Падару модари Бибикалон колхозчиёни пешқадам буданду духтарчаи қобилу қадрас дар корҳои хоҷагидорӣ ба онҳо ёрӣ мерасонд. Хислатҳои духтари шармгину боодоб ва заҳматқаринро писандида, ҳамсояҳои зиёде ҳавас мекарданд, ки чунин духтарро сунҳор кунанд. Вақте Бибикалон дар синфи болоӣ мехонд, ба синфхона омӯзгори нави забони олмонӣ даромад. Шояд таърифу тавсифҳои мардум дар ҳаққи духтараки пуркору доно ба омӯзгори ҷавон таъсир расонда бошанд, ки ҳарчанд шогирд дар дарсҳо даст мебардошт, омӯзгори ҷавони шармгин аз ӯ ҷуръати пурсидани сабақ намекард.
Боре ҳамсояҳо, ки омӯзгори ҷавон дар хонаашон муваққатан иқомат дошт, нақл карданд, ки аз марказ комиссия меомадасту омӯзгор нигарон аст, ки ба дарсҳояш чӣ хел баҳо медода бошанд? Шогирд бо саъйи бештар аз ҳар вақти дигар, беҳтар ба дарс тайёр шуд. Чун дар ҳузури намоянда омӯзгор аз талабагон сабақи ёдгирифтаашонро пурсид, Бибикалон аз ҳама пеш даст боло карду назди тахтаи синфӣ баромад ва онро хеле хубу бурро такрор намуд ва ба саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ доду ҷасорати шогирди доно ва зирак ба ҳамсинфон болу пар бахшиду онҳо низ яке аз пайи дигаре ҳозирҷавобӣ менамуданд. Намоянда розӣ рафт.
Бибикалон нав мактабро хатм намуд, ки омӯзгори ҷавон чустӣ карду ба хонаашон хостгор фиристод. Ба дунболи баргузории тӯйи хоксорона тасмим гирифт, ки бо ҳамсараш ба зодгоҳаш деҳаи Вранг бармегардаду боқимондаи умрашро дар тарбияи шогирдон дар мактаби ин ҷо мегузаронад. Чунин ҳам кард.
Чун оилаи ҷавон аз маркази ноҳия ба деҳа омад, дар ин ҷо шароити танги иҷтимоӣ арӯсу домодро интизор буд. Солҳои 50-уми қарни гузашта маъмулан ду- се оила дар як ҳавлӣ мезистанд. Вале дунёи дили духтари тарбиятдида ва меҳнатдӯст васеъ буду барои меҳрубонӣ ба ҳама кушода. Оилаҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром ба якдигар зиндагӣ ба сар мебурданд ва тадриҷан бо беҳтар шудани шароити иҷтимоӣ як-як соҳиби хонаву дар гардиданд.
Бибикалон дар колхози ин ҷо шомили дастаи сабзавоткорӣ шуд ва зарбдори меҳнат гардид.
-Дар заминҳои гирду атрофи деҳа харбуза ҳам мерӯёндем. Ҳоло ин гуфтаҳоямон афсона менамоянд, шояд иқлим дигар шуда бошад, вале харбузаи Вахон ширину бомаза буд. Ҳосили хуби помидор, бодиринг, сабзиву пиёз, лаблабу мегирифтем, вале ноҳия бо истеҳсоли картошкаи фаровону хушсифат шуҳратёр гардид ва ба таъминкунандаи асосии он дар вилоят табдил ёфт, - баён медорад Бибикалон.
22-юми октябри соли 1957 дар ҳаёти Мирбобо ва Бибикалон ҳодисаи фаромӯшнашаванда ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз дар хонаводаашон фарзанди нахустин чашм ба дунё кушоду расонаҳои хабарии мамлакати Шӯроҳо бошанд, аз парвози нахустин ҳамсафари сунъӣ ба кайҳон хабар доданд.
Дар хонавода муҳити фарҳангӣ ҳукмфармо буд ва чун падар шомгоҳон сари миз нишаста, ба дарсҳо омодагӣ медид, фарзандон бо китобу дафтар гирд меомаданд. Фарзандон дар рӯҳияи шавқу завқи беандоза ба мутолиаи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, ахлоқу тамизи хуб, меҳнатдӯстӣ тарбия ёфтанд ва ҳар яке соҳиби касбу кор гардиданду бо хизмати содиқона ба давлат ва ҷомеа ба иззату обрӯи волидон афзуданд. Айни ҳол яке номзади илмҳои филологисту дар вазифаи мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор мекунаду дигаре корманди илмии Академияи педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, савумӣ сарпизишки бемористони минтақавӣ ва чорумӣ котиби ҷамоати деҳот мебошад. Аз фарзандони дигар яке омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳа асту дар пайроҳаи падар гом мезанад ва дигаре дорои таҳсилоти миёнаи махсус.
Дар омӯзишу парвариши фарзандон нақши модар аз падари омӯзгор камтар нест. Дар хонаводаи маърифатпарвари колхозчиён вақте бинобар тангии иҷтимоӣ масъалаи ба маркази ҷумҳурӣ барои таҳсил фиристодани писар ё духтар ба миён омад, Бибикалон исрор варзид, ки бародараш Миркалонро ба мактаби олӣ фиристанд. Миркалон Шоҳҷонов дар тӯли солҳои фаъолияти пурсамари касбӣ ба ҳайси яке аз пизишкони варзидаи ҷумҳурӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ шуҳрат ёфт. Аълочии тандурустии ИҶШС вай солиёни зиёд сарвари бемористони қалби ҷумҳуриявиро ба уҳда дошта, дар Вазорати тандурустӣ кор кардааст ва вакили парлумони кишвар буда, айни ҳол бознишаста бувад. Бибикалони аълохони мактаб дар озмуни вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба нахустин туҳфа даст ёфт. Бо амри тақдир, агарчӣ ба ҷойи таҳсил дар мактаби олӣ саҳрои колхозӣ ба майдони фаъолияти зарбдораш табдил ёфта бошад ҳам, духтари меҳнатдӯст дар иҷрои корҳои ҷисмонӣ кам намеомаду бештари мукофотҳо насибаш мегардиданд. Ҳамкорон бо шӯхӣ мегуфтанд, шахсе, ки дар мактаб маззаи мукофотро чашидааст, акнун дар колхоз ҳам намегузорад, ки касе аз вай пеш гузараду рақибонашро аз гирифтани мукофот бенасиб мегардонад.
Вранг вожаи авастоӣ буда, ба гуфтаи муҳаққиқон ба маънои маркази илмӣ-фарҳангӣ ва замини тахту ҳамвор дар сарчашмаҳо ёд мешавад. Дар деҳа қариб 400 хонавода зиндагӣ дошта, китобхона, маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, боғчаи бачагона, бемористон, маркази саломатӣ, идораи нигаҳдории роҳ ва ду мактаб дар хизмати мардум қарор гирифтаанд. Мардуми маҳал ба муқаддасот эътиқоди сахт доранд, дар ин ҷо ба мазорҳо арҷу эҳтиром мегузоранд, ҳатто ба навъи гиёҳ ва дарахтон чун ба муъҷиза менигаранд. Навъи кайҳони хуштамъи маҳаллӣ аст, ки дар дигар минтақаҳо намесабзад, дар минтақаи ин ҷо устоҳои маҳаллӣ аз гиёҳҳои худрӯй коғази махсус тайёр мекарданд, дар расадхона ҳаракати ҷирмҳои осмониро назора мекарданд. Дар Вранг маъбади буддоӣ ҳифз гардида, сокинон ба арзишҳои тоисломӣ ва пас аз ислом баробар эҳтиром мегузоранд ва онҳоро ҳифз мекунанд. Дар ин ҷо ашхоси солмандро муқаддасот мешуморанд ва ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меоранд.
-Эътирофи умуми сокинони деҳаро, ки Шуморо бибикалонашон медонанд, чӣ гуна қабул мекунед?-мепурсам аз ин зани солманди нуронӣ.
-Тавре мегӯянд, кишту кори хусравӣ, ҳар чӣ корӣ бидравӣ. Агар тавонистам, некӣ мекардаму бо каломи хуш ба ҳама муносибат, аз ғайбат, суханчинӣ дурӣ меҷустам ва шояд барои ин хислатҳо сазовори эҳтироми мардум гардидам.
-Шумо як умр дар саҳро меҳнат кардед. Вале ҳоло сари замин кишоварзон кам ба назар мерасанд.
-Шукри Худо, ки дар Ишкошим пешаи деҳқонӣ ҳанӯз побарҷост. Сокинон асосан аз ҳисоби зироаткорӣ ва чорводорӣ даромад ба даст меоранд ва деҳқонӣ мекунанд.
-Дар интихоби ҳамсафари ҳаёт ба ҷавонон маслиҳататон чист?
-Ҳоло ҷавонон худ шарики умрашонро интихоб мекунанд, ки ин хуб аст. Вале, маслиҳати волидон низ бояд ба назар гирифта шавад. Ҳар падару модар хушбахтии фарзандашро мехоҳад ва мутмаинам, ки аксари волидон интихоби писар ва ё духтарашонро меписанданд.
Худам аз Вахону Ғорони Ишкошим, Шуғнону Хоруғ келину домод дорам ва аз ҳамаашон розиям ва ба ин маъно дар ҳар минтақа хонае барои худ сохтаам.
-Шумо дар иҳотаи фарзандону наберагон хушбахтед. Барои саодатмандӣ ба оилаҳои ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
-Хушбахтиро харида намешавад, хушбахтӣ бо меҳнат ба даст меояд. Вақте дар хона фазои ҳусни тафоҳум, ҳисси қаноат ва шукр аз офияти худу фарзандон ҳукмфармост, оила хушбахт аст.
-Деҳаи Вранг хеле обод шудаст. Сабаби авҷи созандагию ободкориҳоро дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистон дар чӣ мебинед?
- Маҳале дар Тоҷикистон нест, ки қудуми мубораки Сарвари давлатмон он ҷо нарасида бошад. Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон меҳмони деҳаи мо гардид. Мактаби нав барои 240 хонандаро дар деҳаамон кушода, бо мардум мулоқот кард. Ман бо собиқадорони меҳнат дар қатори пеш менишастам. Чун ҳар модари тоҷик дар симои Президенти кишвар фарзандамро дидам. Ӯ ҳақиқатан фарзанди содиқ ва фидокори халқ аст, ки ба мардум ва кишвараш сулҳу осоиштагӣ ва ободӣ оварду дар ҳаққаш ҳамеша дуои хайр мекунам. Сулҳу ваҳдат ободонӣ ва пешрафтро дар пай доранд.
Бо изҳори сипос пас аз суҳбати ширин бо бибикалони деҳа хайрухуш мекунаму чун кулли ҳамдеҳагон барояш тамонно дорам, ки дар баҳори 100-уми умраш ҳам ӯро ҳамин тавр бардаму солим ва зиндадил бубинам.
М.ШОҲҶАМОЛ,
Ишкошим-Вранг