Падар думболи зани дигаре рафт ва аз фарзанди ягонааш, ки солҳо тавлидашро интизорӣ мекашид, фаромӯш намуд. Амакаш Ғиёсиддин ӯро ба фарзандӣ қабул кард. Азобу машаққати ин духтараки ноздону бехабар аз сахтиҳои рӯзғор оғоз шуд. Зеро ҳамсари амакаш пинҳонӣ аз шавҳар ӯро зери лату кӯб мегирифт. Вале Шукрона «даҳони баста беҳ аз тилло», гӯён ба касе чизе намкегуфт. Баъди хатми мактаб ӯро ба шавҳар доданд. Аз он меболид, ки Худованд барояш шавҳари ҳалиму меҳрубонро насиб гардонистаасту ҳамболинаш ҳамболу параш аст. Шавҳараш Сироҷиддин низ аз модар ятим монда буд ва эҳсоси бемодариро хуб дарк мекард. Аз ин рӯ, ҳамеша мекӯшид, то ҳамсараш шоду хуррам бошад. Зиндагии хушашон то замоне тӯл кашид, ки шавҳар рӯ ба муҳоҷират овард. Баъд аз соҳиби фарзанд шудан, Сироҷиддин хост ба Русия бираваду зиндагии худ ва ояндаи фарзандашонро беҳтар намояд…
Сироҷиддин баробари расидан ба Русия кори хуберо пайдо намуду ҳамеша аз ҳолу аҳволи зану фарзандаш хабардор мешуд. Пайваста мекӯшид оилааш танқисӣ надошта бошад. Ба ҳамин минвол 5 соли умраш дар ғарибӣ сипарӣ шуд ва рӯзе ба Шукрона хабар дод, ки ба ватан бармегардад. Зан дар тараддуди пешвозгирии шавҳар, вале аз ӯ хатту хабаре набуд.
- Аз кору бори ӯ танҳо ба воситаи ҳамдеҳагон хабар меёфтам. Аз шиносҳо хоҳиш кардам, то барои дарёфти шавҳарам кӯмак намоянд. Аммо бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ маълумоте дар борааш пайдо нашуд. То ҳол намедонам, ки зинда аст ва ё мурда, - мегӯяд бо сӯз Шукрона.
Баъд аз нопадидшавии шавҳар, барои пайдо кардани қутти лоямуте ба ҳайси пешхизмат ба ошхонае ба кор даромад. Муддати як сол кор карду ба ҷустуҷӯи шавҳар, ба Русия рафт.
Марги фарзанд
Бо расидан ба шаҳри Самара, намедонист ба куҷо биравад. Касеро он ҷо намешинохт. Фасли гармо ки буд, шабро дар назди яке аз ахлотҷоҳо рӯз намуд. Субҳдам кампираки русе ӯро дида, ба хонаи худ овард. Ба бахти Шукрона, яке аз ҳамсояҳои ин зан тоҷики забондон будааст. Вай асли воқеаро ба зани рус нақл карду рӯзи дигар барояш кор пайдо карданд. Зани рус ваъда дод, ки дар пайдо кардани шавҳараш кӯмак мерасонад. Шукрона, ки барои нигоҳубини писараш касеро надошт, вайро ҳамроҳ бо худ ба ҷойи кораш мебурд. Абубакр 7 сол дошт ва дар бештари маврид ба модар кӯмак мерасонд. Рӯзе ҳинни бозгашт аз кор писараш зери трамвай монд ва ҷон дод. Баъди ин ҳодиса дигар зиндагӣ барояш маъние надошт. Ягона амале, ки ӯро аз ғаму ғусса каме дур мекард, лӯхтакдӯзӣ буд. Ин ҳунарро замони кӯдакӣ аз модар омӯхта буд. Замони фориғ аз кор, аз риштаҳои гуногуни ранга ва чӯбу қуттии вазелин лӯхтак месохт. Бад-ин восита хумори писарро мешикаст. Оҳиста-оҳиста лӯхтакҳои сохтааш бисёр шуданду онҳоро ба бозор мебаровардагӣ шуд. Соҳибхоназан, бонуи рус дид, ки ба ин роҳ Шукрона каме ором мешавад, барояш бо тарзи замонавӣ сохтани лӯхтакҳоро омӯзонид.
- Аз лахти матоъҳо қолаби зочаҳоро тайёр намуда, дохилашро бо пахта пур мекардам. Бо ёрии риштаву сӯзан тарҳи абрӯ ва чашму миҷгонашонро месохтам. Аз матоъҳои гуногуни ранга баҳрашон либосҳои зебо омода карда, ба фармоишгарон месупурдам. Баъзан худам ба бозор баромада, 3-4 дона лӯхтакро фурӯхта, маблағашро барои пешбурди зиндагӣ истифода мекардам, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Ҳамхонааш ӯро бо зане шинос кард, ки дар яке аз коргоҳҳои зочабарорӣ кор мекард ва барояш лӯхтак меоварду Шукрона аз ҳар гуна матоъ либос омода менамуд. Давоми 3 моҳ бо чунин минвол корашро идома дод. Кордониаш боис шуду ӯро дар ҳамон коргоҳ барои фаъолияти доимӣ даъват намуданд. Бо вуҷуди фаъолият дар коргоҳи лӯхтакбарорӣ ӯ ҳамоно шабонгаҳ ба сохтани зочаҳо аз латтапораву пахта машғул мешуд.
Имрӯз ӯ 50 сол дораду 26 соли умрашро дар мулки ғарибӣ дар кофтукоби шавҳар сипарӣ намудааст. Боре дар хусуси барпо кардани оилаи дигаро наандешид. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои зиёд аз шавҳар маълумоте пайдо накард. Аз сӯхтану ранҷи зиёд худ мубталои бемории саратон гардид. Солест вуҷудаш аз ин дард месӯзад. Ҳоло дар хонаи яке аз дӯстонаш дар Тоҷикистон умр ба сар мебарад. Аммо ҳамоно побанди ҳунар асту барои лӯхтакҳои бозорӣ либосҳои миллӣ омода менамояд ва аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебараду то қадри имкон маводи доруворӣ харидорӣ мекунад…
Бунафшаи Абдураҳим