- Пеш аз ҳама, миннатдорам, ки ба суроғи ман омадед. Мани кампирро, ки суроғ кардед, ҳатман Худованд шуморо суроғ мекунад. Бисёр таърифам кардед, духтарҷон. Овони чобукии бибиат кайҳо пушти сар монда. Дар ҷавонӣ хеле серҳаракат будам, акнун пир шудаам, дигар қуввату мадори пешина нест.
- Пайвандонатон мисли Шумо дарозумр буданд?
- Ҳамагӣ як апа доштам, ки исми раҳматӣ Раҷабгул буд ва ӯ ҳам барвақт аз олам гузашт. Падарамро мардум «Усто Сафаралӣ» мегуфтанд, модарам Тағойгул ном дошт. Хеле зани меҳнаткаш буд. Солҳои ҷавонии ман ба давраи босмачигарӣ рост омад. Ҳамон солҳо ранҷу азоби бисёр кашидем. Баъдтар колхоз ташкил шуду колхозчӣ шудем. Ҳамин тариқ, умрамонро ба кори колхоз бахшидем ва худро хеле хушбахт меҳисобидем ва фикр мекардем, ки зиндагӣ ҳамин аст, вале…
- Вале, зиндагӣ дар куҷо будааст?
- Зиндагӣ дар давраи Истиқлолият будааст, зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон…
- Гуфтед, ки солҳои вазнинро аз сар гузарондаам. Мегуфтед, ки Шумо ва ҳамсолонатон дар мактаб хондаед?
- Ростӣ, дар ҳамон солу замон оилаҳое буданд, ки фарзандонашонро ба хондан медоданд, вале баъзе падароне буданд, ба мисли қиблагоҳи ман, ки намегузоштанд духтаронашон таҳсил намоянд. Аз ин рӯ, ҳатто як рӯз мактаб нахондаам. Ба 103 даромадаму фақат номи худамро навиштаю даст (имзо) монда метавонаму бас.
- Аз нақли пиронсолон хабар дорем, дар замонҳои пеш одамон аз гуруснагӣ ба ҳар хел дардҳои бедаво гирифтор шуда, мефавтиданд. Ин суханҳо то куҷо ҳақиқат доранд?
- Дар тӯли умри якасраам се гуруснагиро озмудаам. Аввал дар замони босмачигӣ қаҳтӣ омада, маргу мир бисёр шуд. Бештар кӯдакони хурдсолу занҳо аз гуруснагӣ мегузаштанд. Гуруснагии дуюм дар давраи ҷанги гитлерӣ ва сеюмӣ бошад, баъди ҳамон ҷанги хонумонсӯз омад. Ҷанги зормонда пайванди маро нобуд кард. Додарҳоям, се акаам, тағоҳоям, се амакамро дар ҷанг куштанд. Он солҳо бемории вабо мегуфтанд, зуд-зуд паҳн шуда, одамони зиёд талаф меёфтанд. Айни ҳол, шукронаи сулҳу амонӣ, ки ин қадар пешравиҳо дар самти илму маориф ва тандурустӣ ба назар мерасанд, ки боиси ифтихор аст.
-Бо вуҷуди аз сар гузарондани ҳаёти сангину гуруснагиҳои зиёд, умри дарози бобаракатеро пушти сар кардед. Сирри дарозумриатонро мегуфтед.
- Талабгорони ман аз мӯйи сарам бисёр ҳам ки буданд, лекин падарам ҳамаи хостгорҳоро ноумед гусел мекард. Замона бисёр ноором буд. Падарам метарсид, ки духтарашро ба шавҳар медиҳаду домодашро мекушанд. Барои ҳамин «духтарбонӣ аз бевабонӣ беҳтар аст» гуфта, ризоят ба арӯсии ман намедод. Баъд ҷанг сар шуду падарам сари калобаашро тамоман гум кард. Метарсид, ки маро ба ҷанг набаранд…
-Магар духтарону занонро ҳам ба корзор сафарбар мекарданд?
- Занҳои шавҳардорро нею баъзе духтарҳоро мебурданд. Аксарияти падару модарон ба хотири он ки духтарҳояшонро ба ҷанг набаранд, ба ҳар каси пешомада онҳоро хонадор менамуданд. Дигар фарқ надошт, ки он мард чандсола аст, пир асту кӯр, касе, ки пеш омад, хуш омад.
- Дар ин замона низ далели камбуди ҷиҳоз баъзан ба вайроншавии кори хайр боис мегардад. Ҷашни арӯсии Шумо чӣ гуна сурат гирифта буд?
- Дар он солҳо баъзе одамони ангуштшумор тӯю сур меоростанд. Шахсан ман на тӯйро дидаму на маъракаю тамошоро, танҳо никоҳи мусулмонӣ карданду маро бе таблаку доира ба хонаи шавҳарам оварданд.
- Шавҳаратон чӣ гуна мард буданд? Аз уҳдаи нигоҳубини оила мебаромаданд?
- Ягон бандаи Худо бе камбудӣ нест, духтарам. Зиндагӣ бе ҷангу ҷанҷол намешавад. Раҳматии шавҳари ман ҳам чандон одами бад набуданд, вале мешуд ҳолатҳое, ки гапи сахт мегуфтанд, лекин дар умрам ягон бор қаҳр карда ба хонаи падарам нарафтаам. Моро аз азал чунин тарбият дода буданд, ки зан бояд сабур бошад ва ба ҳама пастию баландиҳои ҳаёт тоқат кунад.
- Чанд фарзанд доред ва муносибати хушдоманатон чӣ гуна буд?
- Шаш фарзанд ба дунё овардам, ки се нафараш дур шуду сеи дигараш зиндаву саломат. Ман хушдоман надоштам, барои ҳамин дар ҳама кор аз ҳамсоязанҳо маслиҳат мепурсидем. Баъди марги падари бачаҳо ман ба ин деҳа омадам.
- Дар солҳои ҷангу гуруснагӣ, ки се маротиба дар тӯли ҳаётатон аз сар гузаронидед, ягон бор гуреза нашудаед?
-Албатта, гуреза шудам. Ҳамон солҳои бесарусомонӣ ҷонамонро гирифта, ба Қалъаи Ҳисор гурехтем. Дар хона 100 буз, 6 асп ва гову гӯсфандони зиёде доштем. Вақте ки баргаштем, чизе намонда буд. Ҳамаашро дуздиданд. Чор девори қоқ буду халос. Дасти одамизод гул аст, духтарам, оҳиста-оҳиста ҳамаашро дубора барқарор карда, боз қоматамонро рост намудем. Ман дар доди 40- солагӣ бешавҳар монда бошам ҳам, ягон вақт пеши касе бо умеди ёрӣ гардан хам накардаам. Умри ҷавонамро ба парвариши чорво бахшида, бо меҳнати ҳалол фарзандонамро ба камол расондам. Шукри Худо, ки замона ором ва ҳама ҷо серию пурӣ шуд…
- Бибиҷон, чанд набераю абера доред?
-Ду писарам мондааст, 14 набераю 7 абера дорам, агар ба пои ягон нафарашон хоре халад, дилам ба сӯзиш меояд.
- Дар охир як дуо аз Шумо барои мо?
- Худо ба шумо ҳам мисли ман умри дарози бобаракат ва бахту иқболи баланд диҳад. Илоҳо зиндагиатон гулистон шавад ва ҳеҷ гоҳ дасти каму рӯи ғамро набинед! Тоҷикистони азизи мо доимо шукуфо бошаду сояи Сарвари бузурги давлати мо фарои сари миллати тоҷик ҷовидон бошад!
Суҳбати Беназир ДАВЛАТОВА,
ноҳияи Рӯдакӣ