Ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибу созанда буда, дар рушди босуръати ин соҳа таъсири амиқ мегузорад. Ҳамакнун, бо ташаббусҳои неки соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ дар саросари кишвар қомат афрохта, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.
ҶДММ «Фарм Текс»-и дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара воқеъ буда, ба истеҳсоли маводи тиббӣ, косметикӣ, гигиенаи шахсӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум аз маҳсулоти табиии ватанӣ, ки бо сифати баланд омода мешаванд, нигаронда шудааст. Се сехи коркарди пахта ва мавод, ҳамчунин сехи дӯзандагӣ бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, кормандон бо хилъатҳои тозаву озода, сарпӯшу даҳонпӯшҳои тиббӣ бо маҳорату касбияти баланд пайи коранд.
Дар сехи якуми коргоҳ ашёи хом - пахта коркард мегардад. Бо ёрии таҷҳизот пахта аз ғубору ғализиҳо пок гардида, таҷҳизоти дигар онро шуста, ба чархаи мустаҳкаме мубаддал месозад, ки баъдан онро кормандон аз ҳам ҷудо карда, ба дегҳои бузург равон менамоянд. Бидуни истифодаи доруҳои кимиёвӣ пахта танҳо тариқи буғи баландҳарорат коркард ва сафед мегардад ва барои хушкгар бо асбобҳои махсус интиқол дода мешавад. Дар як шабонарӯз то 2000 тонна пахта коркард мегардад.
Дар сехи дуюм аз пахтаи коркардшуда 13 навъи маҳсулот барои фурӯш омода карда мешавад, аз қабили пахтаҳои тиббии гуногунҳаҷм (15, 25, 50 ва 100 граммӣ), кулӯлаҳои пахтагии беспирт ва спиртдор, гирдачаҳои косметикӣ, чӯбчаҳои пахтагӣ ва ғайра.
- Кулӯлаҳои пахтагӣ, ки бо маҳлули спирт омехта, дар қуттиҳои шишагӣ ба миқдори 30 адад ҷой дода мешаванд, дар соҳаи тиб барои тамйиз кардани дастон, гузарондани сӯзандору ва ғайра истифода мешаванд. Сифати онҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ҳам нисбат ба маводи воридотӣ арзонтар аст, - иброз дошт Шодмон Шамсуллоев, директори иҷроия оид ба истеҳсолот.
Сехи сеюм барои истеҳсол ва бандубасти дока ва бинти тиббии тамйизшуда ва ҳам тамйизнашуда, фархак (уребча)-ҳо, сачоқчаҳои намнок ва амсоли инҳо нигаронда шудааст. Дар ин сехҳо зиёда аз 20 нафар бону бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин аст. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани касбияти кормандон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мутахассисон даъват мегарданд.
Бо мақсади дубора ба кор бурдани пахтаҳои зиёдатӣ дар ошёнаи дувуми бино сехи дӯзандагӣ фаъол аст, ки беш аз 25 нафар бону бо кор таъмин шудааст, онҳо бо 6 мошини дарздӯзии муосир ва 2 мошини калони кӯрпадӯзӣ таъминанд. Кӯрпа, болин, матрас, ҷилдҳои рахти хоб ва ҷома аз матоъҳои пахтагӣ дӯхта, ба фурӯш бароварда мешаванд. Ҳамзамон, аз ҷониби мизоҷон фармоиш қабул мешавад.
- Маҳсулоти мо аз 100 % пахтаи сафеди гигроскопӣ омода мешавад, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барои саломатӣ муфид аст. Пахтаҳои барои маводи тиббӣ омодашуда баъзан аз таҷҳизот намегузаранд ва гарчанде сифати хуб доранд, онҳоро маротибаи дувум наметавон бо ин мақсад истифода бурд. Аз ин рӯ, пахтаҳоро аз нав шона зада, ба дохили кӯрпаву болину матрас ва ҷомаву ҷомачаҳо ҷой медиҳем, - гуфт мудири сехи дӯзандагӣ Фирӯза Мирзоалиева.
Бонувони сехи мазкур ҳар кадоме бо шавқ пайи иҷрои вазифаи хешанд. Чанде ба пора кардани матоъҳо машғуланду қисме ба дӯхтани онҳо, савумҳо дохили матоъҳои дӯхтаро бо пахта пур месозанду дигарон рӯдӯзӣ менамоянд. Маҳсулоти тайёри сехи дӯзандагӣ ба бемористонҳо, қисмҳои ҳарбӣ, кӯдакистонҳо ва умуман ба аҳолӣ дар саросари ҷумҳурӣ пешкаш мегардад.
- Бештар занони хонашинро ба кор ҷалб менамоем. Бонувоне, ки имкони дар коргоҳ фаъолият карданро надоранд, аз ин ҷо кӯрпаҳоро ба хона бурда, медӯзанд ва оварда месупоранду музди меҳнат мегиранд. Имрӯзҳо талабот чунин аст, ки мардум кӯрпаҳоро ба мисли кампал дидан мехоҳанд, аз ин рӯ, ба дохили кӯрпаҳои болопӯш кам пахта мегузорем. Он сабук шуда, хобро бароҳат менамояд, - афзуд бонуи пешавар Ф. Мирзоалиева.
Агарчи дар ин коргоҳ дӯхти кӯрпаҳои болопӯш бо ёрии мошинҳои махсус ва роҳнамоии компютер амалӣ мегардад, ҳамоно бонувон дӯхти дастиро ихтиёр меварзанд ва барои рӯдӯзии 1 кӯрпаи сабук 6 сомонӣ мегиранд.
- Ба муддати 15–20 дақиқа бонувон 1 кӯрпаро рӯдӯзӣ мекунанд. Порагарон дар як рӯзи корӣ то 150 кӯрпа, 200 матрас ва бисёр болинҳоро низ пора менамоянд. Маоши кормандон аз ҳаҷми кори онҳо вобаста буда, то 1500 - 2000 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Кӯрпаи тайёр 138 сомонӣ, кӯрпаи кӯдакона 70 сомонӣ ва матраси калон 98 сомонӣ арзиш доранд, ки аз нархи чунин маҳсулоти пахтагии бозор хеле арзон аст, - гуфт Ш. Шамсуллоев.
Мошини кӯрпадӯзӣ нақшу нигорҳои зеборо рӯи кӯрпаҳо ба таври автоматӣ мегузорад. Ин усул кори бонувони чирадастро саҳл гардонда, аз онҳо танҳо назорати ҷиддӣ ва васлу насб кардани риштаву кӯрпа мемонад.
- Дар як рӯз мо ду нафар дар ин мошин то 135 кӯрпа медӯзем. Дар он кӯрпаҳои якнафара, дунафара ва кӯдаконаро дӯхтан имконпазир аст. Агар нафаре як адад кӯрпа фармоиш диҳад, муддати 1 - 1,5 соат онро дӯхта, рӯдӯзӣ мекунем. Хоҳишмандон метавонанд нусхаи дӯхти рӯдӯзӣ бо мошинро аз компютер интихоб намоянд. Матрас танҳо дастӣ дӯхта мешавад, - иброз дошт Ф. Мирзоалиева.
Бонувони маҳаллаи Армуғон ва маҳаллаи 11-ум баъзан то нисфирӯзӣ дар коргоҳ фаъолият намуда, чанд кӯрпаро бо худ ба хона мебаранд ва дӯхти онҳоро оилавӣ ба роҳ мемонанд ва ба ин тариқ, дар ғанӣ гардондани буҷети оилавӣ саҳм мегузоранд. Бонувон бо маош сари вақт таъмин гардида, ҳамчунин аз ошхонаи коргоҳ ройгон хӯроки нисфирӯзӣ тановул менамоянд.
- Коргоҳ бо маҳсулоти зарурӣ - пахта, об, барқ ва ангишт сари вақт таъмин карда мешавад. Барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти он ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шароит фароҳам аст ва дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Танҳо моро зарур аст, ки бо дасту дили гарм, дониши баланди тахассусӣ, бо ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба қадри оромиву осоиштагӣ бирасем ва бо сидқ заҳмат кашида, Ватани хешро боз ҳам ободу зебо намоем, - иброз намуд дар интиҳо роҳбари ҷавон Шодмон Шамсуллоев.
С. ШАРИФӢ,
ноҳияи Данғара