Солҳои охир дар ҳудуди вилояти Хатлон баъзе корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсоли сарулибос ба фаъолият пардохтаанд, ки сифати маҳсулоти дӯхтаашон ҷавобгӯи меъёрҳои лозима аст. Аммо маҳсулоти дӯхтаи баъзе коргоҳҳо талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонад. Аз суҳбат бо сокинони вилояти Хатлон бармеояд, ки бештари онҳо сарулибоси аз мактабҳо пешниҳодшударо қабул надоранд. Ба гуфтаи Шарофат Муъминова, сокини шаҳри Бохтар, солҳои пеш дар арафаи соли нави хониш ярмаркаи фурӯши сарулибоси мактабӣ баргузор мегардид, ки мардум молу маҳсулоти хостаашонро озодона интихоб мекарданд. Имрӯз бошад мактабҳо баъзе либосҳоеро пешниҳод мекунанд, ки сифати дӯхти он талаботи ҳатто наврасонро қонеъ карда наметавонад.
- То замоне, ки истеҳсолоти коргоҳҳои дӯзандагӣ дар маҳал аз лиҳози сифат ва арзиш бо сарулибоси ба бозор воридшуда рақобатпазир набошад, мардум хоҳони харидорӣ кардани онро надоранд. Интихоби либос аз лиҳози сифат ва арзиш ба табъи дил аз ҳуқуқҳои одии харидорон аст, ки набояд онро нодида гирифт,- таъкид медорад мусоҳиби мо.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки айни ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дӯхти либосҳои духтаронаи мактабӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, сифати онҳо ҷавобгӯи талаботи сокинон аст. Дар ҶСК «Ресанда»-и шаҳри Бохтар соли панҷум аст, ки коргоҳи дӯхти сарулибоси мактабӣ фаъолият дорад ва дар он 25 дӯзандаи ботаҷрибаи маркази вилоят заҳмат мекашанд.
Баъзан бинобар камтаҷрибагии баъзе дӯзандаҳо нисбат ба пироҳанҳои тайёркардаи коргоҳ эродҳо гирифта мешаванд. Аммо дар умум сол аз сол сатҳу сифати сарулибоси корхона беҳтар гардида истодааст,- мегӯяд Холназар Хоҷаев, сармуҳандиси корхонаи мазкур.
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бошад 3 адад сехи дӯзандагӣ ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд. Ба гуфтаи Таҳмина Ҳайдарова, мушовири мудири маорифи ноҳияи Кӯшониён, то санаи 27-уми августи соли ҷорӣ коргоҳҳои дӯзандагӣ беш аз 10 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ омода намудаанд. Ин дар ҳолест, ки шумораи умумии хонандагони мактабҳои ноҳия ба 50 ҳазор нафар расида, тибқи шартнома байни коргоҳу мактабҳо то якуми сентябр 29 ҳазор хонанда бо сарулибоси истеҳсоли маҳаллӣ таъмин мешуданд.
-Пӯшида нест, ки дар ҳоли ҳозир сифати истеҳсоли маҳаллии либоси мактабии бачагона талаботи худи моро ҳам қонеъ карда наметавонад. Дар мавриди арзиши либосҳо метавон гуфт, ки маҳсулоти аз Чин воридгардида, агарчи бесифат ҳам бошад, ба ҳадде нархи дастрас дорад, ки мардум онро харидорӣ менамояд,- мегӯянд саноатчиёни вилоят.
-Мушкилиҳои самти рушду эҳёи саноати маҳаллӣ бо мурури замон ҳалли худро пайдо мекунанд. Танҳо мебояд дар ин ҷода тасмимҳои дастаҷамъона гирифта бошем. Агар аз як тараф, барои коҳиш додани воридоти маҳсулоти бесифат аз хориҷи кишвар тасмимҳои қатъӣ гирифта шуд, аз сӯи дигар, баҳри рушди саноати дӯхти либосҳои мактабӣ имтиёзҳои иловагӣ дода шавад. Зеро арзиши либосҳои истеҳсоли маҳаллӣ бо дарназардошти маблағҳои маҳсулоти хом, ҳақмузди коргарон, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар хароҷотҳо, дар бозорҳои дохилӣ дар баробари сарулибоси аз Чин воридгардида рақобатпазир шуда наметавонад. Соҳибкоронро мебояд, ки бо ҷалби мутахассисон аз кишварҳои хориҷ ба дӯзандаҳои корхонаҳои худ нозукиҳои дӯхти либоси хушсифатро биомӯзанд, - иброз дошт Матлуба Раҳимова, сарвари МТМУ №1 ноҳияи Кӯшониён.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон