Нахустин падидаи хушоянде, ки зимни сафар ба ин ноҳия мушоҳида гардид, фаъолгардии бонувон дар ҷабҳаи корзор буд, ки ба ҷуз кори хонаву саҳро салиқаи тиҷорату соҳибкорӣ касб намуда, дар ҳама арсаҳои заҳмати музднок ҷидду ҷаҳд меварзанд. Агар замоне дар корҳои ҷамъиятии ин хиттаи дилрабо ҳузури бонувон ангуштшумор буд, ҳамакнун дар саҳрову бозорҳо ва мактабу дигар муассисаҳои фарҳангу тандурустӣ аксариятро ҷинси латиф ташкил медиҳад. Дар кишту коркарди зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили замину боғот, борбандию боркашонӣ, содироту воридот ва фурӯши маҳсулот дар шоҳроҳу бозорҳои маҳаллӣ, ҳама зимоми корҳоро бонувон ба даст гирифтаанд.
Ташаббускорию бо тадбирии бонувони ҷайҳунӣ дар маросиму чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳаллу фасли масоили гуногуни иҷтимоӣ ҳам баръало мушоҳида мешавад. Дар рӯзи қабули раиси ноҳия аз мардон дида, теъдоди бонувон бештар буд, ки барои даъвои саҳмияҳои аз хоҷагӣ доштаашон, эҳтиёҷ ба заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ мададхоҳӣ омада буданд.
Ба тасдиқи ин гуфтаҳо раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода Файзуллоҳ мегӯяд, ки солҳои пеш баъзе хонаводаҳо аз сабаби дар муҳоҷират қарор доштани ҳамсару фарзандонашон ҳаққи саҳмияҳои худро ба дигарон дода буданд. Бо мурури солҳо, ки замин ба манбаи боэътимоди пешбурди рӯзгор табдил ёфт, коргарзанон мехоҳанд саҳмҳои худро дубора баргардонанд. Мутаассифона, бинобар надоштани саводи кофӣ имрӯз баъзе хонаводаҳо дар заминҳое иҷоракоранд, ки бояд саҳмдори он мебуданд, - изҳор дошт раиси ноҳия.
Оҳи оила
Мушкили аслии бештари хонаводаҳои ноҳияи Ҷайҳун бесаводию хурофот ва маҳдудсозии имконияти занону духтарон аз ҷониби мардон арзёбӣ мегардад, ки оқибат ба ҷудошавии оилаҳо боис мешавад. Бинобар иттилои Ализода Ойнисо, мудири бахши САҲШ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 60 ҷуфт оилаҳои ҷавон расман никоҳи худро бекор кардаанд, ки аз ин 45 адади он дар асоси ҳалномаи судӣ амалӣ шудааст. Дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, қариб ду баробар афзудани арқоми талоқ масъулони бахши кор бо занон ва оила, САҲШ ва дигар ниҳоди марбутаи маҳаллиро нигарон намудааст. Чаро ки ҳар як оилаи пошхӯрда боиси эҷоди мушкилиҳои дигари ҷомеа мегардад.
Бинобар иттилои бахши САҲШ дар шаш моҳи аввали соли 2018 дар ноҳия 1630 таваллуди навзод, аз ин 515 нафар тариқи муқарраркунии падарӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 539 оилаи нав барпо шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 185 адад зиёд мебошад.
«Оби рехта бардошта нашавад»
Садди бузург дар пешгирӣ аз парокандагии оилаҳои ҷавон вожаи манфури талоқро ба забон овардани мардон аст, ки баъди он ҷонибҳо идомаи ҳаёти муштаракро қабул надоранд. Дар 80–90 дарсад ҳолатҳое, ки оилаҳои ҷавон барои бекор кардани ақди никоҳ ба САҲШ муроҷиат кардаанд, аллакай аз ҳарфи ба забон овардаашон эҳсоси пӯшаймонӣ доштанд. Аммо, ба масали «Оби рехта бардошта нашавад», илоҷи аз роҳи хато баргаштан надоранд,- таассуфомез изҳор медорад Ализода Ойнисо.
Бонувони аз шавҳар ҷудо сабабгори пошхӯрии оилаҳо мардонро мешуморанд, ки гӯиё дар чаҳорчӯбаи аркони мусулмонӣ зиндагӣ доранду вале рафтору гуфторашон аз ислом нест. Чаро ки дини мубин дашному таҳқир, хушунату зӯроварӣ ва ҳукми ноодилона баровардани мардонро нисбат ба зан маҳкум мекунад.
- Таҷрибаи талхи оилаҳои ҷудошуда афкору андешаи одамонро дар мавриди ояндаи духтарон тағйир додааст. Хусусан, баъди таъсиси филиалҳои коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ дар маркази ноҳия зодмандон таҳсили илму ҳунаромӯзии духтаронро дар мадди аввал мегузоранд, - қисса намуд Соҷида Асоева, раиси Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун. – Мардум тарзи ҳаёти занону духтарони таҳсилкардаро бо вазъи рӯзгори бонувони бармаҳал оиладоршуда ба қиёс гирифта, хулосаи худро бароварда метавонанд, ки кадом аз ин роҳҳоро интихоб намоянд.
Ба қавли С. Асоева имрӯз корҳои асосии хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Панҷро бонувон иҷро мекунанд. Иловатан, фаъолзанони рустоҳоро мебинем, ки бо таваҷҷуҳ ба корҳои нақдмузд гурӯҳҳои иҷоракоронро ташкил намуда, ба оилаҳои худ даромад меоранд. Хулоса, ҳузури бонувон дар пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бори дигар собит менамояд, ки бонувон аз иҷрои дилхоҳ корҳо баромада метавонанд.
Ҷавоншавии ҳайати кадрҳо
Тибқи омори бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷайҳун шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон ба 444 нафар мерасад, ки аз ин 338 тани онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 11 нафарро ташкил дода, аз ҷумла вазифаҳои муовини раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони чанд шуъбаҳо ва раисии чанд ҷамоати деҳоти ноҳияро бонувон ба уҳда доранд.
Дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби духтарони болаёқат то имрӯз 140 нафар тавассути квотаҳои президентӣ мактабҳои олии кишварро хатм намуда, ҳамзамон 63 нафар имтиёздори дигар дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил дорад. Мутаассифона, аз 140 нафар духтарони тариқи квота таҳсил намуда, ҳамагӣ 29 нафари онҳо дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, боқӣ ё ба ноҳия барнагаштаанд ва ё оиладор шуда, дар дигар шаҳру навоҳӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Новобаста аз ин, имрӯзҳо дар ҳайати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ҷавоншавии ҳайати кадрҳо мушоҳида мешавад, ки дар миёни онҳо духтарони лаёқатманде амсоли Манижа Азизмамадова, Сайёра Салаева ва Мадина Нозимова дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд.
Ниёзҳои фаромӯшшуда
Дар баробари тарбияву пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фароҳам овардани ҷойи кор барои бонувон зарур аст, ки масоили таъмини шароитҳои истироҳату фароғати онон сарфи назар нашавад. Зеро, ба андешаи Султонбегим Муҳаббатова, директори боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷайҳун, инсон новобаста ба ҷинсият баъди як муддати муайяни заҳмати ҷисмонию зеҳнӣ ба танаффусу таносоӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад.
Ба истиснои табобату истироҳат дар осоишгоҳ ба бонувон тафреҳи ҳаррӯзаву воситаҳои дилхушию фароғатии рӯзҳои истироҳатӣ зарур аст, ки, мутаассифона, аксарияти занони музофот аз фарҳанги мазкур дар канор мондаанд. Дареғ аз ин ки то имрӯз дар боғи фарҳангӣ - фароғатии маркази ноҳия баҳри истироҳати калонсолон шароити мусоид фароҳам нест. Аммо, тасмимҳое дар мавриди бунёди кошонаи ҳусну марказҳои дилхушӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маиширо тарҳрезӣ намудаанд, ки бо барқарор намудани марзҳои ҳудудии боғи марказӣ мавриди амал қарор хоҳанд дод.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷайҳун