Дар ин асно зане бо писари тахминан 10- солааш аз як гӯшаи боғ гузашту он ҷойро хилват пиндошта, бо хоҳиши кӯдак рӯи сабзаҳои ҳамвор по ниҳод ва 5–6 гули садбарги муаттару бузургро, ки аз ҳастӣ ва назокати хеш менозиданд, барканд ва хост ба писараш диҳад. Бонуи тануманду хушчеҳрае наздаш омад ва бо сабру таҳаммул кори ноҷои занро барояш шарҳ дод ва гуфт, ки чаро заҳматҳои шабонарӯзии моро нодида мегирӣ? Ӯ аз кори кардааш шармид ва узрхоҳон дур шуд. Корманди боғ бо ҳасрат гулҳоро аз рӯи раҳ барчида, онҳоро бӯй кашиду ба дидагонаш молид. Чун ба ӯ наздик шудаму хостам аз эҳсосаш дарак ёбам, гуфт: «Ин тоифа одамон на гулҳоро, балки қалбамро мекананд ва боз дилҳои чанд тани дигарро, ки бо арақи ҷабин ҳар як сабзаву гули ин боғу хиёбонҳоро чун фарзанди хеш парвардаанд»…
Маълум гардид, ки ин бонуи кордон Гулбаҳор Ситамова аст, ки ҳамчу устои ободонӣ тайи чанд сол дар хиёбону гулгаштҳои маркази шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо 35 нафар пайи ороиш ва поксозии мавзеъҳо ҳамеша сари кор аст. Боғи ба номи Ҳофизи Шерозӣ, ки имрӯз онҳо ин ҷо саргарми пешаанд, яке аз мавзеъҳоест, ки ободонии онро ӯ бар дӯш дорад. Ҳамчунин, тозагии боғҳои устод Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, 800-солагии Маскав ва қисми марказии хиёбони Рӯдакӣ низ зери назорати доимии Г.Ситамова қарор доранд…
Кӣ боре ҳам шоҳиди он нагардидааст, ки субҳгоҳон кӯчаву хиёбонҳои шаҳр тозаву озодаанду обхӯрда, гулу сабзаҳои муаттар роҳат нумӯъ намуда? Кам сари он меандешем, ки ин зебоиҳо самари заҳмати дастони кист. Ва ё шояд коғази шакалоду яхмосу зарфи пластикиро бепарвоёна ба роҳравҳо ва даруни гулҳо ҳаво медиҳему роҳат, бе азоби виҷдон роҳи хешро идома мебахшем. Кӣ дид? Дида бошад ҳам, чӣ гуфта метавонад? Танҳо моро зарур аст, ки ҳар чи зудтар ин чизҳои нолозимро аз худ дур созем. Кай фурсат даст дода, ки барои сокинони шаҳр чунин шароити созгорро фароҳам овардаанд? Ба гуфти Г.Ситамова ӯ ва кормандонаш аз соати 12-и шаб ба кӯча баромада, зиёда аз ду соат ба рӯбучини роҳраву хиёбонҳо машғул мешаванд. Фасли гармо, агар шаббодаи нарм ба заҳмати тӯлонии кӯчарӯбҳо тараҳҳум намояд, зимистон нисбат ба онҳо бераҳму ситамгор аст. Поси шаб нӯги ангуштони дасту пойҳо аз ғояти сардӣ карахт шаванд ҳам, ҳамоно ҳаракат менамоянд, ки аз хунукӣ вораҳанду ҳар чи зудтар корро анҷом бидиҳанд.
– Бар ивази заҳматҳои шабонарӯзиямон аксарияти роҳгузарон ба мо изҳори сипос менамоянд, ҳатто хориҷиён ташаккур мегӯянд, ки шаҳрро чунин поку зебо намудаем, - иброз медорад Г.Ситамова. – Боиси нигаронист, ки баъзеҳо, ба мисли ҳодисаи имрӯза, заҳмати моро сарфи назар менамоянду сабзаҳоро поймол ва гулҳоро канда бо худ мебаранд. Гоҳ-гоҳ мушоҳида мекунам, ки баъзеҳо бо ҳайвонҳои хонагӣ сайругашт мекунанду онҳо, бахусус сагҳо рӯи сабзаҳову роҳравҳоро нопок мегардонанд ва, агар эътироз намоем, то ба ин кор роҳ надиҳанд, посух медиҳанд, ки тоза кардан вазифаи шумосту аз ин ҳисоб маош мерӯёнед, - бо таассуф иброз дошт ҳамсуҳбатам.
Марбут ба ин мебоист ёдовар шуд, ки дар кишварҳои Аврупо ва Ҷопон, агар сагҳоро ба сайр бароранд, соҳибони онҳо бо худ халтаҳои полиэтиленӣ ва дар зарфҳои пластикӣ об мегиранд ва мабодо, агар саг ҷое наҷас кунад, онро ба халтача гирифта, ба лахти макрӯҳ об мепошанд ва ахлотро ҳамроҳ бо худ мебаранду ба халоҷои хеш мепартоянд. Хушбахтона, шаҳрдорӣ дар ин самт як қатор тадбирҳоро андешидааст, то мардум ба масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат кунанд.
Дар дастурамали «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш.Душанбе» оварда шудааст, ки поймол кардани мавзеи кабудизор, гулгашт, канда партофтан ё бо худ гирифта бурдани гулу сабзаҳо қатъиян мамнӯъ мебошад. Шикастан ва буридани дарахтону буттаҳо, бо корду асбоби тез харошидани навиштаҷот дар танаи дарахтон, рӯи кабудизор ташкил намудани бозиҳо, аз қабили футбол, волейбол, теннис ва ғайра, аз болои он ҳаракат ва идора намудани воситаҳои нақлиётӣ, ба монанди велосипед, мототсикл, мошин ва ташкил кардани таваққуфгоҳи нақлиёт қатъиян иҷоза нест. Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои зайл мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор чунин нафарон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Шояд баъзе шаҳрвандон аз қоидаҳои ҷорӣ бархӯрдор нестанд, ки ба чунин амалҳои ноҷо даст мезананд, - мегӯяд Г.Ситамова. - Агар донанд, ки бо чӣ заҳматҳо кормандони мо чунин зебоиҳоро меофаранд, мумкин аст муносибати худро тағйир бидиҳанду ба қадри меҳнати эшон бирасанд, - иқрор меояд ӯ.
Ба суоли мо магар барои зан душвор нест, ки ҳам шабона ва ҳам рӯзона ба корҳои ободонии шаҳр даст дошта бошад, Г.Ситамова чунин посух дод:
- Зан будан худ масъулияти бузург аст. Шахсан ман аз кор наметарсам. Шавҳарам ҳам зидди шуғлам нест. Ба ҳамаи кор вақт меёбам, ҳам ба тарбияи фарзандон, ҳам ба тозагии хона ва ҳам ба тамиз кардану ободонии пойтахти азизам. Ифтихор дорам, ки сокини пойтахтаму як гӯшаи ин шаҳри зебову назарраборо боз ҳам хушнамуд мегардонам…
- Хоҳиши зиёде дорам, аз сокинони пойтахт, ки заҳмати моро қадр намоянд, - гарму умедвор исрор намуд бонуи гулкоре бо номи Гулнозаи Холмаҳмад. Пеши назари мо бархе дар боғ нишаста, тухми офтобпараст шикаста, пӯчоқашро ба замин мепартоянд. Мо, занҳоро чунин беқадр напиндоранд, чунки бо ин амалҳои зишти хеш ҳайсияти онҳо дар чашми мо ва атрофиён хеҷ мегардад, - иброз дошт Гулноза.
Дарвоқеъ, ин ҷо иродаву хоҳиши шаҳрвандон нақши калидӣ мебозад ва, агар дар самти беҳбудии соҳаи ободонӣ на танҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, балки роҳбарони корхонаҳову ташкилотҳо ва тамоми шаҳрвандон масъулияти бузурги шаҳрвандиро дарк созанду баҳри ободгардонӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳит саҳим бошанд, пойтахтамон яке аз тозатарин ва зеботарин шаҳрҳои дунё хоҳад шуд.
Ситора АШӮРОВА