Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Cарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳифзи ин неъмати бебаҳо ва таъмини суботу оромии ҷомеаи навбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳар фарди худогоҳу меҳанпараст вобастагӣ дорад.
Дар ин замина дар сарзамини соҳибистиқлоли мо ҳомиёни ҷонфидои меҳану миллат бо қаҳрамонӣ аз худ дарак додаанду ҷони худро дареғ надоштаанд. Мардум дар рӯзҳои ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ хотираи неки онҳоро гиромӣ медоранд.
Гулшан Давлатова аз зумраи модарони фарзонаи кишвар аст, ки ҷавонмарди шуҷову ҷонфидои роҳи Ватан - шодравон Неъматуллоҳ Латифовро ба дунё овардааст.
Дар чархболи гурӯҳи «Алфа», ки дар дараи Камароб ба фалокат дучор гардид, Неъматуллоҳи ман ҳам буд,- ба гиря рози дил мегуфт модар. - Баъзан бо садои модарҷон гуфтанҳои ӯ аз хоб бедор мегардаму тамоми он рӯз гуфтору рафторҳои хуби ӯ мисли навори зинда пеши назарам меоянд. Аз нахустин лаҳзаҳои чашм ба олами ҳастӣ кушодану аввалин қадамзаниҳо, рӯзи ба синфи якум рафтану хатми мактаб…, бо сарулибоси озодаи низомӣ ба ҳавлӣ ворид шуданаш, ҷашни арӯсию таваллуди фарзандонаш…
Солҳо дуои дидор бо қаламкашони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро доштам, ки дар бораи афсарони ҷонфидои Ватан, аз ҷумла ҳамхизматҳои писарам матлабҳо нигошта буданд. Акнун намедонам аз куҷо сухан оғоз намоям, ки ҳама лаҳзаҳои ҳаёту рӯзгори Неъматуллоҳ бароям азизу шоёни тавсиф аст, - гӯён муаллима таронаи дар сӯги фарзанд навиштаашро сароид:
Неъмат, сари манзили ту ман зор бигирям,
Чун абри сари ёла ба такрор бигирям.
Аз гиряи ман об шавад санги мазорат,
Ҷӯё шаваму яксара хунбор бигирям.
Зодмандони сарбози ғӯрамарг ҳар ду омӯзгоранд. Тавре сарвари оила Зикриоллоҳ Латифов иброз медорад, муҳити эҷодии хонавода буд, ки сарбози оянда аз хурдӣ бачаи хушсалиқаву дидадаро ва дар иҷрои кору супориш масъулиятшинос ба воя мерасид. Неъматуллоҳ бори аввал дар истироҳатгоҳи «Артек» аз худ дарак дод, ки дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ҳамчун навраси пурмаҳорату дорои донишу истеъдоди фавқулода муаррифӣ шуд. Солҳои хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши ИДМ ва баъдан дар гурӯҳи зудамали «Алфа» ҳам бо ҳамин хислатҳои вижааш миёни роҳбарияту ҳамяроқонаш обрӯву эътибори баланд дошт.
Айёми наврасии Неъматуллоҳ ба замони нооромиҳо рост омад,- қиссаеро ба ёд меорад модари ӯ. - Рӯзе аз кӯча ҳайратзадаву осемасар ба хона сар задан баробар буғзи гиря дар гулу нидо дардод: «Модарҷон, бачаҳои калон тоқии Одина Ҳошимро шатакорӣ доранд…». Аз асари доду фарёди писарам, ки тезтар биё,- гӯён пешопешам тиҳипо медавид, чӣ гуна ба сари кӯча расиданамро нафаҳмидам. Ба хотири муаллима буданам буд ё ягон ваҷҳи дигар, ки ҷавонони ширакайф бо сари хам ба ҳар тараф парешон шуданд. Он лаҳза ман аз касофатии мардуми гумроҳ гиря доштаму писарам бошад аз шодии ҳифзи кулоҳи ҳофизи мардумӣ ашки шодӣ мерехт. Аснои бозгашт ба хона чӣ эҳсосе ӯро фаро гирифта буд, ки баногаҳ иқрор омад: «Оча, баъди мактаб ба «Спетсназ» меравам».
Ҳамин тавр, бо мурури таъмини суботи сартосарӣ дар кишвар Неъматуллоҳ МТМУ №54-и ноҳияро хатм намуда, ихтиёран ба сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваст. Хизмати ҳарбиро ба итмом расонда, ба ҳайси таълимдиҳандаи наваскарон дар пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия монд. Баъдан, таҷрибаву маҳорати низомӣ ва қобилияти фавқулодаашро ба инобат гирифта, ӯро барои идомаи хизмат ба ниҳодҳои махсуси давлатӣ даъват намуданд. Билохира, ба гурӯҳи зудамали «Алфа» роҳ ёфт, ки ин марҳилаи хизмати низомиро қуллаи орзуву ормонҳои хеш меҳисобид.
-Неъматуллоҳ ба варзиши футбол шавқу рағбати беандоза дошту дар ҳайати тими Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дарвозабон буд, - гиря дар гулу қисса дошт падари сарбоз. – Солҳои фаъолият дар пойтахт ишқи худро ёфт. Онҳо дар хулқу рафтор ҳамчунон шабеҳи ҳамдигар буданд, ки ту гуфтӣ Худо онҳоро барои ҳамдигар офарида бошад. Онҳо ниҳоӣ бо ҳам унс афтода буданд, ки баъди марги писарам ҳамсараш аз ғаму ғуссаи шавҳар ба бистарӣ беморӣ уфтода, оқибат дунёро тарк гуфт.
Аз достони ишқу зиндагии Неъматуллоҳу ҳамсари ӯ ду тифли нозанин - Ҷаҳонгир ва Азиза ба ёдгор мондаанд, ки ҳоло ҳамроҳи бибиву бобои модариашон зиндагӣ доранд. Модари сарбоз ба акси набераҳои ятимаш нигариста, лаҳзаҳои рӯ-рӯи дасти писару сунҳораш навозиш ёфтани онҳоро ба ёд меорад: «Лаҳзаҳои меҳмонӣ шеваи рафтору гуфтор ва зиндагии ошиқонаи онҳоро дида, ҳавасам меомад. Гоҳи ба кор рафтани писарам «дадаҷон, куҷо меравед»,- гуфта сунҳорам ба лафзи кӯдаконаш шӯхӣ мекард ва Неъматуллоҳ тифлаконашро бӯсида, каф бар чаккаи сар монда, гузориш медод: «Ба ҳимояи Ватан!».
- Хабари фалокати чархболи низомиён дар дараи Камароб, дунёро дар назарам тираву тор сохт,- ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2010-ро ба ёд меорад модар. - Лаҳзае чанд ба ҷуз набзи дил чизеро эҳсос намекардам. Дар ҷанозаи писарам мекӯшидам лаҳзае худро аз даст надиҳам, то дар вопасин дидор рӯи нозанини ӯро ба серӣ бубинам. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо хонаро аз ороишоти занона пур карда, мегуфт: «Модарҷонам, ба солимию ҳусни дилнишинат аҳамият бидеҳ, ки Шуморо ҳамеша ҳамин сон хушрӯяку хушбахт, иродатманду сарбаланд бубинам». Бо ҳама шебу фарози қисмат, шукронаи сулҳу осудагии кишвар дораму ифтихор аз он ки баҳри сулҳу ваҳдати халқу Ватан як ҷонфидо парвардаам,- бо ҳарорат изҳор дошт модари сарбоз Гулшан Давлатова.
Лаҳзаи тамошои аксу дафтарҳои хотиравии сарбози таъйиноти махсус Неъматуллоҳ Латифов шоҳбайти дилпазири устод Лоиқ пеши назар меояд, ки баёнгари рӯзгору сарнавишти амсоли қаҳрамони мо ҷавонмардонест, ки ба хотири ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва суботу оромии Ватани худ ҷони хешро дареғ надоштаанд:
Зи хуни гарми мо фаввора созед,
Зи барқи чашми мо истора созед,
Агар мурдем мо, дорем орзу,
Ки аз тобути мо гаҳвора созед.
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ