Ӯ бармаҳал ятим монда буд. Барои сабук кардани рӯзгор аз хурдӣ меҳнатро ёд гирифт. Ба ҳаққу ҳамсояҳо дар рӯбучин ва шустушӯи палосу либос ёрӣ мерасонд.
Пас аз хатми мактаби миёна Зумрадмо ба унвони донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шарафёб гардид. Ҳангоми таҳсил низ кӯшиш менамуд, ки бо заҳмати худаш пул пайдо намояд, то ба хешовандон, ки таъминоти молиявии ӯро ба гардан гирифтаанд, андаке ҳам бошад, сабукӣ орад. Бо ҳамкурсаш Зарина Алиева дар ҷустуҷӯи кор шуд. Он вақт дар шаҳр кӯдакистонҳо шабонарӯзӣ амал менамуданд, ки асосан фарзандони шаҳриёни рустаборро ба тарбия фаро мегирифтанд. Дугонаҳоро дар яке аз чунин муассисаҳо дар басти шабона ба кор пазируфтанд.
Фаъолияти кориашро Зумрадмо дар муассисаи «Селхозтехника» шурӯъ намуда, сипас ба ҳайси мутахассиси пешбари раёсати меҳнати вилоят идома дод. Солиёни зиёд ба сифати мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии вилоят ифои вазифа менамояд. Ӯ ба ҷиҳати масъулиятшиносӣ дар адои вазифа ва риояи назму тартибу одоби муносибот бо мизоҷон аз эҳтироми ҳамагон бархӯрдор бувад.
Зумрадмо ва Шозед ҳамсабақ буданд. Аз овони мактабхонӣ дар байни ин ду шогирди аълохон аҳди дӯстӣ тарҳ андохта буду дар солҳои донишҷӯӣ, ки яке дар факултаи иқтисод ва дигаре риёзӣ таҳсил мекарданд, он ба муҳаббати самимӣ табдил ёфт. Ба ҷавони соҳибистеъдоди хушқаду қомат духтарони зиёд ҳавас мекарданд, вале ӯ ба дӯсти деринаи мактабиаш дил бохт.
Ашхоси шиноси синнашон калонтар дар симои ҷавони зебои нармгуфтору зиндадил, ташаббускору босалиқа кадри хуби ояндаро медиданд ва дар тахминашон хато накарданд. Шозед солиёни зиёд дар симати мутахассис ва сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят кор кард ва чун роҳбари кордон обрӯ ёфт.
Соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шозед Шозедов раиси ноҳияи Мурғоб таъйин гардид. Ин интихоб тасодуфӣ набуд. Шозед дар баробари тоҷикӣ забонҳои қирғизӣ ва вахониро, ки василаи асосии муоширати тоҷикон дар ду тарафи хати марзи Тоҷикистону Чин аст, хуб медонисту дар байни қирғизҳо ва тоҷикони ин ноҳия хешу табори зиёд дошт. Тоҷикони Чин бошанд модарбузурги хонаводаашон Атикамро модари тоҷикони ин минтақа медонанду синамогарони чинӣ дар бораи ҳаёту фаъолияти ин зани обрӯманд филм ҳам офаридаанд.
Нахустин раиси тоҷики ноҳияи Мурғоб бо дилгармӣ ва ғайрати беше ба иҷрои вазифаи хидматӣ шурӯъ намуд. Дар муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯйи кор омаданд. Вале, гӯё захми чашм расида бошад, яку якбора аз таъсири фишорбаландӣ ва омилҳои дигари иқлими душвор сахт бемор ва бистарӣ шуду аломатҳои заъфи ҷисмонӣ ва афсурдагии равонӣ дар ӯ бештар ба чашм мерасиданд. Муолиҷааш дар шифохона натиҷа надод. Ӯро ба хона оварданду баҳори умраш тадриҷан рӯ ба поиз овард. Афсурдагии равонӣ ба дараҷае хурӯҷ кард, ки ҳама умеди шифо ёфтанашро канданд, ба ҷуз ҳамсари меҳрубон, ки дар симои Шозед ҳамсафари якумраашро медид ва нафасе ҳам аз ӯ ҷудоиро ба хаёлаш роҳ намедод.
-Аввал аз шафоати Худованди карим шифо насибам гашт, хешу ақрабо ва наздикон ҳам мадад карданд, вале эътиқоду эҳтирому парастории завҷаи меҳрубонам, ғамхории бемисл ва муҳаббати ӯ ба ман мадор бахшиданд, ки умри дубора насибам шуд, - қисса мекунад Шозед.
Шозед ҳоло мутахассиси пешбари хадамоти муҳоҷирати ВМКБ асту пас аз маслиҳату тавсияҳо ба корафтодагони зиёд ва роҳнамоиашон хаста ба хона ояд ҳам, пас аз андаке фароғат дасти набераҳояшро мегирад ва ба гаштугузор мебарояд.
-Барои шифо ёфтан ба хориҷа нарафтам. Ба табибони касбӣ дар Бадахшону Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат намудаму шифо ёфтам. Бо тавсияи завҷаи меҳрубонам аз гиёҳдармонӣ ҳам ба таври фаровон истифода намудаму тандурустиамро барқарор кардам, - мегӯяд Шозед.
Дар ҷомеаи имрӯза ҳаводиси аз бевафоии зан хонавайрон шудани оилаҳо зиёд мегардад, ҳирси зару сим ва ҳавову ҳавас бар одамият боло мегирад.
-Манзарае аз ёдам намеравад. Дар ҳамсоягии ин бонуи вафодор зану шавҳари солманде ба сар мебурданд, ки бо обилаи дастонашон барои худ зиндагии серу пур фароҳам оварда буданд, вале зиндагии осудаашонро духтари нозпарварашон талх кард, барояшон оши ҳалол намедоду ҳамеша бо модар ба ҷангу ситеза меафтод, ки чаро ӯро безеб ба дунё овардааст ва кош, ки намезод. Ин духтар донистан ҳам намехост, ки ҷавонон аз ҳусни зоҳирӣ дида, ба ҷилои ботинӣ ва ҳусни маънавии маҳбубаҳои худ майлу рағбат доранд. Ин духтар лоақал ними ҳунари модарашро медошт, аллакай шоҳдухтари ҷавоне мешуд. Ҳайҳот, ки фарзанди беҳунар волидони меҳнатқаринашро, ки хонаводаҳои зиёде ба онҳо ҳавас доштанд, муҷиби бадбахтӣ гардонд, - ибратомӯз гуфт ӯ.
Ҳамчун мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ Зумрадморо коҳиши қадру қимати инсон, дигаргун шудани муносибати атрофиён ба калонсолон, бахусус ба табақаи осебпазир, амсоли беморон ва ашхоси имконияташон маҳдуд нигарон сохтааст. Ӯ дар мисоли тақдири сарводаи хеш, ки ба ӯ хатари якумр бистарӣ, танҳо ва бепарастор мондан таҳдид менамуд, ин мушкилотро амиқан дарк намуд.
Ҳанӯз чанд даҳсола қабл барои сокинони Бадахшон падар, модар ва ё хешованди наздикашонро бепарастор мондан ор буд. Вале, солҳои охир шумораи бепарастороне, ки бо роҳхати шуъба дар хонаҳои пиронсолон дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд, афзоиш меёбад.
Бо дарназардошти зиёд шудани муроҷиати чунин афрод, ки баъзеашон имконияти ба манотиқи дигари ҷумҳурӣ рафтан ҳам надоранд, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии вилоят дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ масъалаи зарурати таъсиси хонаи пиронсолонро барои 50 кас дар Бадахшон ба миён гузошт. Аз назари мутахассиси шуъба таъсиси хонаи пиронсолон дар вилоят, аз як сӯ баёнгари дастгирии иҷтимоӣ, маънавӣ ва равонии солмандони бепарастормонда, ки теъдодашон ҳамасола меафзояд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар буда, аз тарафи дигар, барои наслҳои имрӯз ҳушдоре мегардаду онҳоро ба андеша водор месозад, ки то кадом андоза эшон аз арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии анъанавӣ дур шудаанд?
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ВМКБ