«Тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об, дар назди мо вазифаҳои нави масъулиро мегузорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад. Ин дар навбати худ боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад. Шиддати рақобат ба дастрасӣ ва захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об, метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайёмадҳои манфиро ба бор орад, - иброз дошт Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин, зимни баромади Пешвои миллат гуфта шуд, ки маҳз ҳамин ду омил - тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ, чаҳорчуба ва имкониятро барои иқдомоти пешгирифта муайян хоҳад кард. Дар баробари ин, омилҳои як силсила масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо менамояд.
«Мо ният дорем, дар ҳар ду сол Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи амалиётро доир намоем. Дар ин самт мо ҳамкориамонро бо кишвару созмонҳои манфиатдор дар чаҳорчӯбаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда идома хоҳем дод. Ҳамчунин, ният дорем, корро дар ин ҷода тавассути дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази байналмилалии мусоидат ва татбиқи даҳсола тақвият бахшем,- гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рафти Конфронс вобаста ба масъалаи талаботи бузурги соҳаи об ба маблағгузорӣ ҷиҳати амалигардонии лоиҳаву барномаҳои ин соҳа махсус таъкид гардид. Аз аъзои иттифоқҳои Бонки Ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба хотири талаботи ҳамасолаи молиявӣ барои иҷрои танҳо ду вазифаи ҳадафи 6-и Рушди устувор, яъне, дастрасии умум ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт, маблағгузории он то ба 114 млрд доллари амрикоӣ бирасад. Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар таъкид намуд, ки ба хотири боло бурдани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии мавҷуда ва пайдо намудани манбаъҳои нави маблағгузории соҳаҳое, ки ба захираҳои об алоқамандӣ доранд, саъйю кӯшиши хешро равона хоҳанд кард.
Бунафшаи Абдураҳим