Санаи 31 июли соли 2019 зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода иброз дошт, ки алҳол дар кишвар 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо 31,8 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ дар мамлакат бунёди 7 корхонаи нави истеҳсолӣ бо харҷи 200 миллион доллари амрикоӣ бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар назар аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 3,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи якуми соли 2018 231,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади муаррифии молу маҳсулот, пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар доираи нақшаи 300 рӯзи истилоҳот портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) www.b2b ташкил карда шудааст.
Гуфта шуд, ки минбаъд маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, сармоягузории давлатӣ, харитаи сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ғайраро аз сомонаҳои www.investcom.tj, www.molikiyat.tj ва www.muzoyada-kvd.tj метавон дастрас кард.