Гулпарварону масъулони корхонаи мазкур иброз медоранд, ки соли ҷорӣ онҳо бо дастгирии идораву ташкилотҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Бохтар гулу гулбутаҳои ороишӣ зиёд шинонида буданд. Аммо дар парвариши гул ва сарсабзу зебо нигоҳ доштани гулгаштҳои шаҳр мушкилиҳои зиёд пеш омадааст.
- Солҳои пеш гулу гулбутаҳои ороишии шафати роҳҳои дохили шаҳрро бо мошини обпошӣ обёрӣ мешуду гулпарварон ба тозагии кӯчаву хиёбонҳо машғул буданд. Бо ин тарзи обпошие, ки шумо мебинед, гулу сабзаҳо хазон мегарданду ҳам намуди зоҳирию ҳолати санитарии роҳравҳо табоҳ хоҳанд гашт, - изҳор доштанд ниҳолпарвароне, ки бо сатил ба гулҳои роҳрави Кӯчаи Ваҳдат об мепошиданд.
Аз суҳбат бо Силсиламоҳ, роҳбари Корхонаи давлатии фаръии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳри Бохтар, иттилое дар мавриди вазъи соҳа ва рафти нигоҳубини гулгаштҳои ҳудуди шаҳр пайдо карда натавонистем. Мавсуф иқрор омад, ки мутахассиси ин соҳа нест ва барои посух гирифтан суолҳои хеш бояд ба сараграноми корхонаи мазкур Сайидпочо Ҷононова муроҷиат намоем.
- Орзуи ба шаҳри гулҳо табдил додани маркази вилоят маро ба ин корхона овард, вагарна бо фарзандон аз парваришу тиҷорати гул фоидаи кофӣ ба даст меовардем,- қисса оғз намуд Сайдпочо Ҷононова ва идома дод: - Замони роҳбарии Амирулло Асаддуло, мо, кормандон ҳар моҳ музди маошамонро саривақт мегирифтем. Он давра тамоми қитъаҳои гулкоридаи кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро бо техникаи замонавӣ обёрӣ менамуданд. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки раиси кунунии шаҳри Бохтар ба заҳмати гулпарварон ва ободию сарсабзии шаҳр таваҷҷуҳи камтаре зоҳир мекунад.
Ба гуфтаи С. Ҷононова аз камбуди таҷҳизоти техникӣ мошинҳои обпошӣ ба кор баромада наметавонанд, коргарон аз ночорӣ гулгашту қитъаҳоро дастӣ, яъне бо сатил об медиҳанд.
Тибқи иттилое, ки рӯи даст дорем, аз 130 нафар кормандон дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар ҳамагӣ 70 нафар, ки 30 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд, боқӣ мондаанду халос.
- Агар масъулон аз рӯи инсоф кор мекарданд, ман шаҳри азизамро мисли саҳни ҳавлии хонаам ба гулзор табдил медодам. Дар асоси шартнома идораву ташкилотҳои шаҳри Бохтар аз хонаву заминҳои гулпарварии мо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ гулу гулбутаҳои ороишӣ бурдаанд, аммо бо сабабҳои гуногун пардохти ин маблағҳо ба таъхир афтодааст, - бо таассуф иброз медорад Сайидпочои гулпарвар.
Ӯ аз соли 2014 инҷониб ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба парваришу фурӯши гулу гулбутаҳои ороишӣ машғул аст. Айни замон дар се қитъаи алоҳида дар масоҳати беш аз ним га парвариши 50 навъ гулҳои ороиширо ба роҳ мондааст. Дар қитъаҳои гулпарварии наздиҳавлигии худ 20 нафар духтарони деҳотро ба кори доимӣ ҷалб кардааст. Ба ҷуз шаҳри Бохтар инчунин баъзе идораву ташкилот ва шахсони алоҳидаи шаҳру навоҳии Шаҳритус, Н. Хусрав ва шаҳри Норакро бо гулҳои ороишӣ таъмин менамояд.
Ин гулпарвари номӣ, бо итминони комил изҳор медорад, ки аз уҳдаи парваришу нигоҳубини то 2 миллион гулу гулбутаҳои ороишӣ баромада метавонад, ба шарте мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мисли солҳои пешин ӯро дастгирӣ намоянд.
- Ягона чизе, ки то ҳол маро дар ин пеша нигоҳ медорад, меҳру муҳаббат ба гулгаштҳои парвардаи худ ва шавқу рағбати бепоёнам ба гулпарварӣ мебошад. Вагарна, бо ин муносибати хунукназаронаву беаҳамиятии масъулони шаҳр ба рушду эҳёи соҳаи гулпарварӣ, дигар хоҳиши кору фаъолият дар корхонаи мазкурро надорам, - мегӯяд Сайидпочо.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ш. Бохтар