Неругоҳи барқи обии Варзоб – 1 аввалин неругоҳи барқии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сохтмони он соли 1931 оғоз ёфта, соли 1938 ба кор шурӯъ кард.
Иқтидори НБО 9,5 МВт буда, дар як сол ба ҳисоби миёна 84 миллион кВт соат барқ истеҳсол мекунад.
Сохтмони Неругоҳи барқии обии Варзоб – 2 соли 1943 шурӯъ гашта, агрегати якуми он соли 1949 ба кор даромад. Тавоноии барқистеҳсолкунии НБО - и мазкур 14,4 МВт мебошад. Дар як сол ба ҳисоби миёна 93 миллион кВт соат барқ истеҳсол мекунад.
Гидроагрегати якуми Неругоҳи барқи обии Варзоб - 3 соли 1952 ба кор сар кард. Иқтидори он 3, 52 МВт буда, дар як сол ба ҳисоби миёна 23 миллион кВт соат барқ истеҳсол мекунад.
Навбати аввали калонтарин НБО-и «Помир-1» воқеъ дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон моҳи марти соли 1994 бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд. Соли 2005 чор чархаи неругоҳ пурра ба кор даромада, НБО 28 мегаватт барқ истеҳсол мекунад.
НБО-и ба номи Ватаншо Қаландарови шаҳри Хоруғ - дувумин неругоҳи бузурги ВМКБ 9 мегаватт барқ истеҳсол мекунад.
Иқтидори НБО-и «Намадгут»-и ноҳияи Ишкошим пас аз навсозӣ ба 2, 5 мегаватт расид.
Дар ноҳияи Мурғоб моҳи сентябри соли равон НБО-и «Тоҷикистон» бо иқтидори 1,5 мегаватт ба кор дароварда шуд.
Дар маҷмӯъ дар 11 неругоҳи хурду бузурги мутааллиқ ба ширкати «Помирэнержи» 44, 1 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мешавад.
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи НБО «Сангтӯда-1» аз ширкатҳои Тоҷикистону Россия ба ҳисоб меравад. Чархаи аввали неругоҳи мазкур моҳи январи соли 2008 ба истифода дода шуда, маросими ба истифода супурдани НБО «Сангтӯда-1» 31 июли соли 2009 ба вуқӯъ пайваст. Иқтидори умумии НБО «Сангтӯда-1» 670 МВт –ро ташкил дода, аз ҷиҳати иқтидор севумин неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ба нақшагирии Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ дар рӯдхонаи Вахш аз соли 1970 оғоз гардидааст. Неругоҳи мазкур соли 1986 бунёду мавриди истифода қарор дода шудааст. НБО Бойғозӣ дорои чаҳор чарха аст, ки иқтидори ҳар кадоми он 150 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар НБО Бойғозӣ, ки иқтидори умумии он 600 МВт аст, солона 2,5 млрд. кВт неруи барқ истеҳсол мешавад.
Оғози ба нақшагирии НБО Норак соли 1950. Сохтмони он соли 1961 оғоз гардида, дар соли 1972 мавриди истифода қарор гирифтааст. Чархаи охирини неругоҳи мазкур соли 1979 тавлиди барқро шурӯъ кард. Неругоҳи барқи обии Норак аз 9 чарха (иқтидори ҳар чархаи он 335 МВт) иборат буда, тавонмандии умумии он ба 3 015 МВт мерасад.
НБО «Сангтӯда-2» лоиҳаи шарикии Тоҷикистону Эрон аз ду чарха иборат буда, иқтидори он 220 МВт аст. Чархаи аввали неругоҳи мазкур 5 сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод мавриди истифода дода шуда буд. Чархаи дувуми он моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шудааст.
15-уми декабри соли 1956 аввалин неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» (собиқ «Қайроққум») дар вилояти Суғд ба кор сар кард. Имрӯз бо иқтидори пурра фаъолият бурда, тақрибан 3 миллиону 24 ҳазор киловатт неруи барқро дар як шабонарӯз истеҳсол мекунад, ки 30 % -и талаботи умумии неруи барқро дар шимоли кишвар ташкил медиҳад.