Хизматрасонии оташнишонӣ дар ҳаёти башар таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста ба воситаҳои мавҷудаи ҳар давру замон дар ҳифзи молу мулки ҷомеа аз сӯхтор нақши муҳим мебозид. Аммо, сохтори ҳозираи хизматрасонии оташнишонӣ дар кишвари мо 30 июли соли 1928 дар таркиби Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст. Тӯли ин давра дар идораву қисмҳои ҳарбии ин сохтор дар вилояти Хатлон фарзандони фарзонаи Ватан, аз ҷумла занони шуҷоъ низ хизмати содиқона бинмудаанд.
Имрӯз дар раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон 1047 нафар аскару афсарон хизмат мекунанд, ки аз ин теъдод 105 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Роҳбарии шӯрои занони раёсатро капитани хизмати дохилӣ Майрамбӣ Ҳаёева ба дӯш дорад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши теъдоди бонувон дар сохтори оташнишонӣ идомаи дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020» арзёбӣ мегардад. Дар қиёс ба соли 2015 шумораи афсарбонувони РХДО вилояти Хатлон аз 3 ба даҳ нафар расид.
Солҳои аввали ба фаъолияти касбӣ пардохтани Майрамбӣ Ҳаёева бинобар пешаи мардона донистан, на ҳама бонувон ба сафи Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвастанд. Бо мурури таъсисёбии академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи духтарон барои таҳсил дар ин муассисаи олии низомӣ хурофоту дигар қолабҳои маҳдуднамоии бонувон аз байн рафтанд. Акнун ҳузури занону духтарони шуҷои кишварамон дар тамоми қисмҳои низомию бахшҳои зертобеи сохтори оташнишонии вилояти Хатлон мушоҳида мегардад, ки теъдоди бештари онҳо дастпарварони академияи мазкуранд.
Пайвастан ба сохтори низомӣ, ба хусус соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарию осоиштагии ҷомеа, орзуи мактабии Майрамбӣ Ҳаёева буд. Гарчанде баробари хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ орзуҳояшро бароварда натавонист, аммо ба умеди ба масал «Дер ояду шер ояд», аз раъйи худ барнагашт. Нахуст коллеҷи омӯзгории ноҳияи Восеъ, баъдан Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро хатм намуда, аз соли 2001 фаъолияти худро аз вазифаи мутахассиси қисми №41 хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Восеъ оғоз намуд.
-Баъди 10 соли хизмат дар вазифаҳои гуногун фаъолияти худро ба ҳайси нозири гурӯҳи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори НБО «Сангтӯда-1» идома бахшидам,- қисса мекунад Майрамбӣ. – Сипас, як сол нозири калони шуъбаи назорати таҳлилӣ ва банақшагирии шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб кор карда, инак, аз соли 2013 дар раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон фаъолият мебарам.
Аз суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи раёсати мазкур бармеояд, ки ҳузури фаъоли бонувон дар сохторҳои ҳифзи тартибот ва бехатарию осоиштагии ҷамъиятӣ на танҳо мояи нуфузу обрӯмандии онҳо, балки омили болоравии сатҳи касбият ва сифати иҷрои вазифаҳои хизматии ҳайати шахсӣ гардида аст.
- Боиси ифтихору сарфарозии мо, бонувони даврони истиқлолият аст, ки барои фаъолиятамон дар ниҳодҳои пурмасъули давлатӣ, ба вижа сохтори оташнишонӣ, шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд,- мегӯяд сардори котиботи РХДО вилояти Хатлон Ҳафиза Зоирова. – Эътимоду боварии давлат ба неруву тавоноии занон, мо, муҳофизони бехатарию осоиштагии ҷомеаро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нишон дода, бо кору пайкори шоёни таҳсин намунаи ибрати ҷавонон бошем.
Айни замон самтҳои асосии фаъолияти сохтори оташнишонӣ, аз ҷумла радиоалоқачии бастҳои навбатдорӣ, танзимгарони нуқтаҳои маркази алоқа, нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, шуъбаҳои кор бо ҳайати шахсӣ, назорати таҳлилӣ ва банақшагири кадрҳои РХДО вилояти Хатлонро бонувон ба уҳда доранд. Розия Султонзода аз зумраи афсарони ҷавони раёсат ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, дар тӯли 90 соли фаъолият, маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи афсарзанон дар ниҳоди оташнишонии кишвар бесобиқа афзудааст. Дар ҳоли ҳозир, ба истиснои амалиётҳои обпошӣ дар ҳолати сар задани оташ, дигар дар ҳама амалиётҳои хизматӣ бонувони мо ширкати фаъол менамоянд. Фикр мекунам, дар оянда бонувони мо дар ҳама амалиётҳои фаврӣ, аз ҷумла оташнишонӣ иштирок менамоянд, чаро ки бонувони тоҷик ҳам тобу ҷасорати оташбардорӣ доранду аз иҷрои ҳама вазифаҳои мушкилу тоқатфарсо, хосса, оташкушӣ ҳам баромада метавонанд.
Ҷ. Усмон,
вилояти Хатлон