Сарвари ҷавон Шарифҷон Тағоевро соле пештар роҳбари боғи мазкур таъйин намуданд ва феълан дониши андӯхтаашро дар ҷодаи боғпарварӣ ба кор мебарад. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон муддате дар хоҷагии номбурда ба ҳайси агроном заҳмат кашид ва ба хотири такмилу тақвияти маҳорати касбӣ чун ходими илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Соли дувум аст, ки барои омӯзиши соҳаи боғдорӣ, бахусус дар самти парвариши навъҳои гелос дар шароити водии Ҳисор, унвонҷӯи академия мебошад.
Бозорро нигоҳ мекунем…
- Боғдорӣ яке аз риштаҳои сердаромади кишвар ба шумор рафта, табиате, ки моро насиб гаштааст, ҷиҳати вусъат бахшидани ин соҳаи ниҳоят муҳим барои аҳолӣ мувофиқ мебошад. Аксари мардуми деҳотнишин, бахусус бонувон, аз набудани ҷойи кори муносиб мушкилӣ доранд, вале дар мавзеъҳои боғу токпарварӣ, агарчи мавсимӣ ҳам бошад, занону духтарони бекор ангуштшуморанд. Зеро аз нафасҳои нахустини фасли баҳор кор сар мешавад ва то анҷоми ғунучини ҳосил идома меёбад. Яъне, соҳаи боғдорӣ на танҳо аҳолиро бо меваҳои хуштаъму серғизои ватанӣ таъмин менамояд, балки дар самти паст кардани сатҳи бекорӣ ва боло бурдани некуаҳволии мардум нақши чашмрас дорад, - мегӯяд Шарифҷон Тағоев.
Айни замон дар ҶДММ «Боғи 15 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 115 гектар 16 намуди дарахти гелос парвариш меёбад. Ба иқрори мутахассис 5 навъи гелос, аз қабили «Жёлтое дрогана», «Наполеон», «Кардинал», «Негритянка» ва «Валви» дар шароити боду ҳавои водии Ҳисор хуб нашъунамо карда, ба касалиҳои гуногуни марбут ба дарахтон тобоваранд ва дорои дараҷаи ҳосилнокии баланд ҳам мебошанд. Ва, ба истилоҳ, «бозоргиранд».
Дасти бонувон ҳамеша «дароз» аст…
Шарифҷон Тағоев мутаассиф аст, ки имсол аз номусоидии вазъи ҳаво хоҷагидорон натавонистанд ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Бориши ҳамвораи борон дар моҳи май ба меваҳои расидаи гелос зарари ҷиддӣ расонд. Заҳмати боғдорон барабас рафт, ба ҷои 700 тонна ҳамагӣ 219 тонна гелос ҷамъ оварданд. Ҳосил пӯсид. Дарахтон зарар диданд. Ба аксари ниҳолҳои гелос бемории монилиоз, як намуди маризии занбурӯғӣ осеб расонд, аз боришоти зиёд баргҳои дарахтон сӯхтаву сӯрох шуданд. Ҳамакнун ба хотири пешгирии ин беморӣ ва ҳимояи ниҳолҳои мевадиҳанда аз таъсири минбаъдаи он иҷоракорон дар хоҷагиҳояшон тадбирҳои пешгириро мегузаронанд, тариқи обмонӣ ва витаминҳо ниҳолҳоро бақувват мекунанд, то дар соли оянда нашъунамояшон хуб шаваду ҳосил оранд.
- Дар ҳамин давраи мушкилу ҳассос, агарчи ҳар рӯз боронӣ бошад ҳам, бонувон сарҷамъ зери обу лой охирин меваҳоро аз талафёбӣ наҷот доданд. Занону духтарон барои хонаводаашон захираи зимистона, мураббо пухтанд. Дигар илоҷ набуд, агар рӯз офтобӣ меомад, аз гелос хушкмева омода мекарданд. Хушбахтона, аз навниҳолони боғи олу 27 тонна ҳосил ҷамъ оварда, ба Россия интиқол додем, - бо қаноатмандӣ иқрор меояд роҳбари хоҷагӣ.
Таҷрибаи дигаронро мебоист омӯхт…
Мавсуф ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ бо олимону коршиносон ва мутахассисони варзидаву таҷрибаандӯхтаи ҷумҳурӣ ҳамкории зич доштанро муҳим мешуморад. Чаро ки дар баробари пешрафти соҳаҳои дигар, илми боғдорӣ ҳам рӯ ба тараққиёт дорад ва талаботи бозори ҷаҳонӣ ба маҳсулоти хушсифат дар ҳоли афзоиш мебошад. Масалан, технологияи муосири боғдорӣ таъсис додани боғҳои интенсивиро ба хотири баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ба даст овардани ҳосили фаровон афзал медонад. Дар ҶДММ «Боғи 15 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таҷриба дар 3 гектар боғи интенсивӣ бунёд намудаанд, ки дар он 36 ҳазор ниҳоли себ нашъунамо дорад ва аллакай ба ҳосил даромадааст.
- Нигоҳубини махсус, сарфаи замин ва ба даст овардани ҳосили фаровон тафовут байни боғи интенсивӣ аз боғдории маҳаллиамон мебошад. Ин усули ҷадид дар соҳаи боғпарварист, аз ин рӯ, бо даъвати олимони соҳа ва боғпарварони муваффақ ҳар сол барои иҷоракорони хоҷагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои омӯзиширо мегузаронем, то онҳо низ аз технологияи нави ин бахш баҳра гиранд ва онро дар амал истифода баранд, - мегӯяд Ш. Тағоев.
Қутбияи Неъматулло,
шаҳри Ҳисор