Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути саноатикунонӣ тараққӣ ва рушду нумӯ бахшидан ба иқтисодиёти кишвар мебошад. Ин аст, ки роҳу василаҳои вусъат додани ин самти афзалиятнок дар ҳар вохӯрию паёмҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай дар пай таъкид мегардад. Чанд соли охир ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳҳои хурди саноатӣ ва азнавбарқароршавии корхонаҳои муфлисгардида ба назар мерасанд, ки имрӯз дар беҳдошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум саҳм доранд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарм» аз зумраи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ буда, дар замони шӯравӣ миёни мизоҷонаш бо номи Иттиҳодияи истеҳсолии чарму пойафзоли шаҳри Душанбе маъруфу шинохта буд. Корхонаи мазкур баъди тармиму таҷдид аз соли 2005 аз нав ба фаъолият оғоз намуд ва асосан ба истеҳсоли чарми ранга ва дӯхтани пойафзол барои ҳарбиёну кӯдакон машғул мебошад. Муассиси ҶДММ «Чарм» Кароматулло Абдиев ба танзим даромадани фаъолияти корхона ва пешрафти онро дар дастгириҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дониста, мегӯяд:
- Баъди Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пуштибонӣ аз фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон намуданд, дар самти корамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Солҳои пешин набудани таҷҳизоти муосир барои коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол боиси қафо мондани истеҳсолот шуда буд. Воқеан, 300 рӯзи ислоҳот, ки барои дастгирии соҳибкорон пешниҳод гардид, сабукие ба ҷараёни фаъолияти соҳибкорону тоҷирони ватанӣ ворид намуд. Аз ин рӯзҳои «тиллоӣ» истифода бурда, қаблан тамоми асбобу лавозимоти корӣ ва таҷҳизотро наву замонавӣ кардем. Зеро танҳо бо василаи нав кардани таҷҳизот ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ба талаботи замона ҷавобгӯ метавон ба бозори дохиливу хориҷӣ роҳ ёфт. Ва ҳадафи ҳар истеҳсолкунанда ҳам ин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоташро зиёд кунад ва содироти молашро биафзояд.
Нахустин тасмими гирифтаи ҶДММ «Чарм» ин таъмини бозори дохилӣ бо пойафзоли хушсифат барои харидорон мебошад. Айни ҳол, маҳсулоти корхона дар бозори «Корвон» дар фурӯш буда, дар назар аст, ки бо гирифтани иҷозатнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мағозаҳои фирмавии «Чарм» ба фаъолият пардозанд.
- Дар фурӯш будани маҳсулоти истеҳсолшуда ба корфармо ва пешравии минбаъдаи фаъолияти корхона, ҳамчунин дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ғанӣ гардидани буҷети мамлакат аҳамияти хосса дорад, - иброз медорад муассиси корхона.
Ҷиҳати рушди истеҳсолот ва мунтазам фаъолият намудани корхона ба сари вақт бо ашёи хом таъмин будани он нақши муҳимро мебозад. Барои пешбурди кори ҶДММ «Чарм» маҳсулоти асосӣ ин чарм маҳсуб меёбад. Чарм, намак ва оҳак маҳсулотҳоеянд, ки онҳоро дар дохили Тоҷикистон ҳам пайдо кардан мумкин аст. Вале барои коркарди пӯст ва омода намудани чарми барои истеҳсолот истифодашаванда 23 номгӯй маводи дигар ба кор бурда мешавад, ки воридоти онҳоро аз кишварҳои хориҷ, ба мисоли Туркия ва Чин тақозо мекунад. Зеро моддаҳои кимиёвии барои коркарди пӯст истифодашавандаи ин кишвар дорои сифати хуб буда, маҳсулоти аз онҳо коркардшуда ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд.
- Ягона сирри дастоварди кори мо дар он аст, ки пӯсти чорвои калон ва хурд дар ватанамон арзонист, яъне дар пайдо кардани ин намуди ашёи хом мушкилӣ надорему маблағи зиёд барои дарёфташ масраф намесозем. Дастгоҳҳои барои коркарди пӯст вориднамудаамон, ки 98 фисадашон бо системаи компютерӣ идора мешаванд, барои тайёр кардани чарми ранга кори моро хеле осон намудааст. Аз ҳунари волои тарроҳон ва дӯзандагони моҳиру таҷрибаандӯхтаи корхона шикоят надорем. Тагпошна, ки таҷҳизоти онро низ соли равон аз кишвари Туркия овардем, ба фоидаи кор шуд. Бо ворид шудани таҷҳизот ва фароҳам овардани шароит имкон дорем, ки бозори дохилиро ба маҳсулоти ватанӣ таъмин созем ва пас ба хориҷи кишвар ҳам содиротро ба роҳ монем. Бо нишони маҳсулотамон, ки айни ҳол бо номи «Чарм» истеҳсол мешавад, талош менамоем, то чун солҳои шӯравӣ аз нав шуҳрат пайдо кунад, - иброз медорад Кароматулло Абдиев.
Феълан, дар корхонаи мазкур 300 нафар коргару мутахассисон фаъолият доранд, ки аз ин 180 нафарашон бонувон мебошанд. Муассиси корхона ба хотири васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот тасмими дар оянда ба кор даъват намудани корҷӯёнро дорад ва аз ин хотир, бо роҳбарияти литсейи касбии маъюбони шаҳри Душанбе ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондаанд.
Пойафзолдӯзӣ кори саҳл нест ва аз уҳдаи он танҳо мутахассиси соҳибтаҷриба мебарояд. Мавсуф мегӯяд, ки худ ин ҳунарро балад аст ва то ҷое ба қадри имкон вақтҳои фориғ аз кор ба ҷавонони корхона касби аҷдодиро меомӯзонад. Вале барои ҳамқадами замон будан дар истеҳсолот ҳамкориро бо мутахассисони корхонаҳои пойафзолдӯзии кишварҳои хориҷӣ авлотар медонад. Аз ин рӯ, чанде аз ҳунарварони пойафзолдӯзро ба корхонаҳои маъруфи пойафзолбарории Туркия барои омӯзиш равон намуд. Айни ҳол, мутахассисони ҷавони корхона аз пайи навоварӣ ба маҳсулоташон мебошанд. Ҳамчунин, мавсуф тасмим дорад, ки дар корхона дари мактаби омӯзишиеро барои корҷӯён боз намояд ва бо аз бар кардани ҳунари пойафзолдӯзӣ якбора соҳиби ҷойи кор ҳам шаванд.
- Ҳаҷми истеҳсолии корхонаи «Чарм» дар як рӯз 800 - 900 ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад. Барои расидан ба мақсади ниҳоиямон, яъне пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва роҳ ёфтан ба содирот нарасидани мутахассис мушкили асосӣ мебошад. Бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот масъалаи содироти маҳсулот ба миён меояд. Бо содирот шудани мол дар дохили кишвар маҳсулоти худӣ арзон мешавад. Инчунин, сафи коргарон бештар шуда, маош зиёд мегардад ва аз ҳама муҳим хатари муфлисшавии корхона аз байн меравад. Зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе аз корхонаҳо боиси баста шудани роҳҳои содироти молу маҳсулоташон ба кишварҳои хориҷ шуда, оқибат ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ мешаванд, - гуфт Кароматулло Абдиев.
Аноҳито