занон омӯзонда мешавад. То ин замон наздики 20 нафар курси омӯзиширо хатм намуда, соҳибкасб гардид. Бештар ба бонувоне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират қарор доранду аз дастгирии онҳо маҳруманд, ҳунар омӯзонда мешавад, - иброз дошт У. Абдурашидова.
Умеда ин навъи тиҷоратро бо се ҳазор сомонӣ - маблағи бадастовардаи гранти раиси шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Сипас, бо дарёфти 8 ҳазор сомонӣ аз гранти раиси вилояти Суғд тиҷораташро ҷоннок намуда, бонувонро ба омӯзиш ҷалб намуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мағозаи махсусеро таъсис додааст, ки он ҷо армуғонҳои миллӣ таҳти бренди «Sehri suzan» ба фурӯш гузошта мешаванд.
Насиба Мирпочоева низ маркази омӯзишии махсуси хешро таъсис додааст, ки бо унвони «Sоgd art» фаъолият менамояд. Ин ҷо низ бонувон ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Вале дар қиёс аз «Сеҳри сӯзан», дар ин марказ бонувоне ба омӯзиш ҷалб мегарданд, ки дар хонаводаи онҳо нафарони маъюб зиндагӣ менамоянд ё худи онҳо дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд. Бонувони ба хушунати оилавӣ гирифторшуда низ ба ин макони ҳунар ҷалб мегарданд. Муҳрабофиву кашидадӯзӣ, дӯхти дастархону кӯрпача, сачоқҳои миллӣ ва ороишоти гуногуни занона ин ҷо ба онҳо ройгон таълим дода мешаванд.
- Пас аз итмоми курси омӯзишӣ ин нафарон метавонанд дар хонаҳои хеш ба офаридани дастранҷҳо машғул шаванд. Маҳсулоти омодашударо ба фурӯш гузошта, маблағи бадастомадаро ба соҳибонашон бармегардонем. Инчунин, аз ҷониби марказ онҳо бо маҳсулоти хом таъмин мегарданд. Пас аз фурӯши маҳсулоти тайёри ҳунармандон маблағи маҳсулоти хом ба марказ баргардонда шуда, аз ин ҳисоб нафарони дигар ба касбомӯзӣ ҷалб мегарданд, - иброз дошт бо қаноатмандӣ Насиба.
Барои ба фурӯш рафтани маҳсули дастони ҳунармандон Насиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи махсуси марказро гузоштааст, ки мизоҷон метавонанд ба ин тариқ фармоиш диҳанд. Тӯли як моҳ аз ҷониби марказ ҳудуди 50 навъи дастранҷи ин ҳунармандон ба фурӯш меравад. Мизоҷон на танҳо аз дохил, балки аз хориҷи кишвар низ зиёданд. То имрӯз аз кишварҳои Австрия, Исроил ва Россия тариқи онлайн фармоиш гирифта, дархости онҳо амалӣ гардидааст.
Гулноз Раҳматуллоева имрӯзҳо қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи соҳибкорӣ мегузорад. Ӯ пас аз хатми курси 6-моҳа аввалин бор коллексияи маҳсулоти худро, ки «Тӯмор» унвон гирифтааст, бо бренди «Gulnoz Mansurovna» дар ин форуми тиҷоратӣ ба намоиш гузоштааст. Маҳсули дастони ӯ гарданбанду дастпона, овезаҳо барои занҷира ва сӯзани қубба мебошанд, ки аз муҳраҳои зарҳалин сохта шуда, ҳар кадоме аз онҳо бо матои адрас оро дода шудаанд. Гулноз мегӯяд, ки барои босифат ва серхаридор таҳия кардани дастранҷҳо муҳраҳои баландсифатро аз Чехия дастрас менамоянд. Ният дорад, ки дар оянда ҳалқаҳо низ таҳия карда, ба коллексияи мазкур шомил намояд.
Назди маҳсулоти ба намоишгузоштаи бренди «LA’AL TEXTILES» («Лаъл Текстайлз») низ мизоҷони зиёде ҷамъ омада, маҳсули дастони ҳунармандони ин коргоҳро харид менамуданд. Ин ҷо бештар маҳсулоти бофандагии дастӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Маҳсулоти «LA’ALTextiles» лоиҳаи махсусест, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи Россия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав рӯи кор омадааст. Таҳти бренди мазкур аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон бо дастгирии техникии СММ оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) дар Тоҷикистон маҳсулот омода мешаванд. Дарина Ҳусейнова, мутахассис оид ба савдои «LA’ALTextiles» иброз дошт, ки дар ин коргоҳ 10 нафар бону бо шуғл фаро гирифта шуда, инчунин ба мутахассисони соҳаи байналмилалӣ низ ҳамкориро ба роҳ мондаанд.
- Мақсад аз таъсиси маҳсулот таҳти тамғаи «LA’ALTextiles» навсозӣ дар самти ҳунарҳои мардумии дастӣ ва рақобати солим миёни ҳунармандон мебошад. Бар он мекӯшем, ки маҳсули дастони бонувони ҳунарманди тоҷик ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид гашта, бештар харидор пайдо созад, - мегӯяд Д. Ҳусейнова.
Ба қавли ӯ, лоиҳаи мазкур бо корхонаҳои зиёде, аз қабили Маркази савдои «Душанбе мол», мағозаи «Хонаи ман», меҳмонхонаи «Серена» ва амсоли инҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондааст, ки дар ин ҷойҳо низ дастранҷҳои ҳунармандон ба намоиш гузошта мешаванд.
Баргузории чунин форумҳои тиҷоратӣ ба бонувони ҳунарманд рӯҳу илҳоми тоза бахшида, дар роҳи тавсеаи чунин шуғли даромаднок имкониятҳои бештареро фароҳам меоранд.
Тобон Сафарова,
омӯзгори гимназияи №74