Ба шарофати эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар раҳу рагҳои маҳалу деҳкадаҳои дурдасти кишвар ҷони тоза медамад. Бидуни шак, мароми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафту ободонӣ дар рустоҳо беҳбудии шароити иҷтимоии сокинони деҳот аст, ки бо дарки ин нукта ва пайравӣ аз иқдомҳои бузург ҳар тан аз наслҳои озодагони кишвар майлу рағбати саҳмгузорӣ дар рушду ободонии зодгоҳи худро доранд. Сокинони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон иқдомҳои созандагиро аз ободонию сабзазоркунии хонаву остони худу маҳалу маскани коргоҳашон оғоз намудаанд.
- Дар маркази ноҳия, ки ба ифтихори муттаҳидию ҳамсоягии мардумони гуногунмиллат шаҳраки Дӯстӣ ном гирифтааст, гулпарварӣ чун шуғли дӯстдоштании сокинон сол аз сол ривоҷ меёбад. Гулу гулкорӣ чун зиннатбахши ҳавлию муҳити зист ва бахшандаи атру болидарӯҳии одамон, як ҷузъи муҳими рӯзгори бонувони деҳот маҳсуб меёбад, - мегӯяд Зуҳро Паҳлавонова, як тан аз сокинони кӯчаи Шамсиддини Шоҳини ноҳияи Ҷайҳун. – Дар баробари ҳунарҳои кадбонугӣ ва дӯзандагию дигар касабаҳои занона мо аз модару бибиҳоямон парвариши гулу дигар пешаҳои заминкориро ҳам омӯхта будем.
Ҳавлии аз гулҳои гуногунрангу хушбӯ перостаи Зуҳробону кори як солу ду сол не, самараи заҳмату ҳунаркориҳои чандинсолаи аҳли оила аст, ки аз гулбуттаҳои қади сафедорон баланди ҳавлиашон манзараҳои пурэъҷозу беназир офаридаанд. Бунёди чунин соябонҳои гулбасар ва гулбандии дару дарвозаҳои хонаву истироҳатгоҳҳо ба нафаре муяссар мегардад, ки ҳастии худро ба олами гулу наботот бахшида бошад. Чаро ки нигоҳубину парвариши гулу буттаҳои ороишӣ заҳмати пайвастаи шабонарӯзӣ мехоҳад ва гоҳи бехабарӣ аз ҳоли гулҳо заҳмати чандинсоларо барбод медиҳад.
Аз гулкорӣ фоидаи нақд набинем ҳам, аз ин машғулияти илҳомбахш дасту дил бардошта наметавонам. Зеро ҳаловати тамошо ва лаҳзае ҳамдаму ҳамнафаси гулҳо будан, ба инсон эҳсосоте мебахшад, ки дар баёни он вожаи муносиб намеёбӣ,- ба суҳбат ҳамроҳ мешавад гулпарвари номдори ноҳия Ситорамоҳ Хушбегиева. - Муҳити хонавода, ба хусус симои зоҳирии ҳавлиҳои одамон, муаррифгари фарҳангу маданият ва бозгӯи муносибати сокинон ба ҳаёти худ ва муҳити атроф бувад. Бад -ин хотир ба азми ҳамовозӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои ободонию бунёдкориро аз остони хонаву маҳали худ шурӯъ кардаем.
Ба пиндори сокинони ноҳия беҳтарин давраи ҳунаромӯзии духтарон ба овони мактабхонии онҳо рост меояд, ки фориғ аз дарс фурсати муносибе барои азбар намудани касбу корҳои оиладориро доранд. Кош, дар доираи маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба солҳои рушди деҳот масоили умдаи хонаводаҳои русто низ ҳаллу фасли худро меёфтанд,- изҳори умед менамоянд модарони солманди ноҳияи Ҷайҳун.
Таълими ҳатмии касб ва ё ҳунаромӯзии духтарони деҳот аз мавзӯъҳои мавриди баррасии фаъолзанони ноҳия буда, дар заминаи коргоҳҳои навбунёди дӯзандагӣ садҳо ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, - иброз дошт муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия Суман Тоҷиддинзода. – Аз ҷумла, коргоҳи дӯзандагии «Афсона» бар замми таъсиси ҷойҳои корӣ боз ба чанд тан ҷавондухтарони корҷӯй санъати тарроҳию дӯхти сарулибоси мактабиро омӯхта истодааст.
- Дар тӯли панҷ соли арзи ҳастӣ намудани коргоҳ теъдоди бешумори занону духтарони деҳоти атроф ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, имрӯз теъдоде аз онҳо дар коргоҳҳои навтаъсис фаъолият доранд, - мегӯяд Афсона Доргиева, сарвари корхонаи дӯзандагии «Афсона». –Сарфи назар ба мавсимҳои сол бозори дӯхти сарулибоси занона ҳамеша гарм аст. Ба хусус, агар аҳли корхона аз ҳунармандиҳои бештари абзори занона бархӯрдор бошанд. Маҳорати баланду чирадастии ҳунармандони коргоҳи мо дар дӯхтудӯзи чаканҳои кӯлобию раштию бадахшонӣ аст, ки шумори муштариён рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Ба гуфтаи Афсона, дарёфти кору шуғлҳои даромаднок, пеш аз ҳама, аз худи ҳунарманд вобаста аст, ки то чи андоза дастранҷҳои худро муаррифӣ ва ба фурӯш бароварда тавонад. Аз лиҳози рушду эҳёи соҳаи дӯзандагӣ ҳанӯз гомҳои аввалинро гузошта истодаем, аммо барои тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи бозори ояндаи меҳнат бояд духтарбачаҳоро аз синни барвақттар ба таълими ҳунар ҷалб намуд. Шахсан, нозукиҳои ин касбро ҳанӯз дар овони 11–12 - солагӣ аз бибикалонам омӯхта будам, ки бо гузашти қариб ду даҳсола ба кор омад. Коргоҳро бо дастгирии ҳамсарам таъсис дода, фаъолиятро аз дӯхти сарулибоси одии занона оғоз карда будем. Имрӯз дар баробари пешбурди ҳунарҳои гуногун боз тибқи шартнома барои хонандагони 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия сарулибоси мактабии духтарона дӯхта истодаем.
Афсона Доргиева мақсад гузоштааст, ки ба коргаронаш дӯхти сарулибоси мактабии бачагонаро низ омӯзонда, дар оянда истеҳсоли онро ба роҳ монад. Қатъи назар аз сифати баланди истеҳсолӣ нарху навои сарулибоси «Афсона» нисбат ба дигар дукону мағозаҳои ноҳия арзон аст.
Ӯ зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ буда, чаҳорсола буд, ки аҳли оилаашон ба ноҳияи Ҷайҳун кӯчид. Дар ҳамсоягии ҳунармандони номдоре, ки аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон омада буданд, тарҳҳои чаканро аз бар намуда, инак саъй дорад, ки бо омезиши нақшҳои дастдӯз мӯдҳои муосири сарулибоси миллиро пешкаши бонувон намояд.
Ҳунармандони ноҳияи Ҷайҳун бар онанд, ки дар ояндаи наздик тарҳҳои сарулибоси арӯсии бо фатаҳои аврупоӣ рақобатпазирро пешкаши ҷавондухтарон намоянд. Зеро, анъанаи неки ниёгон буд, ки аз қадим чодару чиҳози арӯсии духтаронро модарон ба дасти худ омода мекарданд. Аммо, сарфи назар аз рушди ҳунарҳои мардумӣ, имрӯз ҳам дар саросари кишвар духтарони мо дар маросимҳои хонадоршавӣ фата иҷора мегиранд, - мегӯяд Афсона Доргиева.
Ҷ. САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷайҳун