Ин нигоҳҳо аз гармии офтоб ҳам гармтаранд, то ҳадде, ки метавонад қалбҳоро сӯзонанд. Ин фариштагон ҷуз меҳри волида ба чизи дигаре эҳтиёҷ надоранд, зеро Пешвои миллат барояшон беҳтарин шароитро муҳайё намудааст. Эшон мунтазири як навозиши самимии модар, муҳтоҷи як оғӯши гарми падар, ниёзманди алфози нарми «бачам» гуфтананд. Кунун ин кӯдакон мепиндоранд, ки дар ҳама ҷо модарон ҳар рӯз иваз мешаванд, мисли хонаи кӯдакон…
Меҳроҷ бо нуқси модарзодӣ таваллуд шуда буд. Модараш ба бемории саратон гирифтор буду наметавонист ӯро парасторӣ намояд. Бо розигии волидон Меҳроҷро ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и махсусгардонидашудаи №1-и шаҳри Душанбе оварданд. Дар баробари забони гӯё надоштанаш, пойҳояш низ камҳаракат буданд. Заҳматҳои ҳамвораи духтурон буд, ки имрӯз Меҳроҷи 4- сола озод роҳ меравад, вале пас аз марги модараш падар боре ҳам ба аёдати ӯ наомадааст.
Дар ин муассиса 56 нафар кӯдак, аз ин 32-тоашон ятими имконияти маҳдуддошта ва 24 нафар кӯдаки ятим ва нимятим аз замони таваллуд то 4 - солагӣ нигоҳубин карда мешаванд. Кӯдакон аз хидматгузории табибон, ҳамшираҳо, мураббияҳо, дояҳо бархӯрдоранд.
Чун модар…
-Вақте наздашон медароям, ҳатман оғӯшашон мекунаму мебинам, ки хеле шод мешаванд. Чун модар аз як нигоҳ пай мебарам, ки дар кадом ҳолат ҳастанд. Мисли фарзандонам бароям азизанд. Як бегоҳ кӯдакеро, ки фалаҷи майнаи сар дорад, гирифтори гиря дарёфтам. Сабабашро фаҳмидам, ки ҳамшира ивази либос кардаасту ба хонааш меравад, яъне нисбат ба якояки мо меҳр пайдо кардаанд. Вале, меҳри модару муҳити хонавода олами дигарест барои кӯдак. Агар ягон модар ба аёдати фарзандаш биёяд, дигарҳо даррав ба пурсидан медароянд, ки чаро очаи фалонӣ омадасту очаи ман намеояд? Ҳарчанд моро модар гуфта садо мекунанд, аён аст, ки ҷозибаи меҳри модар онҳоро сӯи худ мекашад. Ҳамин аст бузургии модар, - иброз дошт Зуҳро Боронова, - сардухтури муассисаи мазкур.
Сабабҳо…
-Дар давраи ҳомиладорӣ модар аз маризии гузаранда сироят ёфта бошад ё дар семоҳаи аввали обистанӣ бидуни тавсияи духтур дору истеъмол кунад ё бо хеши наздик ҳамхона бошад ва ҳам аз ошуфтаҳолии зиёд кӯдакони маъюб ба дунё меорад, - гуфт духтури амрози кӯдакон Б. Содиқов.
Аламовар аст, ки тақдир ба ин дӯстрӯякон ду зарбаи сахтеро раво дидааст. Аввалан, бо нуқси модарзодӣ таваллуд шудаанду волидон бо ин сабаб аз ҳам ҷудо гардидаанд. Мусаллам аст, ки кӯдак бо модар мемонад. Чун аз уҳдаи нигоҳубини фарзанди маъюб намебарояд, ӯро ба ин муассиса меорад. Дунёи кӯдакияшонро як умр бо ҳасрат ба ёд меоранд, ки боре волидон дасташро гирифта қадамҳои аввалинро наомӯзонданд, боре дар зодрӯзаш барояш туҳфаяке наовардаанд. Боз чандин рӯзҳои муҳимро ӯ танҳо паси сар кардааст…
Холаи Гулдаста(ном иваз шудааст) ба аёдати наберааш омадааст. Вақте ки наберааш бо нуқсони модарзодӣ ба дунё меояд, оилаи духтараш вайрон мегардад.
-Ҳатто худи духтарам ба фарзандаш аҳамият намедод, зеро ӯро ваҷҳи хонавайронии худ медонист. Ман худам парасториаш мекардам, вале дигар зӯрам нарасид. Ду бор назди ин муассиса омадаму аз роҳам пас гаштам, вале ин бор бо сардухтур суҳбат кардам, ки бисёр зани самимӣ аст, аҳволамро фаҳмид. Бо иҷозатномаи шаҳрдорӣ, имрӯз набераи ман дар шароити хуб аст, табобат мегирад. Бинед, аз фарзанде, ки падару модараш рӯ тофтанд, давлат қабулаш кард. Аз Пешвои миллатамон миннатдорам, Худованд ҳамаи дуоҳои ин музлимонро дар ҳақаш қабул созаду сулҳу оромии Тоҷикистонро абадӣ бигардонад ва мардуми моро аз офатҳои заминиву осмонӣ нигоҳ дорад.
Наврӯзи кӯдакон
-Наврӯзи имсоларо кӯдакони мо бо як шукӯҳи хос пешвоз гирифта буданд, ки ҳозиронро ба ҳайрат овард. Дар ин ҷашн сарояндаҳову ромишгарон худи кӯдакон буданд, ки бо як завқи баланд созҳоро менавохтанду мерақсиданд. Дар ин ҷашн мо 12 нафар писарбачаро хатнасур кардем. Кӯдакони мо дар ҳама беморхонаҳо ройгон табобат мешаванд, - гуфт Зуҳро Боронова.
Барои хуш гузаштани вақти кӯдакон муассиса тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби кормандон саҳнаҳои театрӣ таҳия созанд. Вале, беҳтар аст, ки театрҳои пойтахт намоишҳои кӯдакона омода намуда, хизматашонро аз ин гуна муассисаҳо дареғ надоранд, то кӯдакон аз хурдӣ дунёи ҳунарро бишносанду дар зиндагии воқеӣ азият накашанд.
Фарзона ВОСЕЕВА