Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки давлат баҳри таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила тамоми шароитҳоро фароҳам овардаасту талош бар он дорад, ки дар он фазои солиму устувор ва меҳру муҳаббат пойдор бошад. Мутаассифона, имрӯзҳо тамоюли шадиди пошхӯрии оилаҳо ба назар мерасад, ки хеле нигаронкунанда аст. Бино ба иттилои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2017 – ум 78 757 ақди никоҳ баста шуда, аз ин миқдор дар 10 100 ҳолат дар соли мазкур бекор карда шудааст, ки басо ташвишовар мебошад, зеро сол ба сол ин тамоюл рӯ ба афзоиш дораду сари ин масъала мебояд тадбирҳо андешид.
Тамоми рафтору амалҳои таассуфангези инсонҳоро сабабе аст, ки касро ба он таҳрик медиҳад ва ҷудошавии оилаҳо низ омилҳои гуногун дорад. Сабоҳат Маҳмадалиева – корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо вазъи номусоиди иқтисодӣ, мушкилоти манзил ва дахолати шахси сеюм ба ҳаёти оилавии ҷавонон аст. Сафаргул Бухориева – корманди ниҳоди мазкур омили асосии аз ҳам пошидани оилаҳоро дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона медонад, ки онҳо оиладор шуданро аз рӯи ҳавову ҳавас ва шикастани орзуҳо ихтиёр мекунанд ва фаромӯш аз он месозанд, ки бунёди оила масъулияти ҷиддиро тақозо менамояду тақдири касро ҳал. Воқеан ҳам, заъфи маърифати оиладории ҷавонон низ дар гусаста гардидани пайванди оилаҳои онҳо нақш дорад. Агарчи дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дарси маърифати оиладорӣ дар як ҳафта як маротиба танҳо барои хонандагони синфҳои 10 таълим дода мешавад, воқеияти ҳаёт чизи дигар аст, ки онро наметавон дар чанд соати мактабӣ ёд гирифт. Баҳри барпо кардани оилаи хуб пойдевори асосӣ ин худи оилаҳост, ки ҷавонон дар он ба камол расидаанду тарбияи дуруст гирифтаанд. Муҳимтар аз ҳама волидайн худ дар оила дорои рафтору гуфтору кирдори дуруст бошанд ва он гаҳ фарзандон низ аз хурдсолӣ ба онҳо хӯ мегиранду тадриҷан ба қавле «рост месабзанд». Агар ин фарзандон дар оянда бо чунин фарзандони накуи дигар оила барпо намоянд, бешубҳа, беҳтарин оилаҳоро барпо хоҳанд кард. Хонадоршавии иҷборӣ низ ваҷҳи бесуботии хонавода метавонад буд. Лек буданд ҳолатҳое, ки чунин ҷавонон дар ҷараёни ҳамзистӣ тавонистанд ҳусни тафоҳумро миёни худ фароҳам оваранд ва баръакс, ҷавононе, ки ба қавле дӯстдошта хонадор шудаанд, баъдан хислатҳои манфии худро дар зиндагӣ аён кардаву нафрати тарафайнро барангехта, баъдан ҷудоиро ихтиёр кардаанд. Рӯҳафзо (номаш тағйир дода шудааст), ки айни ҳол 25 сол дорад, қисса намуд, ки дар 21 - солагӣ, айёми донишҷӯӣ бо дӯстдоштааш оиладор шуд. Шавҳараш бо волидайнаш ба ӯ ваъда дода буданд, ки баъди ҷашни арӯсӣ таҳсилро давом хоҳад дод. Баъдан маълум гардид, ки хонаводаи шавҳар иҷоранишинанду наметавонанд маблағи таҳсилашро пардохт намоянд ва падари Рӯҳафзо пардохтро амалӣ кард. Ба гуфтаи шавҳар гӯш доду зару зеварашро ба сари пардохти иҷорапулӣ зад. Чун корро ба ҳайси омӯзгор дар мактаб оғоз кард, шавҳараш корти бонкиашро ситониду дигар аз маошаш дираме надид. Рост ба мактаб мерафт ва ба хона бармегашт. Иҷозаи дигар ҷо рафтан надошт, ҳатто то мағозаи назди ҳавлии бино. Метарсид, ки аз тиреза нигоҳ кунад. «Болои сӯхта намакоб» шавҳараш ҳар рӯз шароб нӯшида ба хона меомаду бо баҳонаи ночизе зери лату кӯб мекашидаш. Гарчанде ҳомила буд, дар мактаб дар ду баст заҳмат мекашиду дар хона то поси шаб машғули шустушӯй ва тамизгардонии манзили зист мегардид, то аз хушдоману хоҳаршӯйҳояш маломат нашунавад. Шавҳари бадмасташ нисфишабӣ ба хона баргашта, бонг мезад ва ӯ ҳаросон аз хоб меҷаҳиду хӯрокҳои фармудаашро хаставу беҳол мепухт. Билохира, ба ҳолати шадиди равонӣ дучор гардида, бо ду тифли хурдсол ба хонаи падар баргашт ва барои бекор кардани ақди никоҳ ариза дод. Чунин ҳодисаҳо кам нестанд, ки баъзан пайомади фоҷиаангезро ба думбол доранд. Бархе занони ҷавон аз маърифати ҳуқуқӣ кам бархӯрдоранду аз хушунат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арз намекунанд ва ё инро ноҷо медонанд. Соли сипаришуда 1402 нафар ба марказҳои машваративу иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оила, ки дар шаҳру навоҳии кишвар фаъолият менамоянд, дар мавриди хушунат арз намудаанд, ки аксарияти онҳо занон мебошанд. Роҷеъ ба ин қазия бо мақсади солиму побарҷо мондани оилаҳо кумитаи мазкур ҳуҷраи равоншиносу ҳуқуқшиносонро ройгон ба роҳ мондааст. Шаҳрвандоне, ки дучори озори хонаводагӣ, мушкилоти оилавӣ ва тамоюл ба ҷудошавӣ доранд, ба ин ҷо муроҷиат менамоянд ва маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонии ройгон мегиранд. Бино ба маълумоти С. Маҳмадалиева дар соли 2017 ба ин марказҳо 55 134 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки 11 261 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади бекор кардани ақди никоҳ 1914 нафар муроҷиат кард, ки баъди суҳбат бо коршиносон аксарияти онҳо ба оилаҳои худ баргаштанд. Ба андешаи коршиносон, омили дигари аз ҳам пошидани оилаҳо муҳоҷирати меҳнатист, ки бо мақсади беҳтаргардонии вазъи иқтисодӣ ҷавонон рӯ ба он меоранду оилаи дигар барпо карда, хонаводаи худро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Садафмоҳ Оймаҳмадова, сокини ш.Душанбе, ки зани умрсолор аст, мегӯяд, ки муддатҳои тӯлонӣ аз ҳам дур будани ҳамсарон меҳру муҳаббат ва дилбастагии тарафайнро тадриҷан мезудояд. Солҳои қабл барои мардҳо нанговар буд, ки аз ҳамсар ҷудо шуда, ӯро дар радифи марди дигаре бинад ва имрӯзҳо ҷавонон ин корро хеле саҳл анҷом медиҳанд, ки сабаби асосии онро аз носабурии онҳо ва таъсири маданияти Ғарб медонад. Дарвоқеъ, омилҳои бегона ба фаҳми ҷавонон тариқи филмҳо ва барномаҳои шабакаҳои телевизионии хориҷӣ тамоюли таъсиргузорӣ доранд, зеро олимон кайҳо собит намудаанд, ки воситаҳои ахбори омма, бахусус соҳаи кино ва телевизион, таҳрикгари шуури инсонҳосту ба ташаккули равонии шахс таъсири бевосита мерасонад ва дар ин маврид кӯдакону наврасон бештар осебпазиранд. Бо пайдо гардидани шабакаҳои иҷтимоии интернет, таъсири он ба насли наврас бештар гардид, зеро, ҳамакнун, онҳо метавонанд иттилоъ ва наворҳои дилхоҳро ба осонӣ дастрас намоянд. Бо дарназардошти ин, таҳияи филмҳои мустанад, бадеӣ ва силсилафилмҳои тоҷикӣ бо мақсади устувории оила, худидоракунӣ ва сабурӣ дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт ва маърифати оиладорӣ мувофиқи матлаб хоҳад буд. Ҳамчунин, баҳри ташвиқи хонаводаи солим намоиш додани озмунҳои оилаҳои хушбахттарини кишвар нишонрас мегардад. Ба гунаи мисол, дар чунин озмун дар соли 2017 оилаи намунавӣ аз ВМКБ пешсаф гардида буд, ки эшон бо ҳувияти баланди эҳтиром ба арзишҳои милливу хонаводагӣ, ҳисси хештаншиносӣ, маърифатдӯстӣ ва дастранҷҳои хеш тавонистанд ба ин зинаи ифтихорӣ даст ёбанд. Бошад, ки сафи чунин оилаҳо бештар шаваду пайвандҳои хонаводагӣ қавӣ ва безавол гарданд.
Ситора АШӮРОВА