«Ҳама яроқ доштанд. Ин эҳсоси тарсро дар дили мардум зиёдтар мекард. Ман, ки модари 10 фарзанд будам, дилам ба аскарон месӯхт, ба онҳо нон медодам… Ба гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонистем, ки вазъияти аз назорат беруншуда, дубора танзим шавад, ҳеҷ кас бовар надошт, ки касе сулҳу суботро барқарор карда тавонад. Аммо, Эмомалӣ Раҳмон тавонист. Ӯ Қаҳрамон аст, Қаҳрамони миллат», - оби чашмонашро поку хотираҳояшро варақгардон мекунад Шарифгул Самадова.
Холаи Шарифгулро дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ҳама мешиносанд. Субҳи содиқ офтоб тулӯъ нокардаву ӯро қад-қади кӯчаҳои марказии шаҳрак ё дар назди бинои мақомоти ноҳия дидан мумкин аст. Дар хусуси кораш хола боифтихор мегӯяд:
«Ман гулпарварам! 10 сол аст аз паси ин пеша нони ҳалоли меҳнатӣ мехӯрам. Аввалҳо дар хона тухмиҳои гуногунро аз ҳар ҷо ҷамъ оварда, мешинондам. Чун нашъунамо мекарданд, мардум бо ҳавас ба тамошояшон меомаданд. Ин амалам то ба гӯши раиси собиқи ноҳия, инсони фозил Сайидамир Сияҳмардов расид, ки маро ба наздашон даъват карда, масъулияти сабзу гулпӯш нигоҳ доштани назди бинои мақомоти ноҳияро бар зиммаам гузоштанд.
Ҳисси зебопарастиву илҳоми ман аз амалҳои хуби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Чаро ки Пешвои мо саропо меҳанро ороставу ҳуснполо дидан мехоҳанд. Ба кадом шаҳру навоҳие сафар накунанд, макон аз қудумашон обод мегардад. Имсол, ки аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд, ҷаҳди дучанд доштем, то симои зебои шаҳраки Дарбанд боз ҳам ҷолибу диданӣ бошад. Дарбанд фарзанди Истиқлол аст, он маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъсис ва чун шаҳраки замонавӣ тараққӣ кард. Президенти муҳтарами мо зимни як сафари корӣ ба мардуми Нуробод ваъда карда буданд, ки: «Ман ба шумо шаҳрак не, шаҳри азими замонавӣ месозам» ва ба қавлашон вафо карданд. Худ дидед, чӣ қадар Дарбанди мо зебост. Умед дорем, ки дар солҳои наздик шаҳри азиме ин ҷо ба азамату шукӯҳ Пешворо истиқбол бигирад».
Аз дидани шаҳраки Дарбанд бинанда болидарӯҳ мегардад. Маконе бо ин ҳама зебоӣ, боду ҳавои форам, гулзору гулгаштҳои роҳатфизо, мардумони меҳмоннавоз оромише дар қалби инсон бедор месозад. Дар суҳбатҳои сарироҳӣ сокинон аз фаъолияти пурсамари раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода ҳароратангезу самимӣ ҳарф зада, зикр мекарданд, ки дар баробари расидагӣ ба мушкили мардум, мавсуф соҳаи ободониву кабудизоркунии ноҳияро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.
- Новобаста аз ҷавонӣ раис инсони пухтакор, заминиву хоксоранду ободкору зебопараст. Тухмиву ниҳолчаҳои гулҳои гуногуни ороиширо аз шаҳри Душанбе дастрасамон мекунанд. Дар мавсими сармо гулҳои баҳориву тобистонаро дар гармхонаҳо парвариш медиҳем. Баҳорон мешинонем. Гарчанде иқлими кӯҳистон сард аст, садбаргҳои ба шароити мо мутобиқро зимистон то дергоҳ нигоҳ медорем. Умуман, ноҳия бе гул намемонад, - мегӯяд холаи гулпарвар.
Бо эҳсоси ғаму андуҳ дар хусуси ҳодисаи ба сари сайёҳон омада ёдовар шуда, холаи Шарифгул мегӯяд, ки он рӯз ҳам хеле гиристааст. Ба ҳукми як модар фарзандони худаш пеши назар меомаданд.
- Чанд рӯз аз ин ҳодиса гузашту дар мағоза сайёҳонро дидам. Аз фурӯшанда пурсидам, ки меҳмонон чӣ мехоҳанд? Ҷои хоб суроғ доштаанд. Ба хона оварда обу зиёфаташон кардам, ҷои хобашон додам, меҳмонон хурсанд рафтанд. Ин корро аввал барои ризоияти Худованд, дувум ба хотири хизматҳои Пешво, ки меравад аз минбарҳои баланд бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад, эътимоди мардуми дунёро ба даст меораду онҳоро ба Тоҷикистон таклиф мекунад, анҷом додам. Чӣ гуна Сарвари давлатро дастгирӣ накунем, ки барои осудаҳолии мо ҷавониву умри ширинашро бахшид. Мо, мардуми Нуробод, ҳамеша дар канорашон ҳастем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам хурсандона ва илова мекунад: - Баъзан махлуқаконе обрӯи миллату давлатро резонданӣ мешаванд, бехабар аз он, ки мардум имрӯз муттаҳиданд, ба қадри сулҳу субот мерасанд, онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Ба ҳукми як модар ин гуна амалҳоро маҳкум мекунам, ба рағми чунин фарзандони нохалафи намакношинос мегӯям: «Хас каму ҷаҳон пок!» Ман фарзандамро худам ба артиш фиристодам. Ҳоло дар хизмати Ватан асту дар адои қарзи хизмати ватандорӣ.
Ба пиндори холаи Шарифгул ҳунарманд будани зан хуб аст. Ӯ чевар асту барои ҷавонон куртаҳои гулдӯзии тоҷикӣ медӯзад. Дар ҷавонӣ ба ҳайси ҳуруфчин дар мақомоти суд, прокуратура, милитсия, созмони комсомолӣ кор карда, 12 сол барои кӯдакони мактаб нон пухтааст. Омода кардани хӯрокҳои миллиро дӯст медорад.
- Занҳои ҷавон имрӯз ба хӯрокҳои зудпаз таваҷҷуҳ доранд. Худро азият додан намехоҳанд. Ман бошам то ҳол оши тупа, ордбирёну тарҳавло мепазам. Тупа болаззаттарин хӯрок аст, ки «навбаромадон» (манзур ҷавонон) онро хуш надоранд. Субҳона ба фарзандону наберагон ҳолмон омода мекунам, хушхӯр асту нофеъ, - мегӯяд ӯ.
Гулпарвари нурободӣ бештар бонувонро дар атрофаш муттаҳид кардааст. Ҳоло ҳамроҳаш 10 зан ба гулпарварӣ машғул. Иқрор мешавад, ки барои ҳар гули шикаста аз ҷониби раҳгузарони фориғбол гиристааст. Зимни як сафараш аз Душанбе хола гули зебое харида, ба Нуробод меорад. Баъди калон шудану нашъунамо ёфтан нафарони зиёде гулро харидор мешаванд. Аммо, хола яктоашро ба бинои мақомоти маҳаллӣ оварду дигарашро ба қароргоҳи Президент дар ноҳияи Нуробод туҳфа кард.
- Бигзор чашми меҳмонон роҳат бикунад. Умр, ки мерафтааст, дигар одам бештар дар фикри хурсанд кардани инсонҳо меафтодааст. Аз ман гоҳо суол мекунанд, ки умрат рафтааст, бас нест, биншину истироҳат бикун. Ҷавоби ман ин аст, ки то вопасин нафасе, ки дорам, барои зебоии Нуробод, ки як қисмате аз Тоҷикистони соҳибистиқлолу хуррам аст, заҳмат мекашам.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
шаҳраки Дарбанд