Дар кори ҷаласа, ки зиёда аз 150 нафар меҳмон аз 20 давлати ҷаҳон ҷамъ омада буд, имконияти дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва санитария, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дида баромада шуд. Форум таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳуқуқи занон ва духтарон барои дастрасӣ ва санитарияи оби тоза равона намуда, ба ҷалби пурра ва иштироки самараноки занону бонувон дар ҳамаи равандҳо, қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии захираҳои оби ошомиданӣ даъват намуд.
Дар чорабинӣ инчунин, масъалаи ҷалби бештари занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва идоракунии захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иштирокчиён ба мувофиқа омаданд, ки занон бояд пешбарандагони асосии дигаргунсозӣ дар раванди марбут ба таъмин, идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ бошанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии СММ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Академияи Генералии Донишгоҳи байналмилалии илмӣ, Барномаи идораи оби Финландия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон (Fin Water WEI II) ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Хонум Пратиба Мехта, Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон қайд намуданд: «Баробарии гендерӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва санитария албатта бо ҳам алоқаманданд. Занону бонувон барои оилаҳои худ қувваи бузурги обтаъминкунанда мебошанд, ки дар як шабонарӯз тақрибан се соат вақташонро ба таъмин намудани хонавода сарфа мекунанд. Ҳамаи ин на танҳо вақтро барои омӯзиш ва иштироки занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа халал ворид мекунад, балки ба инкишофи ҷисмонӣ ва саломатӣ аз сабаби интиқоли борҳои вазнини об таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа, духтарон ба фалаҷшавии устухонҳо гирифтор шуда, тавлиди фарзанд ба онҳо мушкил мегардад. Бояд гуфт, ки ҷалби занон ба маблағгузорӣ ва банақшагирии системаҳои обтаъминкунӣ ва санитария ҳалли мушкилоти рӯзмарра ва таъмини баробарии гендерӣ ба шумор меравад. "
Алия Ал-Ясир – Директори минтақавии СММ-Занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ қайд карданд: «Мо бояд эътироф кунем, ки занон дар қатори мардон дар идоракунии захираҳои обӣ мехоҳанд саҳмгузор бошанд. Намояндагии занон дар ташкилотҳои гуногун, донишу иштироки онҳо дар раванди қабули қарорҳо барои таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва санитария, таъмини Рушди Устувор муҳим аст. Барои идоракунии самараноки захираҳои обӣ зарур аст, ки малака, дониш ва саҳми занон дар ин самт ба инобат гирифта шаванд ва ба таври кофӣ арзёбӣ гарданд”.
Иштирокдорони Форум нақши муҳими илм, технологияи инноватсионӣ барои васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон дар ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба обро қайд намуданд.
Нисрин Ал-Ҳошим асосгузор ва президенти ассосиатсияи байналмилалии “Занон дар илм”, қайд намуд, ки муҳимияти ҳаракаткунии фикрронии нав дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба механизмҳои инноватсионӣ дар барномаҳои Рушди Устувор ва Нақшаи амали “Ҳамаи проблемаҳо, ки баъзе аз давлатҳои ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ ҳастанд, гулгушукуфоӣ ва иқтисодиёт, эҷодиёт, табодул, ҳаққоният ва имконият ҳалли худро меёбанд, агар мо муташаккилона технологияи навтарини инноватсионӣ, малака, илм ва усулҳои илмиро дар амал татбиқ карда тавонем. Имрӯз проблемаҳои ҷойдоштаи ҷомеаро муҳокима менамоем ва баъдан чораҳои мушаххас, амалҳо, сиёсат ва барномаҳоро барои ҳалли ин мушкилиҳо қабул мекунем, вале муҳим аз ҳама бояд диққати махсус ба нақш ва саҳми занон дар илм барои иҷрои стратегияҳои глобалӣ ва муваффақияти Рушди Устувор то соли 2030 ва минбаъда равона созем.
Инчунин зикр гардид, ки дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва санитария барои ҳаёт ва эҳтироми тамоми ҳуқуқҳои инсон муҳим аст. Онҳо барои занон ва духтароне, ки аксаран истифодабарандагони асосӣ, таъминкунандагон ва паҳнкунандагони об дар оила мебошанд, бисёр муҳиманд. Бо вуҷуди ин, дар бештари кишварҳои ҷаҳон, коҳиши захираҳои обӣ сифати зиндагии занону бонувонро паст месозад. Дар маҷмуъ, 80%-и хонаводаҳо, ки аз норасоии об танқисӣ мекашанд, занон ва духтарон барои обтаъминкунӣ масъуланд. Занон одатан дар минтақаҳои дурдаст вақти зиёди худро ба обтаъминкунӣ сарфа мекунанд, ба ҷои он ки онҳо ба фаъолияти даромаднок ва духтарон дар мактаб ба донишандӯзӣ машғул шаванд.
Д. Сафаров