- Замони шӯравӣ меваҳои боғи хоҷагии «Себзор»-и ноҳияи Тоҷикободро махсус ба минтақаи сарди Сибири Федератсияи Россия мефиристоданд. Зиёда аз 50 сол ин боғҳо нашъунамо ёфтанду меваҳои шаҳдбору лазизаш ба гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол меёфт. Бо гузашти солҳо боғ куҳна ва дарахтон оҳиста - оҳиста хушкидан гирифтанд. Хоҷагӣ таҷдид шуд, майдони боғро ҳамчун саҳм ба мардум тақсим намуданд. Аз ин замин танҳо алаф барои хӯроки чорво медараванду халос, – мегӯяд ҳамсуҳбатам Ҳиспонахон Миракова.
Мавсуф зодаи ноҳияи Тоҷикобод аст. Ҳарчанд сахт орзуи дар мактаби олӣ таҳсил карданро дошт, тақдир имкон надод. Марги падараш, ки дар синни 53 аз бемории саратон даргузашт, сабаби таҳсилоти олӣ нагирифтанаш гардид. Мисли дигар духтарони русто соле баъд аз хатми мактаб ӯро ба ҳамдеҳааш Раҳим Бедимоғов ба шавҳар доданд. Пас аз оила барпо намудан, ӯ бо дастгирӣ ва тавсияи шавҳару хушдоманаш, ки рустабор буд, дар кӯдакистони ноҳия ба фаъолият пардохт.
- Ҳамсарам Раҳим Бедимоғов то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳайси духтур ба мардум хизмат намуд. Ман 26 сол дар кӯдакистон заҳмат кашидам, қариб 10 сол мудири боғча будам. Шукр мегӯям, ки шогирдону дастпарваронам имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияву ҷумҳурӣ кору пайкор доранду маро устоди худ медонанду эҳтиромамро ба ҷо меоранд, - мегӯяд ин бону.
Соли равон Ҳиспонахон Миракова 60 - солагиашро ҷашн мегирад. Ва тавре худи ӯ изҳор дошт, хост дар ин синни муборак баҳри хеш туҳфае тақдим кунад.
- Ҳарчанд фарзандонам хостанд ба зиёрати хонаи Худо равам ва ба унвони «ҳоҷибибӣ» мушарраф шавам, ман савоби дигарро интихоб намудам. Амале, ки аз он натанҳо худам, балки дигарон низ баҳра баранд. Вақте фарзандонам пурсиданд, ки дар зодрӯз ба шумо чӣ туҳфа кунем, ҷавоб додам, боғ. Онҳо аввал дар ҳайрат шуданд, ки чи гуна ман дар ин синну сол аз уҳдаи нигоҳубини боғ мебаромада бошам. Вале, дар натиҷа тасмими бунёди боғ бо як овоз дастгирӣ ёфт. Шукрона 5 фарзанд ва 6 набера дорам. Фарзандонам ҳама соҳибмаълумотанд ва дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Писари калониям Хисрав дар ташкилоти байналмилалӣ, Алишер бо зану фарзандонаш дар Федератсияи Россия, Фотима ва Дилхоҳ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Зуҳро дар Кумитаи рушди сайёҳӣ адои вазифа доранд, - мегӯяд бону Ҳиспонахон.
- Аз ҷавонӣ дар замин меҳнат карданро дӯст медоштам. Рости гап, ба дӯзандагӣ шавқам кам буд. Барои дӯхтудӯз бештар аз модар ва янгаҳо ёрӣ мехостам, - мегӯяд ӯ ва меафзояд, - панҷ моҳ заҳмати сангин кашидам то дар ин харобазор боғ бунёд гардад. Майдони умумии он 1,5 гектарро ташкил медиҳад. Моҳи марти соли ҷорӣ корро оғоз намудем. Ду рӯз, аз субҳ то нимашаб, 5 трактор фақат ба решакан намудани дарахтони хушкида банд шуд. Зиёда аз 10 мошини боркаш ҳезуми боғро ба оилаҳои ниёзманд ва мактабҳо тақсим намудем.
Бо ҷалби мутахассисону сарагрономи ноҳия Аброрхуҷа Каримов, боғпарварони собиқадор, бародарону наздикон бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ 600 ниҳол шинондем. Аз ин миқдор 450 (панҷ намуд) себ ва 150 ниҳоли гелосу мурут ва зардолуву нок мебошад. Қатори байни дарахтонро низ самаранок истифода бурдем. Ҳарчанд хостам байни қаторҳо картошка кишт кунем, кишоварзони ботаҷриба кишти ҷаву юнучқаро тавсия доданд. Дар мавзеи Лангари Шоҳ дар 50 сотих картошка коштем. Танҳо маблағи сӯзишвории истифодашуда 5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки онро фарзандонам ба ман инъом намуданд. Акнун то ба ҳосил даромадани ниҳолакон ҷаву юнучқаи боғро даравида, аз фоидаи фурӯши он атрофи боғро сипардевор гирифта, доруву ғизо хоҳем дод. Бунёди боғ низ мисли кор дар кӯдакистон аст. Бо ниҳолакон ҳамчун бо кӯдак муомила намудан рост меояд. Парваришу нигоҳубин ва ба воя расондани боғ кори басо заҳматталаб аст. Оянда дар боғ қуттиҳои занбӯри асал хоҳем гузошт, - гуфт Ҳиспонахон.
Падари ӯ Пирмаҳмад Мираков солҳои 60 - уми асри гузашта котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳия, яке аз шахсиятҳои баруманд буд. То ҳол насли калонсоли ноҳияи Тоҷикобод ва минтақаи Рашт кордонӣ ва хоксории эшонро ба некӣ ёд меоранд.
- Дар оилае ба воя расидаам, ки аз тифлӣ дар ниҳодам ҳисси меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ ҷо гардидааст. Падарам дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ кор мекард, вале аслан кишоварз буд ва аҷдодамон деҳқони одӣ буданд. Боғпарварию боғдорӣ бароямон меросисту меҳмоннавозию меҳмондорӣ шеваи хонаводагимон. Маҳз бо ҳамин кору хислат мардум моро мешиносанд. Модарам Ҳанонабибӣ дар тӯю маъракаҳои деҳа ошу ҳалво мепухт, бо ҳунари дасти худ тахти кӯрпаҳои наварӯсонро зеб медод. Хоксору ҳунарманд ва ҳалиму меҳрубон буд. Мо низ дар рӯҳияи одамдӯстӣ тарбият ёфтаем, - зикр мекунад бонуи кишоварз ва илова менамояд, - имрӯз маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳроҳи саодати зиндагӣ расидем. Ҳоло ҳар як фарди ин ҷомеа вазифадор аст, ки гӯшаеро обод созад, дарахте шинонад, роҳу пул бунёд созад. Дар сухан не, дар амал, дар меҳнат садоқати худро ба давлату миллат чун Сарвари кишвар нишон диҳад. Аз худ чизе барои фарзандону наберагон ба ёдгор монад, - иброз намуд Ҳиспонахон.
Д. САФАР,
ноҳияи Тоҷикобод