Солҳои охир воридоту истеҳсоли маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки, агар сифати доруворӣ таъмин гардад. Вазорату идораҳои дахлдор уҳдадоранд, ки баҳри ислоҳи ин камбудӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Мусаллам аст, ки ба Тоҷикистон беш аз 90 дарсади доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва афзоишу гаронии нархи маводи доруворӣ чун дигар маҳсулоти аввалияи истеъмолӣ дар бозор зиёд мушоҳида мегардад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти ин мушкилот ба хотири беҳшавии дастрасӣ ва паст шудани нархи доруворӣ ва ҳамчунин, рушди саноати дорусозӣ тасмим гирифтанд, то воридоти таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод бошанд.
Ба иқрори Маҳмадулло Давлатов, сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии назди Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ феълан дар кишвар 35 корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи доруворӣ фаъолият бурда, коркарди маводи фаъоли биологӣ ва гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондаанд. Имрӯз беш аз 250 номгӯи дорувориҳои истеҳсоли ватаниро дар тамоми муассисаҳои тиббӣ истифода мебаранду дар дорухонаҳо бо нархҳои дастрас фурӯхта мешаванд.
- Дорувории ватанӣ ва воридгардида таҳти назорати доимии хадамоти тандурустӣ буда, онҳо дорои сертификати мутобиқатанд. Дар сурати ҷавобгӯ набудан ба стандарт, хадамот ба муомилот бароварданашро манъ мекунад. Дар ин маврид қонунгузор дар моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва моддаи 210 Кодекси ҷиноятии ҶТ воридоти маводи дорувории қалбакӣ, фурӯш ва истеҳсоли онро иҷозат намедиҳад, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Маҳмадулло Давлатов мегӯяд, ки солҳои пешин мушкили дорусозони ватанӣ дар дастрасии ашёи хом, техникаи муосир ва воридоти таҷҳизоти корӣ буд. Хушбахтона, имрӯз то ҷое ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаҳои дорусозӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ба манфиати аҳолӣ мебошад. Айни ҳол, дар корхонаҳои амалкунанда зиёда аз 400 нафар фарогири шуғланд, ки бештари онҳо бонувонанд. Ҳамчунин, дар корҳои мавсимӣ 3150 нафар ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш сафарбар шудааст. Дар вилояти Хатлон коркарди маводи фаъоли биологӣ аз рустаниҳои ширинбия ва шираи камол роҳандозӣ гардидааст. Соли гузашта ба маблағи 7 миллион доллар аз ин намуди маҳсулоти доруворӣ ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд, ки ин манбаи даромад ба буҷети давлат ва некуаҳволии аҳолӣ мебошад.
Корхонаи истеҳсоли дорувории «Кӯҳҳои Тоҷикистон» соли 2012 таъсис ёфта, 40 номгӯи маводи дорувориро дар шакли чакра барои гӯшу бинӣ, малҳамҳои зиддизанбурӯғӣ, намудҳои шарбатҳои гиёҳӣ, ҳабҳо ва маҳлулҳо барои истифодаи берунаро истеҳсол менамояд. Роҳбарияти коргоҳ, агарчи барои содироти доруворӣ ҳанӯз омода нест, талош доранд, то ҳадде дар бозори дохилӣ мавқеъ пайдо намоянд ва собит созанд, ки дар кишвар ҳам метавон бо сифати олӣ ва нархи дастрас доруворӣ истеҳсол кард.
- Вақте тасмими истеҳсоли дорувориро гирифтам, баъзеҳо бо тамасхур мегуфтанд, ки наход мо тавоноии истеҳсоли дорувориро дошта бошем. Ростӣ, то ба по рост шудани корхона, ба мушкилиҳои зиёд дучор шудем, вале аз ҳадафи аслӣ даст накашидем. Акнун нишонии моро мекобанду аз мо таҷриба андӯхтан мехоҳанд, - қаноатмандона изҳор менамояд Абдушукур Сайфуллоев, сардори корхона.
Яке аз мушкилиҳои соҳаи дорусозӣ алҳол дар роҳ наёфтан ба бозори дохилӣ ва беэътимодии мардум ба дорувории истеҳсоли ватанӣ мебошад. Ҳарчанд, мегӯянд, ки маҳсулоти хуб ба тарғибу ташвиқ (реклама) ниёз надорад, наметавон ба ин гуфтаҳо розӣ шуд. Чаро ки вақте истеҳсолот ва воридоти маҳсулот зиёд мешаваду рақобат ба миён меояд, хоҳ-нохоҳ тарғибот ягона василаи ба бозор роҳ ёфтан мегардад. Мутаассифона, барои истифода аз воситаҳои тарғибгари ватаниамон маблағҳои гарон зарур аст, ки на ҳар истеҳсолгар имконияти пардохташро дорад. Абдушукур Сайфуллоев пешниҳод менамояд, ки тарғиби истеҳсоли маводи ватанӣ, новобаста аз он ки чӣ маҳсулот бошад, ройгон шавад, то ки истеҳсоли дохилӣ бештар дар бозорҳо роҳ ёбанд ва соҳаҳои гуногун дар кишвар рушд кунанд.
Фирдавс Соҳибов солҳост, ки бо ихтисоси фармасевт фаъолият мебарад, Ӯ мегӯяд, бо пешниҳод намудани дорувории истеҳсоли ватанӣ аксари харидорон дар аввал шигифтомез мепурсанд: «Оё дар мо ҳам дорусозӣ ҳаст?». Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам тавсияи пизишкон ва онҳое, ки дар дорухонаҳо ба фурӯши доруворӣ машғуланд, метавонанд эътимоду боварии мардумро ба маводи дорувории ватанӣ афзун намуда, роҳи бозори дохилиро ба истеҳсолкунандагон кушоянд.
Корхонаҳои дорусозӣ бошанд, ба сифат ва ҷавобгӯ будани маводи доруворӣ ба стандарти дорусозӣ дар раванди кор бо хадамоти тандурустӣ ҳамкориро ба роҳ монанд, то дар истеҳсол ва содироти маводи доруворӣ муваффақ шаванд. Сардори корхона мегӯяд, ки:
- Ашёи хоми аз берун воридшударо қаблан корманди хадамоти тандурустӣ месанҷад, баъдан барои истеҳсоли доруворӣ иҷозат дода мешавад. Риояи равандҳои корӣ даст медиҳад, ки ҳодисаҳои истеҳсоли маводи дорувории ғайристандартӣ то имрӯз дар корхонаи мо ошкор нагардидааст. Пӯшида нест, ки аксари маводи доруворӣ хусусияти аллергӣ дорад, вале ба нишонии корхона аз ҷониби истифодабарандагон шикояте аз ин бобат нашудааст.
Абдулазиз Маҷидов таҷрибаи дорусозиро дар фабрикаи дорусозии шаҳри Душанбе, ки замони шӯравӣ фаъолият менамуд, андӯхтааст. Муфлисшавии коргоҳи бузург, ки дар он 120 номгӯи доруворӣ истеҳсол мешуд, боиси бунёд ёфтани корхонаи истеҳсоли дорувории «Фармико» гардид.
Гиёҳшиносон ҳам бар онанд, ки дар Тоҷикистон ҳамаи намуди гиёҳҳо ва рустаниҳои шифобахш бо хусусиятҳои хосси худ рӯида, дар сурати риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварӣ ва хушкондани онҳо моддаҳои фаъоли биологиашон нобуд мешаванд. Мавсуф гирди мушкили дигари рушди саноати дорусозӣ чунин ибрози андеша намуд:
- Аз он ки саноати дорусозӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон рушд намудаву пешрафта аст, бо бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта метавон дар муддати кӯтоҳ ҳамқадами онҳо шуд. Зеро бо 3500 намуди гиёҳҳои давобахш, ки дар ҳудуди кишвар мерӯянд (шояд дар дигар манотиқи дунё бо чунин теъдод рустанӣ нарӯяд), имкони муваффақ шудан дар ин самт бештар аст. Дорусозони машҳури ҷаҳонӣ, агар бо василаи моддаҳои кимиёвӣ дору истеҳсол кунанд, мо бо коркарди рустаниву гиёҳҳои давобахши кишвар, ки аз нигоҳи экологӣ тоза ва аз минералҳо боянд, пешрафтатар аз онҳо хоҳем шуд. Аз ин хотир, омода намудани мутахассисони соҳа, кишт намудан ва парвариши гиёҳҳои шифобахш дар майдонҳои махсус ва назорати онҳо дар мавсимҳои гуногуни ҷамъоварӣ муҳим мебошад. Мусаллам аст, ки аксаран ҷамъоварии рустаниву гиёҳҳо аз ҷониби аҳолӣ сурат мегирад, ки на ҳар вақт дорувории аз онҳо истеҳсолнамударо қобили қабул донист. Ба ин тарз ҷамъоварию дорусозӣ боиси нобуд гаштани гиёҳу рустаниҳо ва номуваффақӣ дар иқдоми пешгирифта мегардад - мегӯяд мавсуф.
АНОҲИТА