Миралӣ Салимов, Раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур иброз дошт, ки баргузории маҳфилҳои адабӣ дар рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон дар густариши робитаҳои фарҳангии сокинону гӯшаҳои гуногуни кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди саёҳати дохилӣ нақши ниҳоят муҳим дорад.
- Тӯли 16 соати ҳаракати Корвони фарҳангии ВМКБ ба вилояти зебоманзари Хатлон мо эҳсоси хастагӣ накардаем, зеро бештари ҳайати мо, ҷавонон мебошанд, ки бори нахуст ба ин диёри зебоманзари Ватанамон омадаанд. Ба роҳ мондани рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Хатлон аз ғамхориҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо, сокинони минтақаҳои баландкуҳи кишвар мебошад. Сипосгузорем, ки бо шарофати ин рӯзҳои фарҳангӣ дар баробари сайру тамошо ва бардошти таассуроти фаромӯшнопазир ҳар нафари мо аз таҷрибаи кору рӯзгори мардуми шарифи Хатлон баҳраманд мегардем, - мегӯяд Савригул Сафарова, корманди Ҷамоати деҳоти «Пошнев»-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ.
Давлатмоҳ Паншанбиева, соҳибкорзанони муваффақест, ки дастранҷи ҳунармандони ноҳияи Шуғнонро ба бозорҳои ин вилоят мебарорад, шомили ин корвон асту хушбахтиашро ҳадду ҳисобе нест:
– Дар Корвони Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Хатлон сокинони касбу кори гуногуни ин вилояти баландкӯҳи кишвар шомиланд. Аз рӯзҳои нахустини ин сафар аллакай чанд андешаву тарҳҳои гуногун дар зеҳнам пайдо шуда истодаанд ва итминони комил дорам, ки дар ин сафар ягон шакли ҳамкориҳоро бо ҳамтоёни хатлонӣ ба роҳ мемонем, - бо қаноатмандӣ мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Дар ҳамин ҳол, Париноз Азизова, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар шаҳри Хоруғ, иброз медорад, ки гардиши молу маҳсулот ва равобити фарҳангии миёни вилоятҳои Хатлону ВМКБ таърихи беш аз ҳазорсолаҳоро дорад.
- Меҳру муҳаббати инсонҳо нисбат ба якдигар ба мисли нур дар чашм аст ва мо сокинони гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз ҳар чӣ бештар бояд бо ҳам рафтуомад дошта бошем. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдомҳо дар самти таҳкими равобит миёни сокинони гӯшаву канорҳои дурдасти кишвар, ба хусус барои ҷавонон аҳамияти зиёд дорад. Аллаккай, аз рӯзи аввали боздид аз мавзеҳои гуногуни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамсафарони ҷавони мо аз имкониятҳои мавҷудаи сарзамини шодоби Хатлон бобати беҳбудии зиндагии мардум ва рушду пешрафти кишвар ҳарф мезананд,- ҳароратангез ибрози андеша дошт П. Азизова.
Ба иттилои Анзурат Абусаломзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар доираи рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Хатлон меҳмонон ба фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва рафти кишту кори хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардиданд. Ҳамчунин, ба истиқболи меҳмонон дар ин ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барпо гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар вилояти Хатлон беш аз 1800 нафар сокинони қишрҳои гуногуни ВМКБ аз мавзеҳои тамошобобу кору фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин, санаи 13-уми майи соли 2018 дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумии ду вилоят доир шуд. Бегоҳии он рӯз дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» пешкаши меҳмонону дигар тамошобинон гардонида шуд.
Ҷамолиддини Сайфиддин