Эҳёи Қалъаи Муғ
Истаравшан (номҳои собиқаш Киропол, Кирэсхата, Курушкада, Устрӯшан, Сурушан, Ӯротеппа) дар замонҳои бостон шаҳр, вилоят ва давлате будааст, ки зикраш дар «Авесто» ҳамчун яке аз кишварҳои қаламрави «Арияна Ваеҷаҳ» (Фарохнои Ориёно) ёд мешавад. Дар шаҳр ва атрофи он қалъаҳое ба мисоли Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва ғайра мавҷуданд, ки шоҳиди муҷассами гузаштаҳои боифтихори халқи тоҷик мебошанд. Бостоншиноси маъруф, академик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ, ки дар Қалъаи Муғ ҳафриёт гузарондааст, менависад:
«Тавре ки маълум аст, шаҳри Истаравшани кунунӣ (дар 600 соли гузашта - шаҳри Ӯротеппа) ҳамчун яке аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон дар тӯли таърихи 2500 - солаи хеш дар рушду густариши фарҳангу тамаддунҳои гузаштаи тоҷикон саҳми босазо гузоштааст, ки ҳоло аз он айём фақат дар ҳудуди шаҳр 104 ёдгории бостонию меъморӣ дар ҳимояти давлат қарор дорад. Қалъаи Муғтеппа яке аз ин ёдгориҳо мебошад. Тибқи баъзе ақоиди таърихшиносон аввалин таҳкурсии шаҳрро дар ин ҷо гӯё Куруши Кабир гузошта бошад. Ва, умуман, роҷеъ ба таърихи шаҳр байни мардум устура ва қиссаву ривоятҳо зиёданд. Ҳар чи ҳам набошад, таҳқиқҳои бостоншиносон дар Муғтеппа, ки аз солҳои 40-ум бо танаффус то охири солҳои 80-уми асри гузашта идома доштанд, мавҷуд будани қабатҳои қадим ва бозёфтҳои алоҳидаро тасдиқ намуданд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки болои Муғтеппа то замони ба ислом гаравидани мардум, яъне, соли 880-уми милодӣ яке аз маъбадҳои машҳури оташ бо номи Бағонкад арзи вуҷуд доштааст. Қабатҳои зиёди хокистар ва пораҳои ҷомҳои асрҳои 4-уми то милод, ки аз ин ҷо дар умқи то 9 метр кашф гардиданд, шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд».
Бояд гуфт, ки соли 2002 ҷашни 2500 - солагии Истаравшан дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил гардида, бисёр ёдгориҳои таърихӣ рӯи таҷдиду таъмирро диданд, аммо ҳолати қадимтарин ва муҳимтарин ёдгории шаҳр - Қалъаи Муғ нигаронкунанда буд. Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода бо фаъолони шаҳр машварат ороста, дар асоси дастуру супоришот ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки доимо мардумро ба ободкорию созандагӣ талқину ҳидоят мекунанд, тасмим гирифтанд, ки қалъаро ба таври замонавӣ бозсозӣ бинамоянд ва ба маркази бузурги фарҳангӣ, сайёҳию ҳунармандӣ табдил диҳанд. Мувофиқи лоиҳа, ки бо фармоиши шаҳрдорӣ аз ҷониби муассисаи давлатии тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тайёр карда шуд, моҳи майи соли гузашта корҳои сохтмон оғоз гардиданд.
Боиси хушнудист, ки бостоншиносони маъруфи кишвар академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ ва профессор Набиҷон Раҳимов, намояндаи Вазорати фарҳанг Музаффар Азизов аз оғози кор ҳамчун нозир ҷалб гардиданд. Ҳангоми кофтани теппа барои гузоштани таҳкурсии амфитеатр бостоншиносон боз як қатор бозёфтҳо пайдо карданд. Дар гузаштаи дур ин ҷо аслан макони хокистарпартоӣ (мумкин хокистари муқаддаси маъбад) будааст, ки аз таркибаш як ҷоми комил ва чанд пораи ҷом аз асрҳои 4–3 то милод ёфт шуд. Аз дигар бозёфтҳо аслан 5 адад хуми калон, деги сафолӣ ва сафолпораҳои сирдори асрҳои 18–19 маҳсуб меёбанд. Дар чуқурии қариб 3 метр дафинаи сиккаҳои мисини баъди асри 15-ум ёфт шуданд, ки шумораашон ба 1300 мерасад. Дар қисми ғарбии таҳкурсӣ ҳангоми кандани хандақи лӯлаи обпарто пораҳои зарфҳое ба даст омаданд, ки мансуби замони Кӯшониён – асрҳои 2-юму 3-юм буданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо як таҳхонаи қариб бутуни нимаи дуюми асри 19 ёфт шуд, ки шояд хазинахонаи ҳоким бошад. Аммо, кашфиёти аз ҳама муҳим дар дохили ин ҳуҷра бозёфти ду адад табари сангӣ мебошад, ки мансуби замони неолитӣ, яъне ҳазораи 5-уми пеш аз милод буда, аввалин чунин кашфиёт аз ҳудуди шаҳр мебошад. Яъне, сокиншавии аввалин одамон дар мавзеи мазкур 7000 сол муқаддам ба амал омадааст.
Баъди оғози корҳои сохтмонӣ аксари мардуми фарҳангпарвар ва ҳимматбаланди шаҳр алоқадри ҳол ба бинокорон мадад расонданд. Иншооти таърихию фарҳангӣ дар масоҳати 4 гектар бо амфитеатр барои 5100 ҷойи нишаст, 70 ҳуҷра барои ҷойгир намудани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон бо маблағи умумии беш аз 13 миллион сомонӣ дар як солу як моҳ бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Деворҳои даромади арки қалъа бо инъикоси лаҳзаҳои захмӣ гардидани Искандар, давраи ориёӣ, тасвирҳои аксҳои қаҳрамонҳои шуҷоъ, ки дар набардҳо бо аҷнабиён, аз ҷумла мақдуниҳо, туркҳо, муғулҳо мубориза бурдаанд, тасвир ёфтаанд.
Боиси хурсандист, ки корҳои сохтмониро дар ин қалъаи шукӯҳу ифтихори тамоми тоҷикон ширкатҳои ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иҷро карданд, ки ин ҳам рамзи ваҳдату ҳамдилии мост.
Бинои муҳташами Қалъаи Муғ акнун шумори ҳар чи бештари меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб хоҳад кард. Ногуфта намонад, ки сайёҳон чун пештара ба дигар қалъаву мазор ва ёдгориҳои таърихии Истаравшан, ба монанди 6 бех дарахти азими сарви 1400 - солаи мавзеи Сарвистони деҳаи Ругунд, мақбараҳои бобои Абубакри Шиблӣ (асри VIII), Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII), Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри ХУ), Боботағои Валӣ (асри ХУ), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмаи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чор Гумбаз (асри Х1Х) ва ғайра таваҷҷуҳи хосса доранд ва ҳар чи бештар дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани онон зарур аст.
Дар бари шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хуҷанд - Бӯстон ҷой гирифтани Истаравшан онро барои сайёҳони дохилу хориҷ хеле дастрас мекунад.
Шаҳр – ҳунаристон
Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Дар бораи ҳунармандии истаравшаниён он қадар гуфтаанду навиштаанд, ки ҳоҷати такрор нест. Фарзанди арҷманди ин диёри бостонӣ академики шодравон Аҳрор Мухторов бо истинод ба рӯзномаи «Туркестанские ведомости» дар китобаш «Ҳокимони Истаравшан» навиштааст, ки дар соли 1882 дар Ӯротеппа (Истаравшан) 578 гузари марбути ҳунармандон ва 642 дукони ҳунармандони мардумӣ фаъолият мекард. Гузарҳои заргарон, мисгарон, оҳангарон, кордгарон, дегрезон, шонатарошон, хосабофон, читгарон, кулолгарон, осиёсозон, чармгарон ва ғайра ҳоло ҳам ҳастанд ва ҳунарҳои дуредгариву хиштпазӣ, танӯрсозиву кафшдӯзӣ, собунпазиву аллофӣ, ресандагию қолинбофӣ, қошуқтарошию наългарӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳунарҳои мардуми Истаравшан ба шумор мераванд.
Дар замони шӯравӣ, бо сабаби дар мағозаву бозорҳо зиёд шудани молу маснуоти фабрикавӣ, дар аксари шаҳру ноҳияҳо баъзе ҳунарҳои мардумӣ нодаркор шуданд, аз байн рафтанд. Дар Истаравшан ин зуҳурот камтар таъсир расонд, ҳарчанд на ҳамаи он ҳунарҳои дар асри 19-ум роиҷ дар асрҳои нав талабгору харидор пайдо карданд. Хушбахтона, ба шарофати истиқлоли безавол таваҷҷуҳи Ҳукумат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ афзуд. Азбаски бештари сулолаҳои ҳунармандони асил маҳз дар ин шаҳри бостонӣ боқӣ монда буданд, чанд сол пеш бо супориши Пешвои миллат нахустин ва алҳол ягона Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ҷумҳурӣ дар Истаравшан таъсис ёфт.
Вақте кас ба саҳн ва дохили коллеҷ ворид мешавад, худро дар як олами афсонавӣ ҳис мекунад. Банда ҳам аз муҷассамаю мусаввара, кашидадӯзию зардӯзӣ, армуғонҳои гуногуни бо усулҳои қадим ва нав офаридаи устодон ва шогирдони коллеҷ ба ваҷд омадам ва офарин гуфтам. Хурсандиовар аст, ки дар ин макони пурфурӯғ, баробари истаравшаниҳою дигар суғдиён, аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурии азизамон шогирдони бисёре ҳунар меомӯзанд.
Дар коллеҷи мазкур ва, инчунин, литсейи касбҳои техникии шаҳр писарону духтарон ихтисосҳои дӯзандагиву кандакорӣ, армуғонсозӣ аз чӯб, дуредгариву кафшергарӣ, гаҷкориву гулдӯзӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангарӣ, наққошиву қолинбофӣ, зардӯзиву кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва тарроҳии либосҳои миллиро омӯхта истодаанд, ки аз ҳунар – аз ин «чашмаи зоянда ва давлати поянда» (ба қавли Саъдӣ) бархӯрдор хоҳанд гардид.
«Ҳарчанд ки имрӯз низ мардуми ин диёр ба нигоҳ доштану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ эътибори зиёд медиҳанд ва дуконҳои ҳунармандон дар кӯчаву бозорҳои гуногуни шаҳр фаъолият мекунанд, вале ин ҳамаро бояд ба як низоми муайян даровард, то ин ки шаҳомати таърихӣ ва воқеии шаҳри ҳунармандон будани Истаравшан пурра намудор ва барқарор гардад», - таъкид карданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Қалъаи Муғ ва дастур доданд: «Дар атрофи Муғтеппа имконият барои ҷой кардани дуконҳои ҳунармандон бо сесад ҷойи корӣ мавҷуд аст. Ин беҳтарин роҳи муаррифии ҳунарҳои миллии мо, дастовардҳои ҳунармандони шаҳр ва дар айни замон, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум мебошад».
Бунёди зерсохторҳои муҳими сайёҳӣ
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соҳибкорони ташаббускорро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва барои ривоҷи корашон мусоидат менамоянд. Намунаи ин ҳамкорӣ сохта, ба истифода дода шудани меҳмонхонаи замонавии «Киропол» аст, ки яке аз зерсохторҳои муҳими сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Соҳибкор Бурҳон Эргашев барои бунёди ин меҳмонхонаи 5-ошёна 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сарф кард. Бинои нав аз ҳуҷраҳои корӣ, тарабхона, толорҳои хизматрасонию конфронс иборат буда, 20 ҳуҷраи хоб дорад, ки дар як вақт 40 меҳмонро қабул карда метавонад. Ҳуҷраҳо услуби хосси меъморӣ ва ороиши миллӣ доранд ва, бешубҳа, ба меҳмонон писанд меоянд.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ бунёди маҷмаи миллии соҳибкории 16 - ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан, ки санги асосашро Пешвои миллат дар доираи сафари корияшон гузоштанд, мусоидат хоҳад кард. Соҳибкори муваффақи истаравшанӣ Мазбут Бойҷонов ин иншоотро бо харҷи 60 миллион сомонӣ бунёд хоҳад кард, ки дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, ҳуҷраҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузарондани ҳамоишҳои тиҷоратӣ, меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзиш, маркази солимгардонии муосир ва ҳавзи шиноварӣ ҷойгир мешаванд.
Ифтитоҳи маркази савдою хизматрасонии «Фаровон», сутунпояи Парчами давлатӣ, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иншооти нав дар нимсолаи якуми соли равон ба симои Истаравшани бостонӣ ҳусну таровати тоза бахшиданд. Алҳол дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Истаравшан бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Дастпарвари сазовори мактаби сиёсии Пешво
Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода тавонист дар як муддати кӯтоҳ - ҳамагӣ яку ним соли роҳбарӣ дастпарвари сазовори мактаби сиёсии Пешвои миллат буданашро собит кунад ва чанде пеш ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш низ далели ин иддаост.
Шоираи хушном, раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, сарвари кохи «Фарҳангсарои ориёӣ», сармуҳаррири нашрияи «Ганҷи ороста» Раънои Зоирдухт дар баҳо додан ба шахсиятҳо, хусусан, ба роҳбарон хеле сахтгир ва ҷиддӣ аст. Ва дар хотимаи ин мақола баҳои холисонаи ӯро дар бораи шаҳрдори ободкори Истаравшан, узви Маҷлиси миллӣ Баҳром Иноятзода оварданием:
«Ободонии сартосарии Истаравшани куҳантаърих, иншооти назаррабои ба тозагӣ биноёфта, намунаи баланди корномаи сарвари феълии диёр аст. Дар муддати хеле кӯтоҳ дар ҷойи харобаҳои таърихи 300 - 400- сола дар пай гузошта, арзи вуҷуд кардани қалъаи таърихии Муғ худ воқеаи басо наҷибест, ки ҳар яки мо гоҳо ба чашми худ дидаву ҳайратзада мешавем. Шаҳрдори фидокори мо барқвор гузаштани умрро хуб эҳсос мекунад ва ҳамеша дар пайи он аст, ки аз худ барои мардум нақше ё худ меросе гузорад. Ҳамин андеша ва ниятҳои хайр ӯро миёни мардум басо азизу муътабар гардондаанд».
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Истаравшан