Роҳу пайроҳа, кӯҳу пушта, нақбу роҳҳои зеризаминии шаҳраки сохтмончиён пуродам асту мошинҳои боркаш чун моку дар равуо. Охирин корҳои омодагӣ барои ба истифода додани агрегати навбатӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Сохтмончиён меҳмони олиқадр – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интизоранд.
Қалби неругоҳ - зери замин
…Садои баланди ҳавокашакҳои азим, мошинҳои калони сербор, олотҳои вазнини ба деворҳои сементу сангии нақб бархӯранда дар дили ҳар нафаре, ки бори аввал вориди толори мошинҳо мегардад, тарсу ҳаяҷон меафканад. Зери замин инсон аз камии ҳаво гӯё нафасгир мешавад. Аммо ин амал барои сохтмончиён, ки солҳои сол шабонарӯзӣ чун Фарҳоди кӯҳкан ин ҷо қаҳрамонӣ кардаанд, кори маъмулист. Дохили нақб як шаҳраки дигари сохтмониро мемонад, ки садҳо нафар дар ҳар гӯшаву канораш машғули коранд. Баъди аҳволпурсии кӯтоҳ бо чанде аз кормандони ширкатҳои гуногун яке аз хабарнигоронро ин ҷо мегузорему худ аз қаъри замин – пасттарин ҷойи неругоҳ, ҷониби баландтарин қуллаи минтақаи сохтмонӣ, суроғи шухпаймоён - онҳое меравем, ки дар шароити пурҳаводиси табиати кӯҳсор амнияти сохтмончиёнро таъмин месозанд.
Қаҳрамони ман!
…Мошини мо босуръат пайроҳаҳои кӯҳиро тай зада, ба баландии касногузаре расиду таваққуф кард. Ронанда бо имои сар маънидорона фаҳмонд, ки «ана, расидем». Бо маҳзи пиёда шудан, рӯ ба рӯ бонуеро дидем, ки дар даст асбоби махсуси алоқа чашм аз баландӣ намеканд. «Қаҳрамони ман ӯст», андешидам ба худ ва ҷонибаш шитофтам.
Номи ин бону Манзура, насабаш Шабгунова будааст. Ӯ бо таҷрибаи 11 - солаи кор дар сохтмон байни ҳамкорон эҳтироми хосса дорад. Манзура дар суҳбат аз солҳои аввали фаъолияташ ёдовар мешавад:
- Соли 2008, вақте ба кор шурӯъ кардам, ин ҷо тақрибан чизе набуд. Нақбҳову роҳҳое, ки мебинед, баъд пайдо шуданд. Он солҳо дохили шаҳраки сохтмончиёнро пиёда тай мезадем. Шароити кор набуд. Мушоҳида кардед, ки ҳоло ин ҷо кор ҷӯш мезанад? Мо асосан ба безарар ё камхавф намудани роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ барои мошинҳои боркаш ва кормандони неругоҳ талош меварзем. Бачаҳо сангҳои калонро, ки дар мавсими барфу борон лағжиданашон мумкин аст, афтонда, пеши роҳи сангрезаву ярч аз симу бетонҳо дом месозанд.
Манзура фаъолиятро дар неругоҳ аввал чун ҳамшираи тиббӣ шурӯъ карда бошад ҳам, баъдтар ба қитъаи бехатарии кӯҳӣ гузашт. Кораш субҳ аз соати 6.30 оғоз ёфта, то соати 19.00 идома меёбад. Вазифааш пеш аз ҳама назорати таъмини амнияти худи шухпаймо (скалолаз)-ҳост.
- Мо на ба сардӣ нигоҳ мекунему на ба гармӣ. Баъзан аз рӯи зарурат ба баландиҳо мебароем. Мисли модар ҳамеша дилам дар таҳлука. Хавфи асосии ин ҷо сангҳоанд, Дар сурати эҳсоси хатар, омадани санг ё лағжидани теппа зуд бонги изтироб дар медиҳаму коргаронро огоҳ месозам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Дар қитъаи бехатарии кӯҳии ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» 120 коргар, аз ҷумла 3 зан заҳмат мекашад. Манзура, ки худ аз ноҳияи Шаҳринав мебошад, 15 рӯз дар хобгоҳи корхона зиндагӣ мекунаду 15 рӯзи дигар дар назди фарзандонаш аст. Баъди фавти шавҳар нигоҳубини 2 фарзанд бар зиммааш афтодааст.
Хотираҳои шухпаймо
…Кароматулло Зайниддинов, хатмкардаи донишгоҳи ҳарбӣ бо ихтисоси кӯҳнавардист. 6 сол мешавад, ки дар қитъаи бехатарии кӯҳӣ ба ҳайси шухпаймо фаъолият дорад. Дар тамоми давру бари сохтмон кор кардааст. Падари 3 фарзанд аз он қаноатманд аст, ки дар зодгоҳ кори мувофиқ ёфтааст.
- Чун кори мо хавфнок арзёбӣ мешавад, довталабонро аввал аз санҷиши махсус мегузаронанд. Бар замми ин ҳар 6 моҳ давраҳои омӯзишӣ мегузарем, - кӯтоҳ дар хусуси кораш маълумот медиҳад шухпаймо.
Кароматулло дар рафти суҳбат аз маросими бакордароии агрегати якуми неругоҳ бо ифтихор ёд меорад:
- Он рӯз парчам дар даст, дар дохили толори мошинҳо қарор доштам. Изтиробу шодиамро мисли ҳар корманди сарбаланди кохи нур фурӯ нишонда наметавонистам. Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахш кардани тугмача кӯҳистонро ба чароғистон мубаддал сохтанд, аз чашмони баъзеҳо ашки шодӣ ҷорӣ мешуд. Он лаҳза воқеан дарк намудам, ки чӣ кори азимеро бо сохтани НБО «Роғун» анҷом додаем, - бо табассум мегӯяд ӯ.
Мутахассисон иброз медоранд, ки барои сохтмони НБО «Роғун» 2500 техника мавриди истифода қарор гирифтааст. Солона барои пешбурди сохтмон 100–150 мошини нав ворид мешавад.
- Мо тамоми намуди мошинҳоро барои кор дар сохтмони кӯҳӣ, дар Роғун дорем. Дар неругоҳ механизми махсуси роҳсозӣ амал мекунад, ки дар душвортарин минтақаи кӯҳӣ низ барои равуои озоди нақлиёт роҳ месозем. Дар дохили сохтмон 70 км роҳи мошингард сохта шудааст, - мегӯяд Шоҳин Самиев, сармеханики ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун».
Собиқадори НБО «Роғун»
…Шарифов Ҷумъа Сафаралиевич яке аз кормандони собиқадори неругоҳ аст, ки аз соли 1978, наздики 41 сол дар НБО «Роғун» фаъолият дорад. Ҳар кунҷу канори сохтмонро мисли кафи даст медонад. Дар замони шӯравӣ ба ҳайси таъмиргари автомобилҳо, сармуҳандис, сардори автобаза ва муовини сардори сохтмон фаъолият дошт. Солҳои нооромӣ ҳам тарки пеша накард.
- Ҳеҷ аз хотирам намеравад, 6 -уми июли соли 2007 сарвазири вақти Тоҷикистон Оқил Оқилов ба неругоҳ омада, дар ошхонаи марказии майдончаи сохтмонии №1, бо раиси вақти шаҳри Роғун Бӯриев, сардори сохтмон Сияҳмардов ва чанд каси дигар ҷаласа гузаронда, зикр карданд, ки бо супориши Президенти кишвар корҳои сохтмони НБО «Роғун» шурӯъ мегарданд. Супориш шуд, ки роҳбарон масъалаи хати барқ, роҳ, ҷойи хоб, инфрасохтори маишии сохтмонро дида бароянд. Он сол корҳо ба маблағӣ 12 миллион сомонӣ ба анҷом расида буданд, - зикр мекунад Ҷ. Шарифов.
Роҳбалади мо аз мавҷудияти сарбанди 71-метра дар дохили неругоҳ, ки шояд дигарон дар хусусаш камтар донанд, ҳарф зад:
- Дарёчаи Сароби Шӯр аз кӯҳҳои Сарихосор ибтидо мегирад. Дар мавсими боришот оби дарёча зиёд шуда, баъзан пеши дарёи Вахшро мебаст. Бо ин сабаб соли 2008 зарурати сохтмони ин сарбанд ба миён омад. Ин сарбанд барои НБО «Роғун», дар оянда ба НБО «Шӯроб», ки дар поёноби Роғун бо иқтидори 1200 мегаВатт дар шабонарӯз бояд сохта шавад ва ҳатто барои НБО «Норак» муҳим арзёбӣ мешавад, - зикр мекунад роҳбалади мо.
Аҳроми Роғун!
…Дар қисмати обпартои сохтмон кормандон бо заҳмат чизе амсоли аҳром (пирамида) дуруст кардаанд. Бо дидани шаҳомату зебоии ин макон намешавад садҳо таҳсину офарин ба диловарони Роғун нафиристод. Шефтаи зебоӣ, наздик омадани бонуеро нафаҳмида мондем.
- Ман хабардеҳи қитъаи мазкур Дилором ҳастам, - бо табассуми малеҳу шарму ҳаёи хосе иброз медорад ҳамсуҳбатам ва меафзояд: - 9 сол мешавад дар сохтмони овозадори «Роғун» шуғл меварзам. Ҳоло кормандонеро, ки зери кӯҳҳо кор мекунанд, назорат дорам. Коргарон бояд саломат ба хонаҳояшон баргарданд.
Дилором Забирова сокини шаҳри Роғун, 5 фарзанд дорад. Орзуяш ин аст, ки яке аз ҷигаргӯшаҳояш дар оянда мутахассиси соҳаи барқ бошад.
- Кори мо чунон пурмасъулияту серталаб аст, ки ман дар маъракаҳои хонаводагӣ камтар ширкат меварзам. Гарчанде фарзанди калониам донишҷӯст, кӯдакони хурд ҳам дорам, ки ба боғча мераванд. Субҳ барвақт мехезаму барои онҳо ғизо тайёр мекунам, кӯдаконро ба мактабу боғча омода намуда, соати зарурӣ ба кор ҳозир мешавам, - мегӯяд бонуи ширинсухан.
Инак, бо заҳмати шабонарӯзии фарзандони бонангу номуси Ватан, ду агрегати неругоҳи «Роғун» – агрегати шашуму панҷум ба фаъолият пардохт. Пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ кобус ба ҳақиқат табдил ёфту амале, ки баъзеҳо афсонааш мепиндоштанд, дар воқеият зуҳур кард.
- Овони кӯдакӣ сохта шудани неругоҳеро бо номи «Роғун» аз забони калонсолон мешунидем, аммо ҳоло онро бо чашми сар дидем, шаҳди меҳнати чанд наслро чашидем, ки фараҳфизост, - хурсандона изҳор менамояд Ҷумъа Шарифов.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
НБО «Роғун»