Ба истифода додани аввалин агрегати иншооти тақдирсози миллат -Неругоҳи барқи обии «Роғун» шуълаи умедро ба қалби мардуми тоҷик рӯшан сохт ва ин падида умедворию гармии бештарро дар дили заҳматкашони бонангу номуси ин кохи нур фурӯзонтар намуд. Ҳар нафаре аз бунёдгарони саҳнаи мардонагию шуҷоату матонат аз ин санаи таърихӣ ва идомаи кор дар майдони заҳмати созанда бо эҳсоси ватандӯстиву дилгармӣ сухан мегӯяд. Онҳо аз натиҷаи фаъолияти хеш қаноатманданд. Хушнудӣ аз он доранд, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ бори дигар бо тантанаву шодӣ ифтитоҳи маросими ба кор шурӯъ намудани агрегати дуюми кохи нурро истиқбол мегиранд.
Толори мошинҳо яке аз ҷойҳои муҳими ин иншооти бузургест, ки ҳоло дар он зиёда аз 100 нафар сохтмончиву мутахассисон- муҳандисони варзида фаъолият доранд. Ҳангоми боздид аз толори мошинҳо сохтмончиёнро саргарми кор дидем. Болопӯши сақфу деворҳои толорро даҳҳо кафшергару васлгар васл ва насб мекарданд. Рафтуои мошинҳои азим бо садои ғурроси асбобҳои барқӣ дар фазои толори мошинҳо омехта буд. Дар толори мошинҳо ва умуман, дар дигар қисмҳои иншооти кохи нур асосан корҳои сохтмониро кормандони ширкати «Тоҷик – СГЭМ» ба анҷом расонда истодаанд. Дар ин ширкат зиёда аз 700 нафар кор мекунанд. Айни ҳол, ширкати мазкур дар кишварҳои Россия, Қирғизистон ва Афғонистон бунёди даҳҳо иншооти сохтмониро ба уҳда дорад.
Таҷрибаи «Роғун» нодир аст…
Фирӯзи Неъматулло, сардори қитъаи васлгарии «Роғун», иброз медорад, ки феълан дар толори мошинҳо корҳои ороишӣ, рӯпӯшсозӣ ва мустаҳкамкунии деворҳо, васлу насби ҳавокашҳо идома дошта, омодагӣ ҷиҳати ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дорад.
- Яке аз ҳадафҳои мо аз нигоҳи бехатарӣ босифат ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ мебошад. Аз ҷониби роҳбарият низ зуд – зуд чорабиниҳои зиддибехатарӣ гузаронда мешаванд. Чаро ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ дар зери замин, дар баландӣ ва танаи деворҳо иҷро мегарданд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Фирӯз соли 2012 факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кард ва азм намуд, дар майдони шуҷоат худро санҷад. Кор дар ин ҷо, агарчи мушкил асту миёншикан, мақбулаш афтод ва имрӯз ифтихормандона мегӯяд:
- Боиси ифтихор аст, ки дар чунин иншооти азими аср фаъолият мебарам. Воқеан, қаблан аз нигоҳи аввал дар зери замин рӯзҳои дароз кор кардан бароям воҳиманок буданд, лекин бо гузашти вақт дарк кардам, ки ман мактаберо гузаштам, ки мисолаш хеле нодир аст. Нозукии касби интихобнамудаамро бо осонӣ аз мутахассисони варзидаи ин коргоҳ омӯхтам. Агар дар донишгоҳ назарияи касбро аз худ намуда бошам, ин ҷо таҷрибаи касбу зиндагиро аз бар намудам.
Мефахрам, ки дар «Роғун» кор мекунам…
Абдураҳмон Саидов таҷрибаи корро аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» омӯхта, баъдан тасмим гирифт, то ҳунари андӯхтаашро дар ин иншоот такмил диҳад. Соли 2009 дар неругоҳи «Роғун» ба фаъолият оғоз кард. Ӯ аз он хушнуд аст, ки саҳми худро дар бунёду сохтмони ин иншооти аср мегузорад.
- Ростӣ, боре ба хотири таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Загорскии (Загорский ГЭС) кишвари Россия сафар кардам ва муддати як сол он ҷо будам. Пешниҳоди маоши хуб ҳам буд, ки корро дар он неругоҳ давом диҳам, вале розӣ нашудам. Ватанро бояд обод кунем, зеро насли оянда, фарзандони мо мушкилоти бебарқӣ ва иқтисодӣ надошта бошанд, - мегӯяд истеҳсолотчии толори мошинҳо.
Фарши толори мошинҳо нисбат ба сатҳи баҳри Миёназамин 974 метр баланд буда, сақфи он бошад, дар баландии 1000 метр ҷойгир шудааст. Агрегати навбатие, ки бояд мавриди истифода қарор гирад, дорои иқтидори 320 мегаВт буда, дар сурати ба кор даромадани агрегатҳои дигар тавоноии агрегати дуюм ба 600 мегаВт баробар хоҳад шуд. Ба кор шурӯъ кардани агрегати якум имкони ба таъмиру тармим фаро гирифтани неругоҳҳои дигари кишварро дод, ки айни ҳол дар неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» корҳои азнавбарқароркунӣ ва тармим рафта истодаанд.
«Гидроэлектромонтаж» - тифли «Роғун»
Дар ин иншооти таърихӣ, ки бори дигар аз ҷасорату матонати миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ҷавонони зиёд такмили касб мекунанд ва таҷриба меандӯзанд. Асосан ин ҷо мутахассисони ватанӣ фаъолият доранд. Ҷамолиддин Зуҳуров низ аз зумраи он ҷавононест, ки баъди хатми риштаи электростансияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолияташро дар неругоҳи «Роғун» оғоз намуд. Ӯ мегӯяд, ки мушкили рӯ ба рӯ шудан дар ҷараёни корҳои васлу насб водораш кард, то аз пайи нашри китобе шавад ва оянда донишандӯзони ин соҳа дар рафти кор аз он истифода баранд.
- Дар донишгоҳ танҳо қисми насбкуниро хондему бас, вале аслан корро бо машаққати зиёд дар толори мошинҳо ёд гирифтам. Таҷриба як тараф, назариявӣ ҳам аз ин соҳа маълумоти кофӣ надоштам. Мо, як гурӯҳ мутахассисони ҷавон, тасмим гирифтем, то китоберо барои донишҷӯён ба табъ расонем. Китоб бо унвони «Гидроэлектромонтаж» ба тозагӣ бо теъдоди хеле кам аз нашр баромад. Азм дорем, ки баъд аз он ин китобро ба забони тоҷикӣ баргардонда, пешкаши донишҷӯён намоем, - иброз медорад мутахассиси ҷавон.
Мутахассисони ҷавони толори мошинҳои неругоҳи «Роғун» дар ин китоб аз таҷрибаи кории андӯхтаашон мисолҳо овардаанд. Ҷамолиддин мегӯяд, хушбахтона, имрӯз ҷавонони меҳнатқарину боазму иродаи неругоҳи «Роғун» дуюмин агрегатро насб намуда, ба истифода хоҳанд дод.
«Ёрии аввалия» - и Саёҳат
Ҳар субҳи Саёҳат аз ҳамин ҳуҷраи хурдакаки корӣ оғоз меёбад. Лаҳзае чанд назди ҳамшираи шафқати толори мошинҳо муносибати Саёҳат Сироҷоваро бо корафтодагон мушоҳида намудем. Муошираташ хеле самимӣ буд. Беш аз як сол аст, ки ба корафтодагони ин қитъа ёрии аввалияи тиббӣ мерасонад ва аз кори ӯ аҳли сохтмончиён розиянд.
- Ҳар рӯз ба 30-40 нафар ёрии аввалияи тиббӣ мерасонам. Сохтмончиён бештар аз пастии фишор дар зери замин азият мекашанд. Дар бисёр ҳолатҳо дар чашм афтидани ҷисмҳои бегона, аз қабили резаи оҳан ҳангоми буридани оҳанпораҳо, чангу хок ва ғайра мушоҳида мешавад. Дар сурати вазнин шудани ҳолати мариз бо мошинаи «Ёрии таъҷилӣ» барои ташхису табобат ба маркази саломатии дар назди неругоҳбуда фиристода мешавад, - мегӯяд бонуи пизишк.
Суҳбати моро бо Саёҳат ҷавони бо дастон чашмонашро дошта, ки вориди ҳуҷраи табиб шуд, бурид. Сӯзиши чашм то андозае ӯро безобита намуда буд, ки аз шиддати дард ба худ мепечид. Бо чакондани маҳлул ва пок сохтани чашмонаш аз чангу гил дардаш таскин ёфту ҷавон саросемавор ҳуҷраро тарк гуфт.
- Ҳар лаҳза барои онҳо ғанимат аст. Онҳо талош доранд, то сонияеро талаф надиҳанд, - мегӯяд Саёҳат.
Қ. НЕЪМАТУЛЛО,
НБО «Роғун»