Лю Сяоин тамоми умр ба ҷамъоварии партовҳо машғул буд ва танҳо дар синни 88 солагии ӯ ҷаҳониён аз қаҳрамонии ин зани шуҷоъ хабар ёфтанд. Тӯли ин солҳо дар вақти иҷрои вазифа аз партовҷойҳову канори роҳҳо ӯ навзодонро ёфта, бештари онҳоро ба зистгоҳи хеш оварду тарбия ва ба воя расонид. Бори аввал, соли 1972 аз партовгоҳе духтарчаи навзоди гирёнро рӯи даст гирифту бо қалби реш ба хонааш овард ва ҳамсари дилсӯзаш низ ӯро пазируфту ба фарзандӣ хондаш, агарчи худ аз фақру нодорӣ азият мекашиданд.
Боре Лю Сяоин тифлакеро бо гардани бурида рӯи роҳ партофта ёфт. Аз дидани ин ҳол гирён шуду ӯро рӯи даст гирифт. Рӯи тифлак кабуд буду ба ранги бунафш моил, вале хушбахтона, осори ҳаётро дар ӯ мушоҳида кард. Кӯдакро ба беморхона бурда аз марг раҳонид, баъдан ба фарзандӣ хонд. Ба ин тариқ, дар маҷмуъ 30 тифлаки навзодро аз марг наҷот бахшида, баъзеи онҳоро ба оилаҳои шиносону дӯстон дода, аксарияти онҳоро худ тарбия ва ба воя расонидааст. Вақте ки ӯ бо иллати гурда дар синни 88-солагӣ дар табобатхона бистарӣ гардид, танҳо дар ин айём ҷаҳониён аз корнамоии ин зани фариштахӯ огаҳӣ ёфтанд. Дар чунин ҳолат ӯ на аз сиҳатии хеш, балки аз фарзандхонди 7-солааш, ки мебоист бори нахуст ба мактаб биравад, меандешиду дар изтироб буд.
Вазъи номусоиди иқтисодӣ агарчи ӯро ба танг меовард, ҳамоно тавонист бо қалби бузургаш аз мушкилиҳо наҳаросида, фарзандони мардумро дар кулбаи фақиронаи хеш ҷой диҳад ва аз хатари сардиву гуруснагиву марг онҳоро наҷот бахшад.
С.Ашӯрова