Субҳ ҳанӯз надамида, аз пойтахт ҷониби ноҳияи Данғара раҳсипор шудем. Ҳадаф аз сафари кориамон мунъакис сохтани созандагиву ободкориҳо дар ин диёр буд. Қаблан таваҷҷуҳи моро намои ноҳия, ки чанд соли ахир ба куллӣ тағйир ёфтаву гулгулшукуфон аст, ба худ ҷалб сохт. Радаи ниҳолони зебои ороишӣ ба ин зебоӣ ҳусн зам менамуд.
Ҳини гузар аз деҳоти Корез, назарамон ба корхонае, ки чанде қабл Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин деҳа, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшида буданд, уфтод. Тасмим гирифтем, то аз фаъолияти имрӯзаи кормандони корхонаи мазкур огаҳӣ ёбем.
Бинои Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» аз се ошёна иборат буда, дар деҳаи Ғарғара аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайфиддин Файзализода дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, моҳи майи соли равон мавриди истифода қарор гирифт. Дар коргоҳ намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбию кӯдакона, корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, ҷуроб истеҳсол карда мешаванд.
ҶДММ «Файзи Карим» ҳамкории худро бо Маҷмаи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ба роҳ монда, маҳсулоти хомро аз он дастрас менамояд. Корхона дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда гузошта, имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 2000 метри мураббаъ матои нимтайёри нахи пахта ва 6 ҳазору 250 дона ҷуроб истеҳсол намояд.
Аз 85 нафар коргар 65 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки қаблан хонашин буданд. Онҳо дар баробари таъсисёбии ҶДММ «Файзи Карим» бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар таҳхонаи бино 4 адад дастгоҳи истеҳсоли матои хоми коргоҳ истода, 25 адад таҷҳизоти истеҳсоли ҷуроб дар ошёнаи якум қарор дорад. Ҳамаи дастгоҳҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, тариқи компютер идора мешаванд.
- Дар коргоҳи мазкур вобаста ба нигоҳубини таҷҳизот 4 нафар тариқи шабонарӯзӣ заҳмат мекашад. Кормандон иҷрои кори дастгоҳҳоро назорат мебаранд, то дар ҳолати гусастани тори риштаҳо дар ҷуробҳо нуқсон пайдо нашавад. Ҳар яки онҳо имкони истеҳсоли 250 ҷуроб дар як шабонарӯзро дорост, - мегӯяд Аброр Саидзода, муовини роҳбари корхона.
Чун аз ин коргоҳ дидан намудем, занон бо меҳру муҳаббат саргарми кори хеш буданд. Гурӯҳе аз онҳо ҷуробҳои нимтайёрро вориди таҷҳизоти махсус намуда, мепазонданд, қисмате ба дӯхтани нӯги ҷуробҳо шуғл доштанд.
- Ҳафт нафар дар коргоҳи ҷуробдӯзӣ фаъолият мебарем. Корамон аз соати 8 то 18 идома меёбад. Ифтитоҳи коргоҳ бароямон имконият фароҳам овард, то соҳиби ҷойи кори доимӣ гардему вазъи молиявиамонро беҳтар созем. Ҳамчунин, ҳунареро ройгон омӯхтем ва аз эҳтимоли дар зиндагӣ дармондан намеҳаросем. Дар як рӯз 1200 ҷуфт ҷуроб медӯзему мепазонем, - иброз дошт Зуҳро Раҳмонова, саркори сехи ҷуробдӯзӣ.
Ошёнаи дуюм барои дӯхти сарулибоси гуногун пешбинӣ гардидааст, занону духтарони хонашини деҳаи Ғарғара ба кори доимӣ ҷалб шудаанд, онҳо беш аз 50 нафаранд. Як гурӯҳи занон ба дӯхтани либос ва иддае ба пора кардани матоъ машғул мебошанд. Дӯхти либос аз сехи порагарӣ оғоз меёбад. Ин ҷо занону духтарон миқдори муайяни матоъҳоро аз рӯйи ченаки либос пора намуда, ба сехи дувумӣ интиқол медиҳанд.
- Пора кардани либос беҳад нозук буда, масъулияти зиёдеро тақозо менамояд. Дар сурати як сантиметр кам ё зиёд омадани пораи матоъ, ҳам намуди зоҳирӣ ва ҳам андозаи он тағйир меёбад.
Аз ин рӯ, матоъро ба қавле «ҳафт маротиба чен менамоему як бор мебурем».
Дар ин самт тарроҳони номвари тоҷик ба мо ёрӣ расондаву давоми як моҳ омӯзиш гузаронданд, то нозукиҳои ин ҳунарро аз бар намоем.
Дар як рӯз беш аз 500 ҷуфт либосро пора мекунем. Аз замони ба фаъолият оғоз намудани коргоҳ беш аз 22 ҳазор либоси ҳарбӣ пора намудаем, - бо қаноатмандӣ мегӯяд Махфират Ҳусейнзода, тарроҳи коргоҳ.
Сипас, кор дар сехҳои дӯзандагӣ идома меёбад. Дар коргоҳ ду сехи дӯзандагӣ мавҷуд буда, яке аз онҳо барои дӯхти либосҳои ҳарбӣ равона гардидааст. 28 нафар бону аз субҳ то шом ин ҷо заҳмат мекашад. Ба ин бонувони хонашин аз ҷониби дӯзандаҳои моҳир омӯзиш гузаронда шуда, онҳо тарзи дӯхтани либосҳои ҳарбиро ба пуррагӣ аз худ намудаанд.
- Коргарзанон бо дастгоҳҳои дарздӯзию таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ ва дигар шароитҳои корӣ таъминанд. Дӯхти либос аз рӯйи фармоиши шарикони корӣ буда, айни ҳол танҳо шиму болопӯш ва тагпӯшҳои ҳарбӣ омода менамоем. Дар як муддати муайян аллакай дастамон ба қавле «рост» шудаву аз уҳдаи дӯхти сарулибосҳои фармоишӣ ба хубӣ мебароем, - бо ифтихор иброз медорад Мастона Раҷабова, сардори сехи дӯзандагӣ.
Дар сехи дувумӣ 17 нафар бону ба дӯхтани либосҳои кӯдакона камар бастааст. Бонувони чирадаст имкони дӯхти то 100 - 150 ҷуфт либосро дар як рӯз доранд. Кормандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба кор ҷалб мегарданд, дар хобгоҳ ройгон бо ҷойи хоб таъмин мешаванд.
Роҳбари ҶДММ «Файзи Карим» тасмим дорад, ки бинои иловагии сеошёнаи рангубори матои пахтагинро низ бунёд намояд. Иншооти сохташаванда дар доираи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта ба истифода дода мешавад. Баъди анҷоми пурраи корҳои бунёдӣ ва оғози фаъолият боз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад. Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти онро ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми бештар гузоранд.
Шаҳдрези Раҳмон,
ноҳияи Данғара