Савлакат Ғуломова аз зумраи занҳоест, ки ҳам илм дорад, ҳам маърифату фарҳанг, ҳам ҳунар дорад ва ҳам ҳувият. Ин модари серфарзанд кулли ҷигарбандонашро ҳунаре соҳиб намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардааст.
–Барои ман тарбияи солими фарзанд аз ҳама чизи муҳим дар зиндагӣ буд. Хастаю монда аз кори колхоз бармегаштам. Қабл аз истеъмоли ғизо дарсҳои фарзандонамро назорат мекардам ва баъд аз ғизохӯрӣ то нимашаб ба гулдӯзӣ машғул мешудам, - мегӯяд Савлакатбону.
Зани дурандешу ояндабин ҳам фикри саводнок шудани фарзандонашро мекард ва ҳам мехост ҳунареро ба духтаронаш омӯзад, ки умре коромаду манфиатовар бошад. Гулдӯзиҳои ӯ то имрӯз дар ҷашнҳои арӯсии мардуми маҳалла ва ҷашни бузурги Наврӯз истифода мешаванд. Дастдӯзиҳои Савлакат Ғуломова ҳатто дар намоишгоҳҳои хунарҳои мардумӣ мавриди тамошо ва ибратомӯзӣ қарор мегиранд.
Ҳама ӯро ҳамчун кадбонуи хуб меситоянд. Аҳли хонаводаву ҳаммаҳаллаҳо аз намудҳои гуногуни нон, чапотӣ, қаламаву фатир, кулчаи ширмол ва дигар анвои ғизои ӯ борҳо нӯши ҷон намудаанд. Аз андешаҳои занони маҳалла бармеояд, ки Савлакат Ғуломова ба таомҳои миллӣ таваҷҷуҳ ва муҳаббати хосса дошта, бо маҳорати баланди кадбонугӣ аз уҳдаи омода кардани тамоми намуди хӯрокҳои миллӣ мебарояд. Духтаронаш низ дар ин ҳунар аз модари худ кам намеоянд.
Фарзандаш Тоҷиддин Ғуломов, ки ба ҳайси мудири кафедраи таърихнигорӣ ва бойгонишиносии факултаи таърихи ДМТ фаъолият мекунад, мегӯяд, ки ҳатто роҳу равиши тарбиятгарии модар дигар аст. «Модарам асло ба сари нафаре аз фарзандонаш зӯргӯиро раво нашумурдааст. Сухани бад нагуфтааст. Моро ба роҳи рост ва парҳезгорӣ ҳидоят мекард. То ҳол ба гоҳи зарурат аз ӯ машварату маслиҳат мехоҳам», - иқрор мешавад Т. Ғуломов.
Бузургӣ ва дурандешии модар буд, ки тамоми фарзандон соҳибилму соҳибтаҳсилот ва соҳибкасбу соҳибҳунар гаштанд.
Ӯ дар баробари идора кардани умури хонавода, ҳамчун зани меҳнаткаш дар саҳро заҳмат мекашаду ҳанӯз ҳам дар таъмини неъмат ва фаровонии дастархони фарзандон худро масъул медонад. Деҳқононе, ки пайваста дар саҳро паи фаъолиятанд, боғи бунёдкарда ва кишту кори хоҷагии деҳқонии Савлакат Ғуломоваро дида, ангушти ҳайрат мегазанд. Дар 1,14 га замин дарахтони мевадиҳандаи себу шафтолу ва гелосу зардолу сабзида, миёни дарахтони сабзпираҳанро киштаи анвои гуногуни сабзавот оро додааст. Ба хотири ба саломатӣ манфиатовар буданаш ҳамеша сурхпиёз кишт мекардааст. Инчунин, картошка, каду, помидор, бодиринг, харбузаву тарбуз, сабзавот, хуллас то маводи табобатии сиёҳдона дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Мирзоалӣ ба чашм мерасанд. Бо вуҷуди зиндагии мустақилонаи фарзандон, онҳоро ҳар ҳафта рӯзи истироҳат дар саҳро ҷамъ меоварад, то сарҷамъ ба кишту кор машғул шаванд. Ҳосили ғундоштаро дар саҳро ба ҷамъи фарзандон баробар тақсим мекунад. Ин амали Савлакат Ғуломова дар баробари таъмини ризқу рӯзӣ, таъйиноти тарбиявӣ дорад, ки онро тифоқӣ унвон аст.
Ф. МАҲМАДИЕВА