Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни хӯшаҳои ангур хӯшаи калонеро бардошта, ба олимони соҳаи токпарварӣ ва деҳқонони ҷамъомада чунин хитоб намуданд: «Барои омӯзиши соҳа ба Америка наравед. Ана, марҳамат, корро аз бобои Ҳоҷӣ Камол ёд гиред!»
Ин нахустин вохӯриро, ки соли 1995 бобои Камол бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошт, ҳаргиз наметавонад аз хотираш фаромӯш созад. Дар мулоқоти баъдина, соли 2007 пешниҳод намуданд, ки ба ихтиёраш қитъаи муайянеро ҷудо намоянд, то ба ҳайси токпарвари корозмуда ба дигарон таҷриба андӯзаду барои рушду нумӯи соҳаи токпарварии кишвар саҳми бештаре гузорад. Ӯ синну соли рафтаро пеш овард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Хуб гӯед!».
«Хуб» гуфту кор шуд. Дар аввал монеаҳо зиёд буданд. Мебоист иҷоракоронро ҷалб намуд ва ба онҳо таҷриба омӯзонд. Зеро бар замми надоштани маблағи кофӣ, инчунин, онҳо кордида набуданд ва аз тарси номуваффақу қарздор шудан аз бонкҳо бо бобои Камол ҳамкорӣ намекарданд. Маслиҳаташон дод, то дар гӯшае аз замини иҷораашон маҳсулоти полизӣ ва гандум кишт кунанд ва даромади онро ба рушди токпарварӣ бахшанд. Пардохти андози заминҳои ба иҷора додашударо ҳам барои осонии кори иҷоракорон ба дӯш гирифт…
- Як сухани умедворкунандаи Сарвари давлатамон қувватам бахшид, ки ҳамаро сафу ҷамъ кунам ва «Боғи Сомон»-ро бунёд созам. Агар давлатдорони пешин бо яроқу аслиҳа даҳҳо сарзаминро забт карда бошанд, Президенти мо бо сеҳри суханашон на танҳо маро ба кор дилгарм карданд, балки қалби тамоми мардуми дунёро тасхир намуданду соҳибэҳтиром гаштанд. Дастгирию ҳавасмандгардонии як деҳқони одӣ аз ҷониби Президенти мамлакат иқболи баландест, ки ман аз он ифтихор дорам, - мегӯяд Ҳоҷӣ Камол Мадумаров.
Сирри муваффақият
Шуғли авлодии бобои Камол кишоварзист. Ӯ солҳои пешин дар ҷойҳои офтобраси замини наздиҳавлигиаш, ки ҳамагӣ 15 садяк буд, маҳсулоти полизӣ кишт мекард. Чойлоби атрофи ҳотаашро хӯшаҳои пурбори навъҳои гуногуни ангур зеб медоданд, ки ҳар роҳгузар аз дидани он бетаваҷҷуҳ буда наметавонист. Ҳаваси зиёд дар такмили шуғл дошт, вале давраи шӯравӣ деҳқон соҳиби замин набуд, наметавонист, то хостаҳояшро амалӣ созад.
Деҳқони меҳнаткаши заҳматқарини асилро хабари хуши ба кишоварзон тақсим шудани замин шоду масрур кард. Нақшаи бунёди боғу токзорро тарҳрезӣ намуд. Қитъаи барояш ҷудошуда, ки чандон майдони васеъ набуд, ҳаваси деҳқониашро нашикаст. Ба гуфтаи ӯ, иқболаш баландӣ карду меҳнаташро қадр намуданд ва якбора соҳиби 500 гектар замин гашт, ки имрӯз обрӯи бо дастони пуробилаю арақи ҷабин ёфтааш ӯро чун ангурпарвари номӣ маъруф намудааст.
- Аксаран бар он андешаанд, ки ман сирри муваффақиятамро дар соҳаи токпарварӣ аз дигарон пинҳон медорам. Ба ростӣ, ҳеҷ сирре дар ин ҷода ниҳон нест. Фақат бо дасту дили пок меҳнат кардан лозим аст. Баъдан, мавсими кор дар баробари коргарони кироя ҳамаи аҳли хонавода саҳмгузор мебошанд. Барои коргарон ду вақт хӯроки гармро келину ҳамсарам омода месозанд. Хомток, нарм кардани гирди дарахтон ва тоза кардани замин аз алафҳои бегонаро духтарон ва набераю абераҳо анҷом медиҳанд. Хуллас, ҳамдигарфаҳмию ягонагии фазои хонаводагӣ сабаби дигари пешрафти кори мост, - иброз медорад ангурпарвари муваффақ.
Дар 35 сардхонаи хоҷагии токпарварии «Боғи Сомон», ки ғунҷоиши ҳар кадомашон 50 - тоннагӣ мебошад, ҳар сол пурра ангур захира карда мешавад.
- Тариқи дигари нигоҳдории ангурро ҳам ёд гирифтем. Чанд солест, дар гармхонае, ки масоҳаташ 15 садяк аст, хӯшаҳои ангурро то баҳор нигоҳ медорем. Вақте меҳмоне аз хориҷи кишвар вориди токзор мешавад, аз дидани он дар ҳайрат мемонад. Берун хунуку барфпӯш аст ва аз гармхона хӯшаҳои тари ангурро ба меҳмон медиҳам, хеле хурсанд мешавад. Аз хушҳолии онҳо лаззат мебарам, ифтихор мекунам ва ҳама мушкилу хастагиҳоям бартараф мешаванд, - бо ҳаяҷон мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Содиротро ба роҳ бояд монд
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» 1102 саҳмдор фаъолият дорад, ки беш аз 400 нафарашон бонувон мебошанд. Ҳар сол зиёда аз 10 ҳазор кас ба корҳои токпарварӣ ҷалб мешаванд. Бобои Камол 8 навъи серҳосили ангурро ба воситаи тоҷирон аз боғдорони номдори кишварҳои Афғонистон, Чин ва Ӯзбекистон дастрас намудааст. Ҳосили фаровони ин меваи хуштаъми ширин дастархони мардуми кишвар ва берун аз онро оро медиҳад.
Аз ӯ мепурсам, ки содироти ангур дар мавсими ҳосилғундорӣ чӣ гуна аст? Боғдори асилу корозмуда аз мушкилиҳои тоҷирони ватанӣ дар содироти ангур, ки садди роҳашон мебошад, изҳори нигаронӣ менамояд. Ӯ мегӯяд, ки боғдорон имкони ба фурӯш баровардани маҳсулоташонро надоранд, зеро ҳамеша аз пайи корҳои боғдорӣ ҳастанд. Тоҷирони кишварҳои Афғонистон, Қирғизистону Россия шефтаи таъму лаззати ангури тоҷикӣ буда, асосан харидорони меваҳои Тоҷикистон ҳам онҳо мебошанд. Чаро ки имконияти онҳо дар бобати содироту воридоти маҳсулот нисбати тоҷирони ватанӣ фарохтар аст.
- Солҳои пешин боғдорон тарзи нигоҳубини токро камтар сарфаҳм мерафтанд. Акнун дар ин соҳа таҷриба фаровон аст ва шуғл варзидан ба токпарварӣ мушкилӣ надорад. Барои кори боғдорони моро омӯхтан аз давлатҳои ҳамсоя муроҷиат мекунанд. Ҳатто сарвари кишвари ба мо дӯст, Шавкат Мирзиёев даъват намуд, то чунин боғи ангурро дар Ӯзбекистон рафта, бунёд намоям. Бубинед, ки чӣ қадар ба таҷрибаи токпарварони тоҷик таваҷҷуҳ зиёд аст ва барои омӯхтани кори мо ниёз доранд, - боифтихор мегӯяд бобои Камол.
Дасти хайри Ҳоҷӣ Камол
Баҳори соли 1998 сербориш омад ва хисороташ ба мактаби (мактабе, ки хонандагон ҳамагӣ то синфи чор таҳсил мекарданд) деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода расид. Бинои мактабро сел рӯфта бурд. Се ёру бародар тасмим гирифтанд, то мактаби наверо бо шароити имрӯза сохта, ба истифода диҳанд. Маслиҳатчиён зиёд буданд. Яке мегуфт, ба ҷойи харҷи «беҳуда» бо ин маблағ мошин хараду ба иҷора диҳад. Дигаре масҷид сохтанро тавсия медод…
Касе дар бораи ояндаи кӯдакон, ки пас аз се моҳ бояд ба таҳсил фарогир мешуданд, намеандешид. Дар се моҳи таътили тобистона сохтмони мактаби дорои 18 синфхона барои 400 хонанда пурра ба анҷом расид.
Бо ташаббуси бобои Камол Мадумаров ҳашари пулсозӣ мисли тӯй гузашт. Яке барои ҳашарчиён деги ош мемонд, дигаре ҳезум омода мекард… Мардум чандин километр роҳро пиёда тай намуда, то Янгибоғ меомаданд. Сохтмони пул дар 52 рӯз ба итмом расиду мушкили халқ осон шуд…
Аҳолии деҳаҳои Долонсой, Қарабой Наимов, Боботоғ ва Саъдии Шерозӣ солҳои зиёд, ки оби ошомиданӣ надоштанд, бобои Камол мушкилашонро осон кард. Бо истифода аз асбобҳои ҳозиразамони обкашӣ аз қаъри замин оби софу зулол баромад. Хурсандии сокинонро ҳисоб набуд. Аз шодӣ мегиристанд, дуои хайраш мекарданд…
Бобои хайрхоҳу саховатпеша дар андешаи обод намудани роҳҳои байни деҳаҳои Тоиб Тӯйчиев ва Обида Нӯъмонова аст. Ин роҳ хеле валангору касногузар шудааст. Азм намуд, ки роҳҳои байни деҳаҳои мазкурро то охири сол мумфарш намояд…
- Аз соли 1958 фаъолиятамро аз кори колхозчии он замона шурӯъ намудам. Дар ин миён боре ҳам истироҳат накардаам, ба ғайр аз рӯзҳои боронӣ. Бо сабаби беморӣ ду сол пештар дар беморхона бистарӣ шудам ва он ҷо муддате «дам» гирифтам. Агар умр вафо кунад, тамоми қувватамро сарфи рушди ин шуғли бобаракату сердаромад хоҳам намуд, - гуфт дар фарҷом бобои токпарвар Камол Мадумаров.
Қутбияи Неъматулло,
шаҳри Турсунзода