Маҷмаи миллии палав дар Хуҷанд - тарғибгари фарҳангу ҳунар
Яке аз соҳибкорони комёби вилояти Суғд, номзади илми иқтисод Абдуаҳад Тоҷибоев, ки китоби «Имкониятҳои рушди робитаҳои берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- и ӯ ба забонҳои олмонию англисӣ ба табъ расида, дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон сазовори шоҳҷоиза низ гардидааст, дӯстдор ва дилбохтаи таъриху фарҳанги миллат мебошад.
Ширкати сохтмонии ӯ ба номи шоҳи бузург Доро «Доро-инвест» дар Хуҷанд биноҳои зиёди иҷтимоиро бо сифати баланд сохтааст. Соҳибкор нахустин шуда дар маркази вилояти Суғд супермаркети «Доро»-ро пешниҳоди мардум карда буд, ки бо усули меъмории шарқӣ ороста ва бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин аст.
- Бисёр мехостам дар шаҳр биноҳое бунёд шаванд, ки беҳтарин намунаи осори меъмории ниёгонро дар худ таҷассум кунанд, бо ҷаззобият ва нотакрории худ ифтихори наслҳои оянда гарданд. Бо падари бузургвор, ки бинокори собиқадоранд, маслиҳат намуда, тасмим гирифтем, ки чунин иншоот метавонад як кох, як қасре бошад, ки оши палави тоҷикиро муаррифӣ карда тавонад. Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2017 оид ба посдорӣ ва эҳёи расму анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла оши палав нияти моро қатъӣ кард.
Бинои куҳнаеро, ки дар паҳлуи масҷиди зебои «Нури ислом,» дар маҳаллаи 20-уми шаҳр воқеъ буд, гирифтем ва бо усули тамоман нав бозсозӣ намудем. Ниҳоят, 17-уми ноябри соли 2017 Пешвои муаззами миллат «Маркази миллии оши палов»-ро ифтитоҳ карданд, - гуфт зимни суҳбат Абдуаҳад Тоҷибоев.
Ҳангоми сохтани марказ соҳибкор чанд ҳадафи неки худро амалӣ намуд: якум, дар ороиши бино масолеҳи хоси миллӣ – санги хоро ва ҳунарҳои кандакорию гаҷкориро истифода бурд, ки акнун дар сохтмони иншооти нави вилоят маъмулӣ шудааст. Дуюм, устоҳои рассому кандакору гаҷкори хуҷандии солмандро, ки дар хона бекор менишастанд, даъват кард. Онҳо дар ин сохтмон ба 40 нафар ҷавони хоҳишманд ҳунарҳои нотакрори худро омӯзонданд. Сеюм, ошпазҳои беҳтарини шаҳрро ҷамъ овард ва ҷавононро ба онҳо вобаста кард, то сирру асрори ошро ба онон ифшо созанд. Беҳтарин ошпазҳои ҷавонро ба кор қабул намуд. Чаҳорум, дар таҳхонаи марказ 8 ҳуҷраи хос барои муштариён боз шудааст. Фарқи ин ҳуҷраҳо аз ҳуҷраҳои алоҳидаи тарабхонаҳои дигар дар он аст, ки онҳо тибқи меҳмонхонаҳои маъмулии тоҷикон дар асрҳои гузашта оро дода шудаанд. Дар даҳлез ва дохили ҳуҷраҳо асбобу анҷом, зарфҳо, палосу кӯрпачаву болин ва дигар лавозимоти қадима касро ба ҳайрат меоранд.
Шуҳрати маҷмаи миллии оши палав тадриҷан дар ҳудуди вилояту ҷумҳурӣ ва шаҳру навоҳии ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон паҳн гардид. Ошпазҳои ин муассиса дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, ошпази 33-солаи марказ Абдуҷаббор Раҳматов аз 25-уми апрел то 5 майи соли равон дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван маҳорати хешро нишон дода, оши палави тоҷикиро бо беҳтарин шакл муаррифӣ намуд.
- Дар ҷашнвораи байналмилалӣ сайёҳон аз кишварҳои Аврупо хеле зиёд буданд. Вақте палави тоҷикиро мечашиданд, ҳаловати худро пинҳон карда наметавонистанд. Аз масолеҳи он, аз тарзу усули пухтанаш мепурсиданд, аксу навор мегирифтанд. Бовар кунед, он лаҳзаҳо фаромӯшношуданиянд. Аз миллати худ, ки ҳазорон сол беҳтарин ҳунарҳои худ, аз ҷумла ҳунари пухтани палавро ҳифз намуда, имрӯз пешкаши ҷаҳониён мегардонад, фахр мекардам- гуфт Абдуҷаббор Раҳматов.
Маҷмаи миллии оши палав сомона ва беш аз ду миллион муштарӣ дорад ва ба ин васила, сафи мухлисонаш торафт меафзояд. Ба маҷмаа расонаҳои пурнуфузи дунё таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ТВ «Мир», телевизионҳои Чин, Гурҷистон ва дигар кишварҳо дар бораи маҷмаа барномаҳо пахш намудаанд.
Чун ҳадафи аслии маҷмаа пешниҳоди беҳтарин ва лазизтарин ошҳои палав аст, кормандон тамоми донишу маҳорат ва истеъдодашонро ба ин кор равона кардаанд.
- Алҳол дар маҷмаи мо 18 намуди оши палав тайёр карда мешавад, - мегӯяд Абдуаҳад Тоҷибоев. – Асоси ош равған аст ва ошпазҳои мо, пеш аз ҳама, ба сифати равған аҳамият медиҳанд. Вобаста аз намуди ош равғанҳои пахта, дунбаи гӯсфанд, зайтун, зағир, офтобпараст ва ғайраро дар алоҳидагӣ ва ё дар шакли омехта истифода мебарем.
Дар марказ аз намудҳои машҳури биринҷ: кенҷаи Хуҷанд, девзираи Панҷакент, девзираи Исфара, лазери Хоразм зиёд истифода мебаранд. Ошҳои палави «Идона», «Гап», «Девзираи як ба як», «Исфарагӣ», «Хуҷандӣ», «Самарқандӣ», «Меҳмондӯст», «Шоҳона» ва ғайра, ки дар маҷмаа мепазанд, талабгорони зиёд доранд.
Албатта, маҷмаа оши махсуси худро ҳам бо номи «Доро» дорад. Ин ош аз гӯшти гӯсола, қазӣ, гӯшти қоқ (хушк), илик (мағзи устухон), омехтаи равғанҳои гӯсфанд ва растанӣ, биринҷи навъи лазери Хоразм, сабзиҳои зарду сурх тайёр карда мешавад ва хеле бомаза аст. Барои онҳое, ки гурӯҳ шуда ба ин ҷо меоянд ва пешакӣ фармоиш медиҳанд, ошпазони маҷмаа ду намуди ош - «Гапи чойхона» ва «Меҳмондӯст»-ро пешкаш мекунанд. Ин ошҳои ҳарифона барои ҳафт нафар пешбинӣ шудаанд.
- Хӯрдани ош дар табақҳои анъанавии сафолӣ лаззати дигар дорад. Маҷмаа бо мақсади тарғиб ва дастгирии ҳунармандони мардумӣ аз онҳо табақ харида, ба мизоҷон мефурӯшанд. Марказ мувофиқи фармоиши мизоҷон ошро ба хонаҳояшон ройгон дастрас мекунад ва аксар табақи сафолини зебои бо он ошбурдаро барнамегардонанд, бо ошаш харидорӣ мекунанд, - мегӯяд Абдуаҳад Тоҷибоев. - Ин намуди хизматрасонӣ, яъне ба хонаи мизоҷон бурдани ош торафт маъмул шуда истодааст, зеро дар оилаҳои ҷавон, барои се-чор нафар пухтани ош ҳам вақти зиёдро мегираду ҳам пурра хӯрда намешавад ва шабмонда шуда таъми худро гум мекунад. Мо тасмим гирифтем, ки минбаъд маҳсулоти нимтайёри ошро ҳам тибқи технологияи қадимӣ омода созем, то бонувони муҳтарам ва ҳар касе, ки вақташро азиз медонад, аз онҳо харид намуда, дар хонаҳояшон палави бомаза пазанд, зеро шоҳи таомҳои миллии мо, тоҷикон, палав аст.
Ҷ. ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд