Рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешрафту нумӯи иқтисоди давлат маҳсуб ёфта, тараққии дигар соҳаҳо низ марбут ба он дониста мешавад. Ин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, ниёзмандии аҳолӣ ба маҳсулоти худӣ, коҳиш додани анвои воридотӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар дар Паёми навбатии хеш саноатикунониро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.
Сармоягузор ва мутахассис асоси рушди саноат
- Дар ин замина яке аз роҳҳои асосии рушди саноат дар кишвар ин таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад, зеро рушди иқтисодиёт фаъолияти самараноки иштирокчиёни раванди сармоягузориро тақозо менамояд. Ҷалби сармоя дар бахши иқтисодиёти миллӣ асоси рушди соҳаҳои саноати ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда мебошад. Ҳамчунин, соҳаи кишоварзӣ, ки дар доираи он маҳсулоти тозаи экологии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯбуда истеҳсол мегардад, сарчашмаҳои сармоягузорӣ барои рушди он низ муҳим аст, зеро яке аз маҳакҳои гардиши саноат ашёи хом мебошад. Ҳамзамон, барои таҷдиду тармими техникии корхонаҳои бекорхобида ва ворид намудани технологияи муосир, ки ба сифату коркарди ашёи хом ва омода шудани маҳсулоти ниҳоӣ кафолат медиҳад, ҷалби сармоягузорони хориҷию ватанӣ нақши созанда мебозанд, - иброз медорад Насиба Дадоҷонова, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Мавсуф иқрор меояд, ки дар баробари ҷалби сармоя омода намудани мутахассисони болаёқат дар ин самт зарурат аст. Агарчи дар донишгоҳ фанҳои марбут ба соҳаи саноат ба таври назариявӣ ба донишҷӯён омӯзонда шаванд ҳам, андӯхтани таҷриба дар истеҳсолот, бахусус дар корхонаҳои саноатии кишварҳои аз нигоҳи иқтисодиву саноатӣ пешрафта дар бобати фаъолияти минбаъда дар коргоҳҳои истеҳсолии ватанамон аз манфиат холӣ нест.
Дар ҷалби сармоягузор монеа нест…
Хурсанд Вафобеков, корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар он назар аст, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар дар самти рушди ин ё он соҳаҳо, бахусус соҳаи саноат барои ҷалби сармоягузорон монеае садди роҳ шуда наметавонад. Чаро ки сармоягузорони хориҷӣ дар баробари соҳибкорони ватанӣ соҳибимтиёзанд ва онҳо дар асоси қонунҳои мавҷуда имкони интихоби дилхоҳ фаъолият - таъсиси ширкати муштарак ё маблағгузорӣ намуданро доранд.
- Воқеан, дар мавриди гирифтани иҷозатнома барои фаъолият аксаран сармоягузорон ба мушкилӣ дучор мешаванд. Дар асоси 300 рӯзи ислоҳот барои рушди соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гашт, сабукиҳои зиёд дар нақшаю чорабиниҳо, бахусус дар танзими низоми иҷозатдиҳӣ, ба назар гирифта шудаанд, - мегӯяд Хурсанд Вафобеков.
Дар соли равон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузорон 11 созишномаи ҳамкориро ба имзо расонд, ки дар ояндаи наздик дар миқёси кишвар 15 корхонаи саноатӣ амал хоҳад кард. Аз он ки сармоягузорон бештар ба коркарди маъданҳои зеризаминӣ таваҷҷуҳ доранд, 50 дарсади сармояҳо ба ин самти фаъолият нигаронда шудааст. Ҳамчунин, аз 200 лоиҳаи батасвибрасида 80 фисадаш барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ таҳия шуда, ба сармоягузорон пешниҳод гардидааст.
- Ҳадафи асосии сармоягузор ба даст овардани фоида буда, мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии ин ё он кишвар, сарватҳои табиӣ ва сарчашмаҳои ашёи хом барои коркард дар мадди назари сармоягузор мебошанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар кишвари мо аксари сармоягузорон омода ҳастанд, то коркарди сарватҳои табиии зеризаминӣ ва истеҳсоли барқро маблағгузорӣ намоянд. Пас, мебоист, дар ин самти саноат сармоягузоронро дастгирӣ намуд, - мегӯяд мутахассис.
Дастрасии ашёи хом - мушкили соҳа
Барои рушди саноати кишвар заминаҳои асосӣ дастрасӣ ба ашёи хом, воридот ва таҷҳизонидан бо техникаҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар дар бозори дохиливу хориҷӣ мебошад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа имрӯз аксари ашёи хом барои тавлидоти маҳсулот аз кишварҳои хориҷ ворид мешаванд, ки боиси гароншавии нархи маҳсулоти ватанӣ мегардад.
- Кишвари мо манбаи ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун аст, вале дастрасӣ ба он мушкили асосӣ дар соҳаи саноати сабук мебошад. Аз коркарди пахтаю пилла, пӯсту пашм ва омода намудани маҳсулоти ҳадди ниҳоӣ метавон даромади дилхоҳ ба даст овард, - мегӯяд Комилбой Зокиров, сармутахассиси Вазорати саноат ва технологияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҳия намудани нақшаҳои тиҷоратии муосирро, ки бояд ба талаботи бонкҳои дохилию хориҷӣ ҷавобгӯ бошад, мавсуф асоси рушди фаъолияти соҳибкорон медонад. Чаро ки аксари корхонаҳои навтаъсисро таҳия накардани нақшаи пешакӣ, наомӯхтани бозор ва нагузарондани асосноккунии иқтисодию техникӣ боис мегардад, ки муддате ба фаъолият оғоз мекунанд ва баъдан дари корхонаро мебанданд. Зеро дар бозор маҳсулоташон харидор намеёбад, сарчашмаҳои ашёи хом пайдо карда наметавонанд ё дар содироти маҳсулот мушкилӣ пеш меояд.
Мутахассис мушкили дигари рушди саноатро дар ҷалб намудани сармоягузор медонад.
- Бо иллати баланд будани фоизҳои бонкӣ сармоягузор имкони то охир, яъне то ҳадди ниҳоии истеҳсолшавии маҳсулот, сармоягузорӣ карда наметавонад. Сабаби басташавии аксари корхонаҳо низ набудани маблағи кофӣ мебошад. Фоизи солонаи бонкӣ дар ҷумҳурӣ аз 36 фисад зиёд аст, ки то ба кор даромадани корхона фоизҳои қарз меафзояд ва аз ин ҳисоб корхона муфлис мешавад. Зеро мувофиқи муқаррароти бонкӣ бояд корхона сари вақт маблағҳоро баргардонад, - иқрор меояд мутахассис.
Новобаста ба ин ашёи хомро ба таври коркарди маҷмӯӣ, масалан, коркарди маъданҳои кӯҳию металлҳои қиматбаҳои истихроҷшавандаро бо технологияи муосир ба роҳ монанд, зеро бо ашёи хоми ватанӣ маҳсулотро метавон истеҳсол ва ба бозори хориҷа бо нархи нисбатан арзон бароварда, рақобатпазир намуд. Инчунин, аксаран нахи пахта ба таври нимтайёр ба содирот бароварда мешавад, ки чандон фоида аз он ба даст намеояд. Зеро рушди дигар соҳаҳо ба рушди саноат пайвастагӣ дорад…
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО