Маҷаллаи «Имеешь Право»-и Россия рӯйхати 10 корхонаи тавлидоти бозичаҳоро, ки аз ташхиси беҳдоштӣ гузашта бошанд ҳам, маҳсулоташон ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд, нашр намуд. Аз маҳсулоти ин корхонаҳо эҳтиёт шавед:
The Expo Group of Companies (Чин).
Timex Line (Чин).
Chenghai Guanhwa Import and Export Co, Ltd (Чин).
Toys Ltd (Чин).
TM Toys (Чин).
ООО «Торговая компания «Симба»» (Москва).
ООО «Алиса» (Любертси).
«Грат-вест» (Москва, бозори «Лужники»).
ООО «Мир детства» (Москва).
ООО «Одиссей» (Москва).
Вале, мутаассифона, аксари волидон нисбат ба зарари бозичаҳои пастсифати арзон маълумоти кам доранд. Ҳангоми дар бадани кӯдак пайдо шудани ҳассосият (аллергия), дарунравӣ ё дигар намуди беморӣ духтурҳо аксар вақт як суоли маъмулӣ доранд: «ЧӢ ХӮРДА БУД?».
Зарари бозичаҳо
Духтури бемориҳои кӯдакона Нориҷон Мӯъминова мегӯяд: «Дар таркиби бозичаҳо миқдори кислотаҳои зарарнок зиёд бошад, кӯдак баъди 2–3 моҳ пайваста ба ин гуна бозичаҳо бозӣ кардан, ба бемории дил, ҷигар, меъда, дарунравӣ, ҳассосият гирифтор мешавад.Ҳаҷми бозича бояд хурд набошад, вагарна кӯдак метавонад онро фурӯ барад. Бозичаро бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бихарем. Волидон қабл аз харид аз фурӯшанда сертификати онро пурсанд. Беҳтар аст, ки волидон бозичаро аз мағозаҳои бозичафурӯшӣ харид намоянд, агарчи гарон аст, вале сифати баланд дораду барои саломатӣ безарар. Агар бозичаҳои пастсифат харидор наёбанд, оҳиста - оҳиста аз бозорҳо дур мешаванд».
«Тоҷикстандарт» чӣ мегӯяд?
-Нозирони агентии «Тоҷикстандарт» дар семоҳаи соли 2018 дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронда, ба миқдори 13 000 дона бозичаҳоеро, ки тариқи қочоқ ба кишвар ворид шуда буданд, ошкор намуда, муомилоташонро боздоштанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» ва, ҳамчунин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии бозичаҳо» қабул шудаанд, вале, мутаассифона, қисми зиёди бозичаҳо аз Ҷумҳурии Халқии Чин ба таври қочоқ ба кишвар ворид мешаванд. Дар боздошти маҳсулоти зарарнок «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута ва ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият медиҳад.
Талаботи бехатарии бозичаҳо:
-Бозичаҳои бачагона бояд шиноснома дошта бошанд;
-Рангҳояшон бояд устувор бошанд;
-Мустаҳкаму сифатнок ба назар расанд;
-Сертификати мутобиқат дошта бошанд;
-Тамға ва ҳуҷҷати техникӣ бояд бо забони давлатӣ ё русӣ дар дохили борҷомаи бозичаҳо ҷой дода шаванд, - иброз дошт Соро Ризоева, – мудири бахши маркази ташхиси агентии «Тоҷикстандарт».
Чаро бозичаҳои истеҳсоли Чин дар бозорҳо гардиши хуб доранд? Оё харидорон аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати сифатро талаб мекунанд?
Нархҳо…
Маҳина Саидова, сокини ш.Душанбе: «Ман се писар дорам, имконияти харид аз мағозаҳои бозичафурӯшӣ маро нест, зеро нархҳо гаронанд. Ба нархи як мошинчаи мағоза, ман барои ҳар се писарам яктоӣ мошинча аз бозори Корвон мехарам. Мехоҳам хостаҳояшонро бароварда бошам ва дунёи кӯдакияшон рангину хотирмон шавад. Иқрор меоям, ки ягон бор аз фурӯшандагон сертификат напурсидаам».
Фирӯз Наимов, фурӯшандаи бозичаҳо дар бозори Корвон: «Чанд сол аст, ки ман ба ин кор машғулам, ягон бор ягон харидор аз ман сертификати бозичаҳоро напурсидааст, дар ҳоле ки мо дорем.Бозичаҳои мо аксарияташ аз Чин аст. Ҳоло аз Ӯзбекистон низ ворид кардан дорем. Назорат дар самти сифат сахт аст, молҳои номутобиқ ба стандартро иҷозати фурӯш намедиҳанд. Аксари волидоне, ки бозича мехаранд, ба синну соли кӯдак таваҷҷуҳ намекунанд. Вақте мепурсам, ки барои кӯдаки чандсола бозича мехаред, «ҳамааш бозича, чӣ фарқ дорад», -мегӯянд. Як модар барои кӯдаки 7-моҳааш мошинчаеро интихоб кард, ки барои аз 3 сола боло тавсия шудааст. Инро волидон аз мо дида хубтар бояд донанд. Ҳастанд бозичаҳое, ки сифати аъло доранду нархашон гаронтар аст ё ҳаҷмаш хурд, дар ҳоле ки харидорон мехоҳанд, ки ҳаҷми бозича калону нархаш арзон бошад».
Пӯшида нест, ки бозичаҳои зиштрӯю ваҳмангез дар бозору мағозаҳои марбута муштариёни зиёдеро пайдо кардаанд. Чаро аксарияти кӯдакон онҳоро интихоб мекунанд? Оё онҳо ба ҷиҳати равонии кӯдак таъсири бад намерасонанд?
Равоншинос
Равоншиноси кӯдакона Умед Ҳамидов чунин андеша дорад:
-Шуури кӯдак ниёзманди ташаккул аст.Онҳо тавассути бозӣ дунёро дарк месозанд, бозичаҳо василаеанд, ки кӯдаконро ба олами воқеӣ омода мекунанд. Масалан, бо ҳавопаймо, қатора бозӣ карда, дар бораи он маълумот ба даст меоранд.Волидон аксаран бозичаҳоеро мехаранд, ки аз хусусияти мусбат бархӯрдоранд. Дар ин бора ба кӯдак нақл мекунанд. Ҳангоме ки интихобро ба кӯдак мегузорем, онҳо, албатта, ҷониби бозичаҳои барояшон ноошно майл мекунанд, то бидонанд, ки ин чӣ аст ва чӣ хусусият дорад? Бозичаҳои хусусияташон манфиро низ бояд бихарем. Бозичаҳои дар шакли ҳайвонҳою хазандагон сохташуда низ фоиданоканд, агар мо бозичаи моршакл бихарем ва дар бораи мор ба кӯдак маълумот диҳем, ӯ дарвоқеъ морро бинад, чӣ кор карданашро медонад. Мо бояд кӯдакро маҳдуд насозем, вобаста ба синну сол барояш бозичаҳо, филмҳои тасвирӣ биёрем ва ҳамроҳаш тамошо кунем, то ӯ хулосаи нодуруст набарорад. Дар бораи далерию матонати қаҳрамон, ранҷҳое, ки барои ба мақсад расиданаш мекашад, фаҳмонем, ки зиндагӣ чунин аст, бояд мубориз бошӣ.Волидон бояд донанд, ки дар баробари бозӣ кардан бо бозичаҳо, кӯдак аз онҳо бояд чизеро омӯзад.
Маслиҳати мутахассис
-Бозичаҳо бояд ба кӯдак осебрасон набошанд, яъне нӯгҳои тез дар ин ашё иҷозат нест. Асосан бозичаҳои фулузин ва пластмассӣ истифода бурда шаванд. Вазни бозичаҳо бояд ба қувваи кӯдак мувофиқ ояд, яъне барои кӯдакони томактабӣ 400 г ва барои кӯдакони хурди мактабӣ 800г маслиҳат дода мешавад. Садои бозича бояд аз 65 детсибел зиёд набошад.
Дар муассисаҳои кӯдакона бозичаҳои фулузину чӯбин истифода мешаванд.Бозичаҳои мулоим ва мусиқидор дар боғча мамнӯъ аст. Бозичаҳоро аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар додан низ иҷозат нест. Шустушӯю безараргардонӣ дар кӯдакистонҳо 2 маротиба бо истифодаи оби гарм (то 50 дараҷа) ва собун ба иҷро расонида мешавад.
-Дар семоҳаи соли ҷорӣ 1209 дона бозичае, ки ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуд, аз муомилот боздошта шуд. 71 нафар фурӯшандаро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд ва маблағи ҷарима 18 250 сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардид, - гуфт Мурод Меликов, мудири шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва гигиенаи кӯдакону наврасони Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ин масъала соҳибкорони ватанӣ канораҷӯӣ накунанду барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли бозичаҳои безарари кӯдакона дар кишвар камар банданд. Умед аст, ки даромади хуб ҳам ба даст меоранд, зеро барои ояндаи насли мо касе ҷуз худи мо хушбин нест!
Фарзона ВОСЕЕВА